Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таассуф буд ё узрхоҳӣ? Туркия дар фикри оянда аст


Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ҳеҷ гоҳ узрхоҳӣ намекунад, чунки дар асл аз он қабил инсонҳо нест. Оё дубора дар канори Русия ва Исроил қарор мегирад? Ҳеҷ гоҳ.

Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ҳеҷ гоҳ узрхоҳӣ намекунад, чунки дар асл аз он қабил инсонҳо нест. Оё дубора дар канори Русия ва Исроил қарор мегирад? Ҳеҷ гоҳ. Эрдуғони раҳбари исломиҳо бо Исроил ҳамкор мешавад? Ҳаргиз. Тасаввур кардани ин ки Русияву Туркияи тарафдори ҷонибҳои мухолиф дар низоъҳои Сурия ҳам канори ҳам биистанд, воқеан ҳам душвор аст.

Рӯзи 27 июн хабаргузориҳои ҷаҳон ду хабари ногаҳониро пахш карданд: яке аз Исроил ва дигаре аз Русия буд. Туркия гуфт, ки баъди ҳафт соли ихтилофҳо омода аст равобиташро бо Исроил беҳбуд бахшад. Робитаҳо баъди он бад шуд, ки Исроил ба як киштии туркии дорои кӯмакҳои башарии равона ба Ғазза ҳамла кард. Дар робита бо Русия - Маскав аз нобуд шудани ҳавопаймои низомии Су-24-аш дар марзи Туркияву Сурия ҳафт моҳи пеш эътироз кард. Туркия аз Исроил тақозои пӯзиш кард ва ҳамингуна Русия ҳам аз Туркия хост, ки узрхоҳӣ кунад. Ҳама ҷонибҳо интизор буданд, ки чунин намешавад.

Вале ниҳоят чунин шуд ва дар ҳарду ҳолат ҳам кор дод. Ин ҳодисаҳо боиси мавҷи интиқодҳо дар сатҳи мухолифон ва матбуоти туркӣ шуд, ки ҳукумати Эрдуғонро саволборон карданд: Пас бо ин ҳама шиорҳо дар бораи “бародарӣ бо фаластиниҳо” ҳафт соли пеш чӣ шуд? Чаро баъди суқут додани ҳавопаймои русӣ гуфтед, ки бо Русия аз лаҳни шадид кор хоҳед гирифт? Чӣ шуд, ки танҳо баъди 7 моҳ аз Русия узрхоҳӣ мекунед? Саволи дигар ин буд, ки воқеан Эрдуғон аз ин ҳодиса “мутаассиф” аст ва ё “узр мехоҳад”? Дар мавҷи ин саволборонҳо, бояд эътироф кард, ки Эрдуғон - як марди суннатии турк ба ин андеша пойбанд аст, ки “гапи мард як аст”. Мунаққидон аз қавли як зарлулмасали туркӣ мегӯянд: “мард туфи кардаашро намелесад”.

Вале ба назар мерасад, ки ӯ воқеан ҳам бо тағйири мавқеаш ҳеҷ мушкиле надорад. Сабабаш ҳам маълум аст – эҳсосот бояд канор гузошта шавад. Ҳоло бигузорем, ки журналистону сиёсатмадорон ва мардум дар хиёбонҳо назари худро дошта бошанд. Ба эътимоди ман, бо назардошти ҳама паҳлӯҳои мусбату манфии масъала, бояд эътироф кард, ки ҳоло ҳама ҷонибҳо дар фикри беҳтар шудани вазъ ба хотири мардум ва кишварҳои худ ҳастанд – ба хотири сулҳ ва шукуфоии минтақа бояд муомила кунанду ихтилофро канор гузоранд.

Воқеият ин аст, ки ғайримунтазира Эрдуғон, нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу ва президент Путин собит карданд, ки сиёсатмадорони тағйирпазир ҳастанд. Ва ин ҳама танҳо барои беҳбуди вазъ дар ин се кишвар аст, иншооллоҳ.

Аббос Ҷаводӣ, Радиои Озодӣ

XS
SM
MD
LG