Пайвандҳои дастрасӣ

"Ақиқа" - суннати қадима ё баҳонаи нави зиёфатхӯрӣ? (ВИДЕО)


Uzbekistan - sheep for sacrifice, 6 October 2014

Uzbekistan - sheep for sacrifice, 6 October 2014

Ақиқа, як маросими фаромӯшшудаи мазҳабӣ, ки ҳангоми 7-рӯза шудани навзод анҷом медиҳанд, дубора дар бархе аз хонаводаҳои Тоҷикистон роиҷ мешавад.

Дар Тоҷикистон маросими наве бо номи "ақиқа" ба истилоҳ муд мешавад.

Шарти ба ҷо овардани маросими ақиқа ин аст, ки ҳангоми таваллуди писар мард бояд ду гӯсфанд ва барои духтар як гӯсфандро сар бизанад. Кумитаи дин ва танзими расму оинҳо мегӯяд, дар қонуни танзими ҷашну маросимҳо маросими “ақиқа” дар ҳеҷ ҷое зикр нашудааст ва сокинон аз ин нозукӣ сӯистифода мекунанд.

Фахриддин Гулмадов, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки ба тозагӣ соҳиби духтар шудааст, дар доираи хурди хонаводагӣ маросими ақиқа анҷом дод. Ӯ бо забҳи як гӯсфанд дар хонавода мӯи сари навзодҳоро тарошид ва дар тарозу баркашид. Қоида ҳам ин будааст, ки баробар бо вазни мӯи навзод ба камбизоатон тилло ва ё пул хайр шавад. Ӯ мегӯяд, мӯи сари духтараш камтар аз як грамм вазн дошт ва азбаски 1 грамм тилло, тақрибан 100 сомонист, ӯ ҳам 100 сомонӣ ба ниёзманде садақа додааст.

Фахриддин афзуд: “Мо барои таваллуди ин духтарча интизории зиёд кашидем. Бо анҷоми маросими ақиқа як навъ таваллуди деринтизори ӯро ҷашн гирифтем. Одами зиёд ҳам даъват накардем. Фақат хешони наздикро даъват кардем ва сари як дастархон дар ҳақи духтарчаам дуо кардем. Ҳамин ҷо машварат шуд, ки ӯро Шукрия ном кунем.”

Ин ҷавон мегӯяд, то таваллуди духтарчааш дар бораи маросими ақиқа хеле кам шунида буд, аммо дӯстонаш ба ӯ анҷоми ин маросимро ёдовар шудаанд.

Кумитаи дини Тоҷикистон ин маросимро барои Тоҷикистон бегона медонад ва аз таваҷҷӯҳи мардум ба он нигаронӣ мекунад. Азизуллоҳи Файз, намояндаи Кумитаи дин мегӯяд, зимни қабули Қонун дар бораи танзими ҷашну маросимҳо, ақиқа миёни сокинон вуҷуд надошт ва аз ин рӯ, қонун дар бораи ин маросим чизе намегӯяд. Ӯ гуфт, сокинон аз ин сӯистифода бурда, аксаран ин маросимро берун аз доираи хонаводагӣ ҷашн мегиранд.

Ӯ мегӯяд: “1400 сол пеш ин маросим миёни мардуми араб, ки чорводор буданд, пайдо шуда буд. Ин на фарз аст, на суннат. Вале бубинед, мо хатнасӯр дорем, ҳарчанд, дар шариат нест. Лекин қонун хатнасурро дар назар гирифтааст, то бо ҳузури 60 нафар баргузор гардад. Бигузор ҳар хурсандие, ки мо дорем нисбат ба фарзанд, дар доираи хатнасӯр гузаронем ва зиёдаравӣ накунем. Ҳар коре, ки мекунем, бояд дар доираи қонун кунем. Аз харҷу сарфи беҳуда даст кашем, чунки ҳамаи гап аз имкониятҳо сар мешавад. Вақте мо нони хӯрдан надоштем, чунин гапҳо набуд. Ҳоло, ки каме серу пур шудаем, навоварӣ мекунем. Баъзе ходимони дин ба манфиати худ дар фалон китоб хондем гуфта, ҳар маросимро бофта мебароранд.”

Ба гуфтаи ин масъул, се сол пеш ба таври ангуштшумор ин маросимро баргузор мекарданд, вале ҳоло мисли як анъана, шумораи онҳое, ки бо тавалуди фарзанд “ақиқа” баргузор мекунанд, хеле зиёд шудааст.

Беҳрӯзи Сатторӣ, мутахассиси раёсати фатвои Шӯрои уламои Маркази исломӣ(муфтиёти собиқ)-и Тоҷикистон мегӯяд, дар асл ақиқа на фарз аст ва на суннат: “Ақиқа мустаҳаб аст ва касоне, ки соҳиби писар бошанд, бо тавоноӣ ду гӯсфанд ва дар духтар як гӯсфанд забҳ мекунанд. Мустаҳаб, яъне кори писандидаро мегӯянд. Ин як амри мустаҳаб аст ва агар касе инро анҷом надод, ҳеҷ гуноҳе намегирад. Ақиқаро аз қадимулайём дар сатҳи оилавӣ баргузор мекарданд. Дар рӯзи 7-уми пас аз таваллуд ё рӯзи 14 ва ё рӯзи 21-ум баргузор мекунанд. Агар касе ҳам баргузор накард, ҳеҷ гуноҳеро муртакиб намешавад. Масрафи ақиқа ба ниёзмандон дода мешавад. Аммо баргузор кардани ақиқа ҳатмӣ нест.”

​Ҳарчанд, ба ҷо овардани маросими “ақиқа” ҳатмӣ набошад ҳам, аммо бархе сокинон мегӯянд, аз ҷониби дӯстону пайвандон талқин мешаванд, то ҳатман онро анҷом диҳанд.

Наврӯз, як сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, вақте фарзандор шуд, миёни дӯстони ӯ ҳангоми фарзандор шудан “ақиқа” ба як баъзе дӯстони ӯ ин маросимро ба як маъракаи ҳатмӣ табдил дода ба масъалаи нангу номус марбут кардаанд.

Ӯ мегӯяд, се фарзанд дорад ва танҳо дар таваллуди охирин писараш ин маросимро бо тақозои дӯстон анҷом додааст: “Чор моҳ пеш писардор шудам. Дӯстонам ба ҳолам намонданд ва ҳар рӯз мегуфтанд, ки кай “ақиқа” мекунӣ. Гуфтам, ки дар дастам пул афтид, ба ягон камбағал хайр мекунам, аммо мақсади онҳо хӯрдани зиёфат буд. Агар накунӣ, мегӯянд, ки фарзандашро дӯст намедорад.”

Сокинони Тоҷикистон даҳҳо маросими мазҳабиеро ба ҷо меоранд, ки ба дунбол харҷи зиёд дорад. Соли 2009 парлумони Тоҷикистон Қонун дар бораи танзими ҷашну маросимҳоро қабул кард, то теъдоди чунин маросимҳоро коҳиш диҳад. Аммо ба назар мерасад, ки бо маҳдуд шудани баргузории бархе маросимҳо ҷои онҳоро маросимҳои нав ё фаромӯшшудае ба мисли ақиқа мегиранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG