Пайвандҳои дастрасӣ

Шабакаҳои иҷтимоӣ

905 000 $ - барои як компютери Apple-1


 Apple 1

Apple 1

Яке аз нахустин компютерҳои бо даст сохтаи асосгузорони ширкати Apple дар музоядае дар Ню-Йорк бо нархи 905 000 доллар ба фурӯш рафта, ҳатто фурӯшандаҳояшро дар ҳайрат гузошт.

Яке аз нусхаҳои ангуш тшумори боқимондаи Apple-1, нахустин компютери сохтаи ширкати Apple, дар як музояда дар Ню-Йорк бо нархи 905 000 доллар ба фурӯш рафтааст. Ин музояда рӯзи 22 октябр доир шуд ва нархе, ки ин компютер ба фурӯш рафт, ба маротиб болотар аз қимате буд, ки фурӯшандагонаш интизор доштанд. Ширкати музоядаҳои Bonhams гуфта буд, ки интизор дорад, аз фурӯши ин компютер чизе дар ҳудуди аз 300 000 то 500 000 доллар ба даст биорад.

Apple 1 аз ҷумлаи компютерҳоест, ки дар риштаи тавлиди компютерҳои хонагӣ (РС) дар вақташ инқилобе ба по карда буданд. Бовар меравад, ки компютери дирӯз ба фурӯш рафта яке аз 50 компютер аз нахустин партияи компютерҳои Apple-1 бошад, ки яке аз асосгузорони ширктаи имрӯз оламгири Apple Стив Возняк дар тобистони соли 1976 дар гаражи марбут ба хонаводаи асосгузори дигари ин ширкат Стив Ҷобс дар шаҳраки Лос-Алтоси аёлати Калифорнияи Амрико сохтааст.

Стив Возняк

Стив Возняк

Дар соли 1976 ин компютерҳо хуб ба фурӯш намерафтанд ва Apple-1 танҳо замоне вирди забонҳо ва бозоргир шуд, ки ширкати фурӯши маснуоти электронӣ Byte Shop барои фурӯш якбора 50 компютери Apple-1 фармоиш дод ва ҳар якеро 666,66 доллар нарх гузошт.

Баъди ин нахустин комёбиашон Стив Ҷобс ва Стив Возняк боз 150 компютери дигар сохта, ба дӯстони худ ва харидорони дигар ба фурӯш заданд.

Дар маҷмӯъ бовар меравад, ки аз он компютерҳои навъи Apple-1 то имрӯз чизе дар ҳудуди 50 ададаш боқӣ мондааст. Аммо маҳз ҳамин компютере, ки Стив Возняк бо даст дар гаражи хонаводаи Стив Ҷобс месохт, заминаи комёбиҳои беназир ва сармояи фавқулоддаи ширкати Apple-ро гузошт.

Apple Inc. дар ҳоли ҳозир бо беш аз 76 000 коргараш ва 170 милллиард доллар арзиши саҳмияҳояш дар даҳгонаи бузургтарин ширкатҳои дунё дар мақоми 6-ум қарор дорад. Бренди Apple дар дунёи муосир пурарзиштарин бренди тиҷорӣ шинохта шудааст ва бино ба гузориши имсолаи Best Global Brands аз ширкати Interbrand танҳо номи ин ширкат 118 миллиард доллар меистад.

Дар ин қариб 40 соле, ки аз таҳияи нахустин компютери Apple гузашт, маҳсулоти он низ таҳаввули фавқулоддаеро пушти сар кардааст ва ҳоло бо тамғаҳои бозоргире, чун iMac, алакай 6 насли iPhone ва 3 насли iPad пурхаридортарин ширкат ва “қонунгузори муд” дар бозори ҳам компютер ва ҳам телефонҳои мобили дунё боқӣ мемонад.

XS
SM
MD
LG