Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Анвар Юнусов, варзишгари маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ оид ба бокс байни мардон ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт.

Вай дар ин мусобиқа, ки дар пойтахти Озарбойҷон – Боку - ҷараён дорад, дар вазни то 60 кило дар даври ниманиҳоӣ бегоҳи ҷумъаи 24 июн бар Ҷун Шан аз Чин бо ҳисоби 3:0 ғалаба кард.

Ҳамин тариқ, Анвар Юнусов муборизаро барои унвони қаҳрамони мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ дар Боку идома медиҳад. Рақиби ӯ дар финал Энрико Лакруз аз Нидерланд мебошад.

Сарфи назар аз натиҷаи қувваозмоии ниҳоӣ, ки бегоҳи имрӯз, 25 июн баргузор мешавад, муштзани пуртаҷрибаи тоҷик ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016 мушарраф гашт, зеро ки ӯ ҳадди ақал ҷойи дувумро мегирад.

Ба ин тартиб, дар мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ дар Боку аз ҳашт муштзани тоҷик танҳо як нафар - Анвар Юнусов - соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Рио-2016 шуд.

Бояд тазаккур дод, муштзанҳое, ки дар мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ оид ба бокс байни мардон дар Боку дар вазнҳои аз 52 то 81 кило ҷойҳои аз 1-ум то 5-умро мегиранд, соҳибони роҳхатҳои олимпӣ мешаванд. Инчунин финалистони вазни то 49 кило ва ғолибони вазнҳои 91 ва беш а 91 кило роҳхатҳои олимпӣ ба даст меоранд.

Бояд тазаккур дод, то имрӯз панҷ варзишгари тоҷик ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мушарраф шудаанд.

Ёдовар мешавем, варзишгари машҳури тоҷик Дилшод Назаров аввалин шуда аз байни варзишгарони Тоҷикистон соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2016 гардидааст. Олимпиадаи Рио барои гурзандози тоҷик Олимпиадаи чаҳорум ҳисоб мешавад.

Баъдан ду паҳлавони тоҷик - Комроншоҳи Устопириён ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов - дар риштаи дзюдо ҳуқуқи ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016-ро ба даст оварданд. Ҳарду барои аввалин бор дар Бозиҳои олимпӣ ширкат хоҳанд кард.

Анвар Юнусов, муштзани тоҷик, дар мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ оид ба бокс байни мардон, ки дар пойтахти Озарбойҷон – Боку - ҷараён дорад, дар вазни то 60 кило ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт ва соҳиби роҳхати олимпӣ гардид. Зимнан, Анвар барои севумин бор дар Бозиҳои олимпӣ иштирок хоҳадкард.

Инчунин Даврон Атабоев, варзишгари тоҷик, соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия гардид. Вай дар мусобиқаи 19-уми байналмилалӣ оид ба варзиши сабук барои ҷоизаҳои қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ Татяна Колпакова, ки дар пойтахти Қирғизистон – Бишкек – доир гашт, масофаи 200 метрро дар зарфи 20,50 сония тай намуд. Ин натиҷа ба ӯ имкон дод, ки меъёри литсензияи олимпиро иҷро кунад ва соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Рио-2016 шавад.

Дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев ба “Озодӣ” гуфт, ки ба кишвари мо аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар риштаи шиноварӣ 2 квота (1 мард ва 1 зан) ва дар намуди варзиши сабук 1 квота (зан) ихтисос дода мешавад. Инчунин дар риштаҳои тирандозӣ ва вазнабардорӣ низ ба Тоҷикистон ҷудо кардани квота дар назар аст.

XS
SM
MD
LG