Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Падари ҷиҳодӣ: "Гуфтам, "шумо аҳмақ шудед". Дигар занг назаданд". ВИДЕО


Нигаронии мақомоти тоҷик аз хатароти тундгароӣ онҳоро водор кардааст, ки барои аҳолии узбакзабони маҳаллӣ барномаҳои вижаи зиддиифротишавиро ба забони модарии онҳо ба роҳ монанд. Мақомот умед доранд, ки дар ин сурат сӯҳбатҳои онҳо дар бораи хатарҳои экстремизму терроризм ва паёмадҳои пайвастан ба гурӯҳҳои тундрави мисли "Давлати исломӣ" дар Сурияву Ироқ натиҷаи беҳтар хоҳад дод.

Аз ҷумла, як чунин тадбир дар миёни ҷавонони узбактабори ноҳияи Қубодиён, дар 220-километрии шаҳри Душанбе ба роҳ монда шудааст. Тибқи омори расмӣ, танҳо аз як деҳаи Қизилнишони ноҳияи Қубодиён, ки аксарияташ узбактабор ҳастанд, 13 нафар дар Сурия қарор доранд. Ин оморро мақомот ташвишомез номида, талош доранд ба сокинони маҳаллӣ хатарҳои пайравӣ аз гурӯҳҳои тундравро аз наздик шарҳ диҳанд.

Ба онҳо гуфта будам, ки шумо - аҳмақҳо кори иштибоҳе кардед! Чун ман сарзаниш кардам, телефонро хомуш карда, дигар занг назананд.

Шумораи умумии сокинони ноҳияи Қубодиён, ки ба "Давлати исломӣ" пайвастаанд, 74 нафар гуфта мешавад. Дар ин миён 9 нафар зан ва ҳатто кӯдакони ноболиғ низ ҳастанд, ки мақомот алайҳи онҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз карда, онҳоро дар кофтукоб қарор додаанд. Гуфта мешавад, ки бештари онҳо узбактабор будаанд.

"Тахти Қубод" ҳам як саҳифаи ӯзбакӣ ҷорӣ кард

Дар гузашта чунин сӯҳбатҳо умдатан бо забони тоҷикӣ анҷом мешуд. Дар ин барномаҳои ба қавли мақомот "фаҳмондадиҳӣ" масъулони ҷамоату ҳукуматҳо, намояндагони ҳифзи ҳуқуқ, кумитаҳои ҷавонон, занон ва рӯҳониёну имомхатибон иштирок мекунанд.

Тоҷиниссо Шарипова, муовини раиси ноҳияи Қубодиён панҷшанбеи 29 сентябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки узбактаборҳо дар аксар вақт бо забони модариашон суҳбат мекунанд, забони давлатии тоҷикиро хуб намедонанд. Ба ҳамин хотир тасмим шуд, ки сӯҳбатҳо аз хатароти ҳаракатҳои мамнӯи террористиву ифротгаро ба забони узбакӣ барпо шавад.

Ҳашт узви оилаи Ширбековҳо дар Сурия қарор доранд

Ҳашт узви оилаи Ширбековҳо дар Сурия қарор доранд

Хонум Шарипова мегӯяд, ки дар ҳайати гурӯҳи фаҳмондадиҳӣ фаъолони узбактабор ва онҳое, ки забони узбакиро хуб медонанд, ҷалб шудаанд. Вай гуфт, "Ҳатто талош кардем, ки дар як саҳифаи газетаи ноҳиявии "Тахти Қубод" бо забони узбакӣ мақолаҳо, бахусус дар мавзӯъҳои ифротгароӣ ва терроризм ва хатари ин таҳдидҳо чоп кунем. Дар миёни узбакҳо бо забони узбакӣ суҳбат мекунем, ки огоҳ бошанд ва тавонанд мақсади моро фаҳманд".

Ноҳияи Қубодиён 171 ҳазору 700 нафар аҳолӣ дорад ва 42 дар сади онҳо узбактабор мебошанд. Аксарияти ин узбактаборҳо дар ҷамоати деҳоти "20-солагии истиқлолият" зиндагӣ мекунанд ва аксарияти онҳое, ки ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрави террористӣ пайвастаанд, аз ҳамин ҷамоат будаанд.

Дилрабо Саидова, раиси ҷамоати деҳоти "20-солагии истиқлолият" гуфт, ки узбакҳо, ки ҳамарӯза бо забони модариашон сӯҳбат мекунанд, забони тоҷикиро хуб намедонад ва тасмими дуруст буд, ки чунин сӯҳбатҳо ба забони барои сокинони маҳаллӣ дастрас анҷом мешаванд.

Аз писарони "ҷиҳодӣ" хабаре нест...

Се писари як сокини деҳаи Навбаҳор, собиқ Қизилнишон ​ду сол аст, ки дар Сурия қарор доранд. Инро ба Шариф Шералиеви 65-сола мақомот гуфтаанд. Бо машварати онҳо ҳам ӯ замоне талош мекард писарҳоро аз роҳи хатарнок баргардонад ва мутақоид созад, ки роҳи нодурустро пеш гирифтаанд, вале натиҷа ин шуд, ки онҳо комилан тамосро бо хонаи падар қатъ карданд.

