Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тарафдоронаш мегӯянд, Гулмурод Ҳалимов кушта не, захмӣ шудааст


Акс аз нашрияи “Arabi-Press”-и Лубнон

Акс аз нашрияи “Arabi-Press”-и Лубнон

Бино бар аксе, ки дар расонаҳои хабарӣ нашр шудааст, Гулмурод Ҳалимов -- фармондеҳи собиқи ОМОН-и Тоҷикистон дар ҳамлаи нерӯҳои давлатии Сурия захмӣ шудааст.

Дар ҳоле ки расонаҳои ахбори ом бар пояи хабари сомонаи "Arabi-Press"-и Лубнон аз ҳалокати Гулмурод Ҳалимов, дар Сурия гузориш додаанд, тарафдорони ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксеро нашр намуданд, ки захмӣ шудани сардори собиқи ОМОН-и Тоҷикистонро нишон медиҳад. Дар ин акс дида мешавад, ки Ҳалимов аз пой ва сараш ҷароҳат бардоштааст.

Бо паҳн шудани хабари марги Ҳалимов Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфта, дар ин бора иттилои дақиқ надорад ва иттилои расидаро таҳқиқ мекунад. Торнамои "Арабӣ-Пресс" рӯзи 22 июн бо такя ба манобеи худ навишт, дар пайи ҳамлаи мушакии нерӯҳои давлатии Сурия бархе аз раҳбарони “Давлати исломӣ”, аз ҷумла Ҳалимов шоми ҷумъаи гузашта (19 июн) дар минтақаи Дайр аз-Зури шаҳри Муҳассан кушта шуда, фармондеҳи дигари ин гурӯҳ Абу Умар Шешонӣ ё Чеченистонӣ захмӣ гаштааст.

Ба қавли ин расона, ҳамла замоне сурат гирифтааст, ки Ҳалимову Шешонӣ ва дигар аз раҳбарони хориҷии ДОИШ дар як хона нақшаи амалиёти муҳими ҷангӣ ба фурудгоҳи низомии Дайр аз-Зурро мекашидаанд. “Араби Пресс” мегӯяд, “онҳо дар яке аз хонаҳо дар наздикии масҷид ҷамъ омада, интизори расидани корвони бузурги техникаи ҳарбӣ аз Ироқ буданд. Аммо соати 11-и шаб дар пайи зарбаи мушакӣ биное, ки он ҷо ҷаласа ҷараён дошт, хароб шуд”.

Ба иддаои ин манбаъ, дар пайи ин ҳамла Гулмурод Ҳалимов ба ҳалокат расида, Абу Умари Шешонӣ сахт маҷрӯҳ шудааст. Яке аз манбаъҳои “Араби Пресс” гуфтааст, яке аз раҳбарони ДОИШ тавассути телефон ба мақоми дигараш хабари марги Гулмурод Ҳалимов ва маҷрӯҳ шудани Абуумар Шешониро низ расондааст. Ба иттилои ин нашрия, рӯзи шанбеи 20 июн ҷасади Ҳалимов ба сӯи Ироқ ва ҷасади захмии Шешонӣ ба тарафи Раққаи Сурия, ки аз пойгоҳҳои муҳими гурӯҳи "Давлати исломӣ" мебошад, бурда шудаанд.

То куҷо дақиқ будани ин хабари сомонаи лубнонӣ маълум нест, вале телевизиони давлатии Сурия низ шаби ҷумъа бо нашри як хабари оҷил аз ҳамлаи нерӯҳои он кишвар ба корвони иборат аз 15 мошин ва дигар таҷҳизоти ҷангии гурӯҳи "Давлати исломӣ" ва, ҳамин тавр, нобуд кардани он дар ин минтақа, хабар дод. Хабаргузории расмии Сурия низ чунин хабарро нашр кард, вале дар он ишорае ба кушта шудани Ҳалимов ва маҷруҳ гаштани Шешонӣ нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ҳалокати Гулмурод Ҳалимов дар Сурия изҳори бехабарӣ карда ва гуфтанд, то ҳоло дар ин бора иттилоъ дастрас накардаанд. Як манбаъ аз Шӯрои амнияти Тоҷикистон низ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки то кунун аз кушта шудани полковник Гулмурод Ҳалимов хабар надоранд.

Полковник Гулмурод Ҳалимов рӯзи 27 май, баъди як моҳи бе ному нишон шуданаш, бо нашри видео эълон кард, ки ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайвастааст ва ҳушдор дод, ки бо "ҷиҳод" ба Тоҷикистон бармегардад. Дар ин навори тақрибан 13-дақиқаӣ фармондеҳи пешини ОМОН мегӯяд, бо норозигӣ аз шеваи кори Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар робита бо намоз ва либоси исломӣ ва, инчунин, тамринҳои ҳарбияш дар Русия ва Иёлоти Муттаҳида ба ин роҳ рафтааст. Ба гуфтаи ӯ, яке аз ин машқҳояш дар иёлати Луизиана баргузор шудааст ва Вазорати корҳои хориҷаи Амрико низ иддаои Ҳалимовро таъйид намуд.

Гулмурод Ҳалимов соли 1975 дар деҳаи Дарафонии ноҳияи Варзоб ба дунё омада, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба Горди президентӣ пайвастааст ва пас аз таҳсил дар Академияи олии ВКД-и Тоҷикистон ва давраҳои омӯзишӣ дар Русия ва Амрико аз сержанти хурд то полковник ва фармондеҳи Дастаи таъиноти махсус ё ОМОН-и назди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон расидааст. Ӯ дар амалиёти ҳарбии зидди гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Рашт ва Хоруғ ширкат карда, соҳиби чандин ҷоизаи давлатӣ гаштааст. Ҳамсар ва 8 фарзанд дорад.

Ҳоло барои таҳқиқи ҳамаҷонибаи шароити ғайб задани фармондеҳи собиқи ОМОН-и Тоҷикистон, полковник Гулмурод Ҳалимов ва пахши як видео бо изҳороти ӯ, ки мегӯяд, ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайвастааст, бо ҷалби мутахассисони Вазорати умури дохилӣ, Додситонии кулли Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ситоди махсус таъсис ёфтааст.

Сардори шӯъбаи равобити байнулмилалии Додситонии кулли Тоҷикистон Манучеҳр Маҳмудзода мегӯяд, ин пажӯҳиш на танҳо навореро, ки рӯзи 27 май нашр шуд, балки ҳамаи маълумоти дигари ба гурӯҳи террористӣ пайвастани Ҳалимовро дар бар хоҳад гирифт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG