Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бойгонии “лаҳзаҳои таърихсози ҷаҳон” дар YouTube дастрас шуд


Хабаргузории Associated Press (АП) дар ҳамкорӣ бо ширкати British Movietone як миллион дақиқа видеои таърихиро дар шабакаи YouTube нашр карда, дар дастраси ом гузошт.

Маҷмӯае иборат аз 550 000 видеои рақамишуда, ки як миллион дақиқа давом мекунад, муҳимтарин лаҳзаҳои таърихи муосири ҷаҳонро аз соли 1895 ба ин сӯ дар бар мегирад.

АП мегӯяд, рӯйдодҳое аз бойгонии хабаргузорӣ ба маърази ом гузошта шуданд, ки лаҳзаҳои ҳалкунанда ва таърихсозро инъикос намудаанд.

Дар ин маҷмӯа метавон заминларзаи соли 1906, бомбаборони Халиҷи Пурли Амрико аз тарафи Ҷопон дар соли 1941, даъвати раҳбари вақти Итолиё Бенито Муссолинӣ ба сулҳи ҷаҳонӣ дар соли 1931 ва ғайраро дар бар мегирад. Дар як навори навтар ба сӯи президенти вақти ИМА Ҷорҷ Буши писар афканда шудани кафшҳояш аз тарафи журналисти ироқӣ дар соли 2008 низ дида мешавад.

Як бахши наворҳое, ки аз бойгонии АП берун оварда шуданд, шахсони машҳур, ба монанди Алберт Эйнштейн, Чарлӣ Чоплин, Мерилин Монро ва дигаронро нишон медиҳанд.

Яке аз раҳбарони бойгонии байнулмилалии АП Эвелин Линдсӣ ба нашрияи “Гордион”-и чопи Лондон гуфтааст, ин як саёҳат дар таърих аст, ки акнун ҳар шахс метавонад анҷом диҳад.

XS
SM
MD
LG