Ҳоло ӯ мегӯяд, пас сарзаниши писаронаш дигар онҳо аз тамос даст кашиданд ва ҳоло ӯ ҳеҷ иттилое дар бораи зинда ва ё мурда будани онҳо надоранд: “Дигар ба ман занг намезананд. Ба онҳо гуфта будам, ки шумо - аҳмақҳо кори иштибоҳе кардед! Чун ман сарзаниш кардам, телефонро хомуш карда, дигар занг назананд. Ин ду соли пеш буд, вале ҳоло хабар надорам, ки дар куҷо ва чӣ ҳол доранд. Зану кӯдак доранд. Ба бачаҳое, ки дар Русия ҳастанд, занг зада мепурсам, вале онҳо мегӯяд мо намедонем, ки куҷо ҳастанд."

Ҳамаи сокинони Навбаҳор узбактабор ҳастанд. 10 сокини маҳаллиро додгоҳ барои узвият дар Ҷунбиши исломии Узбакистон равонаи зиндон кардааст. Мақомот мегӯяд, ки аксар ҷавонҳои ба сафи ҷангиёни "Давлати Исломӣ" баъди муҳоҷират ба Русия ба Сурия рафтаанд.

Сӯҳбатҳои мақомоту масъулин бо мардум дар мавзӯи зидди ифротишавӣ, ба қавли мақомот, натиҷа медиҳад ва ба эътимоди онҳо, мавҷи сафарҳои ҷавонон ба манотиқи ҷангӣ коҳиш ёфтааст.

Видео: 8 узви оилаи Ширбековҳо дар Сурия қарор доранд

(сӯҳбат аз моҳи сентябри соли 2015)

"Ба Сурия нарафта ҳам ифротӣ шудан мумкин аст"

Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯяд, дар асл хатари ифротишавии ҷавононро на танҳо дар беруни кишвар, балки дар дохил ҳам бояд ҷиддӣ гирифт. Ба қавли Баҳодури Адусалом, як коршиноси масоили ифротишавии ҷавонон дар Хатлон, ҳоло шароити зиндонҳои кишвар ҳам аз ин назар нигаронкунанда шудааст. Ӯ мегӯяд: "Ҷавононе, ки дар Хатлон равонаи зиндон мешаванд, салафиҳо, онҳое, ки дар роҳ ба сӯи Сурия боздошт ва равонаи зиндон шудаанд, бояд дар зиндонҳо низ дар назорат бошанд, чун агар дар зиндонҳо бо дигар нафарони зиндонӣ ҳамсуҳбат бошанд, метавонад онҳоро низ ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ даъват созанд.

Мақомот дар баробари огоҳсозӣ аз хатари пайвастан ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ бояд барои ҷавоне, ки аз муҳоҷират бармегарданд ё баъди хатми мактаби миёна, ҷойи кор ва шуғле бисозанд, ақаллан толорҳои варзишие бошад, ки ройгон тамрин кунанд ва саргарми машғулияте бошанд".

Баҳодури Абдусалом таъкид кард, ки решаи аслии ҳама мушкилоти ҷавонон бекорӣ аст, ки ҷавонҳоро ноумед, сардаргум ва дар натиҷа гумроҳи ҳама гуна ақидаҳои машкуку хатарнок мекунад.

Танҳо дар шаш моҳи соли 2016 беш аз 30 нафар ҷавонон аз ноҳияҳои Бохтар, Ҳамадонӣ, Абдураҳмонӣ Ҷомӣ ва Ҷалолиддини Балхӣ бо иллати пайвастан ба ҳаракати Салафия равонаи зиндон шудаанд.

Дар маҷмӯъ аз Қубодиён 74 нафар дар феҳрасти "афроди ифротӣ" ворид шудааст. Аксари онҳо дар ҷангҳои Сурия қарор доранд, нисбаташон парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст. Дар баъзе ҳолатҳо ба Сурия ба хотири пайвастан ба сафи "Давлати исломӣ" якбора чанд узви як оила сафар кардаанд. Чор узви як оила ва се узви оилаи дигар аз Қубодиён ба ҳангоми кӯшиши ворид шудан ба Сурия дар марзи Туркия боздошт ва зиндонӣ шудаанд.

Бо ин ҳама, то кунун шахсияти 516 сокини вилояти Хатлон, ки дар ҷангҳои Ховари Миёна иштирок доранд, муайян карда шудааст. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 25-уми август дар суҳбат бо фаъолони Хатлон дар ноҳияи Бохтар гуфт, ки ин ҳисобу китоб аз соли 2014 ба ин тарафро дар бар мегирад ва бино ба иттилои онҳо, "инчунин, 164 нафар дастгир шуда, 24 нафар ба кишвар оварда шудаанд".

Гуфта мешавад, 30 дар сад аз ҷамъияти 2,5 миллион нафараи вилояти Хатлон узбакзабон ҳастанд.

XS
SM
MD
LG