Пайвандҳои дастрасӣ

Аёмбеков ва Муродов ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят мебаранд


Аризаи бозбинӣ шудани ҳукми додгоҳи маҳкумшудаҳо дар куштори генерал Абдулло Назаров то охири ҳафтаи ҷорӣ ба Додгоҳи олӣ таслим хоҳад шуд.

Файзи Олӣ, вакили дифои маҳкумшудаҳо Оқил Айёмбеков ва Ҳамза Муродов дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки рӯзи 11 март матни қарори додгоҳро дар робита бо ҳукми ин ду нафар дарёфт кард. Рӯзи 28 феврал Додгоҳи Олии Тоҷикистон ду сокини шаҳри Хоруғ – Оқил Айёмбеков ва Ҳамза Муродовро дар куштори сардори Раёсати Кумитаи амнияти миллӣ дар вилояти Бадахшон дар таърихи 21 июли соли 2012 гунаҳгор ва онҳоро ба мӯҳлати 17 ва 16 соли зиндон маҳкум кард. Мирзоалӣ Каримов, додраси Додгоҳи Олии Тоҷикистон, ки раҳбарии мурофиаи додгоҳиро ба ӯҳда дошт, дар сӯҳбат бо Озодӣ таъкид кард, ки қарори додгоҳи қотилони генерал Назаров "дар чорчӯби қонун" қабул шудааст. Ҳоло маҳкумшудагон дар боздоштгоҳи муваққати шаҳри Хоруғ нигоҳдорӣ мешаванд.


Аммо худи маҳкумшудаҳо, ки аз қарори додгоҳ норозӣ ҳастанд, мехоҳанд ки парвандаи онҳо дар додгоҳи таҷдиди назар бозбинӣ шавад. Ба иттилои Файзи Олӣ, маҳкумшуда Оқил Аёмбеков, ки дар кушори генерал Назаров бевосита даст доштааст, пофишорӣ дорад, ки ин куштор “на барқасдона”, балки “тасодуфӣ” содир шудааст.

  • Оқил Аёмбеков ҳанӯз дар маҳкамаи пешакӣ ду маротиба ва баъдан дар мурофиаи судӣ ба гуноҳаш иқрор шуда буд. Вай дар ҷараёни додгоҳ аз фарзанди марҳум Абдулло Назаров бахшиш пурсид. Вале бо ин вуҷуд, мо дар суд ҳам гуфтем, ки ин куштори барқасдона ё банақшагирифташуда, як амали авбошона ё аз ҷониби гурӯҳи мусаллаҳ анҷомшуда набуд. Аёмбеков гуфт, ки дар лаҳзаҳои хархаша ҳатто бо забони помирӣ гуфтааст, ки “бояд проблема накунем”, “ин шахс дӯсти оилавии мо аст”. Вале дар идомаи ҷанҷол зуд оташин шуд ва ӯро бо корди кисагиаш ҳамагӣ як бор ба қафаси синааш зад. Баъди ин зуд аз атрофиён ва ҳам ҳамроҳони Абдулло Назаров хост, ки ӯро ба беморхона баранд, то ки ҳаёти ӯро наҷоти диҳанд. Аз рӯи ҳамин амалу ҳаракатҳои ӯ, мо аз додгоҳ дархост кардем, ки Аёмбековро аз рӯи моддаи 110, яъне “расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ аз рӯи беэҳтиётӣ, ки ба марг расондааст” муҳокима кунанд, на аз рӯи моддаи 104, яъне “куштори бераҳмонаи барқасдона”.

Файзи Олӣ гуфт, Ҳамза Муродов, ки худро комилан бегуноҳ медонад, пофишорӣ дорад, ки ҷурмаш ҳадди ақал ҳамчун “хабар надодан” ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ талаққӣ шавад. Ба гуфтаи ӯ, Муродов аз августи соли гузашта дар боздошт ба сар мебарад ва вакилонаш мехоҳад, аз додгоҳи таҷдиди назар бознигарии ҳукм ва озод шудани ӯро дархост кунад. “Дар таҷрибаи судҳои Тоҷикистон кам мешавад, ки шахсро дар додгоҳ сафед ва аз толори додгоҳ ҷавоб диҳанд, барои ҳамин мо мехоҳем дархост кунем, ки дар қазияи ӯ як гузариши нарме шавад ва ӯро ниҳоят ҷавоб диҳанд”.

Наздикони ҳарду ҳамкумшуда низ умед доранд, ки додгоҳи таҷдиди назар як нармишеро дар қазияҳои ин ду нафар ворид хоҳад кард. Толиб Аёмбеков, бародари Оқил Аёмбеков гуфт, «аз оғоз тарафдори аз роҳи қонунӣ ҳал шудани масъала” будааст ва изҳори боварӣ кард, ки ҳоло низ ҳама даъвоҳо дар асоси қонун ҳал мегардад. “Адвокат ҳаст, вай кор мекунад», гуфт ӯ дар як сӯҳати мухтасари бидуни микрофон бо Озодӣ. Амаки Ҳамза Муродов, ки бо сабаби бемории падари Ҳамза аз номи ин хонавода сӯҳбат мекард, гуфт, бародарзодааш дар ҳодисаи куштор “ширкат накард ва дуртар истода буд”.

  • Суд инро ба инобат нагирифт. Вале мо умедворем, ки суди кассатсионӣ ин чизро ба эътибор мегирад. Илова ба ин, падари ӯ бистарӣ асту духтараш ҳам мариз аст ва умедворем, ки як чораи сабуктар нисбати Ҳамза Муродов дида мешавад. Вай ҷавон аст, то имрӯз аз тарафи вай ягон ҷиноят содир нашудааст ва умедворем, ки суди кассатсионӣ инро ба назар мегирад, - гуфт ӯ дар сӯҳбат бо Озодӣ аз шаҳри Хоруғ.

Мурофиаи додгоҳии ду муттаҳами куштори генерал Абдулло Назаров, сардори Раёсати Кумитаи амнияти миллӣ дар вилояти Бадахшон дар таърихи 19 феврали соли 2013 пушти дарҳои баста дар СИЗО ё боздоштгоҳи муваққати шаҳри Хоруғ шурӯъ ва рӯзи 28 феврал натиҷагӣ шуд. Куштори генерали баландпоя рӯзи 21 июли соли 2012 яке аз пурсарусадотарин рӯйдодҳо дар таърихи навини Тоҷикистон буд, ки ба дунболи он, рӯзи 24 июл нирӯҳои ҳукуматӣ дар маркази вилояти Бадахшон амалиёти вижаро шурӯъ карданд. То ҳол шумори воқеии қурбониҳои ин амалиёт, ки ду моҳ давом кард, гуфта намешавад. Вале ба бовари шоҳидон, дар ин муддат даҳҳо нафар аз миёни ҷангиён ва сокинони Хоруғ кушта шуданд. Мақомот ба бештар аз 700 хонавода ба маблағи беш аз 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ пардохт карданд.

Радиои Озодӣ

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG