Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти Анвар Юнусов дар Остона


Анвар Юнусов, муштзани маъруфи тоҷик, дар нахустин қувваозмоияш дар мусобиқаи мавсими севуми силсилаи ҷаҳонии бокс WSB-2012-2013 дар Остона шикаст хӯрд.

Анвар Юнусов, қаҳрамони Осиё ва барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон, ки ин дафъа дар ҳайати дастаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳунарнамоӣ кард, рӯзи 23-юми ноябр дар пойтахти Қазоқистон дар рақобатҳо дар вазни сабук аз муштзани қазоқ Самат Башенов мағлуб гашт. Баъди хотимаи рақобат, ки аз панҷ раунд иборат буд, ҳарсе довар бо ҳисоби якхелаи 50:45 муштзани қазоқро пирӯз донистанд.
XS
SM
MD
LG