Пайвандҳои дастрасӣ

Машқи зиддитеррористӣ дар Суғд бо ҷалби 30 ҳазор сарбоз


Акс аз машқҳои зиддитеррористӣ дар Ромит

Акс аз машқҳои зиддитеррористӣ дар Ромит

Субҳи 17 август раҳбарони шаҳру навоҳии вилояти Суғдро амри “бонги хатар” барои муқобила ба ҳамлаи эҳтимолии гурӯҳҳои ифротӣ ба по кард.

Субҳи 17 август раҳбарони шаҳру навоҳии вилояти Суғдро амри “бонги хатар” барои муқобила ба ҳамлаи эҳтимолии гурӯҳҳои ифротӣ ба по кард. Масъулони 18 шаҳру навоҳии Суғд либосҳои ҳарбӣ ба бар намуда, ситодҳои доимоамалкунандаи мудофиаи ҳудудӣ таъсис доданд ва барои 4 рӯз сарбозу афсарони эҳтиётиеро, ки дар қайди комиссариатҳои ҳарбӣ ҳастанд, барои мудофиаи марзу буми худ дар ҷанги эҳтимолӣ сафарбар хоҳанд кард.

Фаридун Маҳмадалиев, раҳбари бахши матбуоти вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳамин тавр бо эълони “ҳолати хатари ҷавобӣ” субҳи рӯзи 17-уми август дар минтақаи шимолии Тоҷикистон размоиши чоррӯзаи зиддитеррористӣ оғоз ёфт. “Дар ин размоиш шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар сурати пеш омадани хатари эҳтимолии ҳамла бо ҷалби шаҳрвандони эҳтиётии ҳарбӣ ва техникаи хоҷагии халқ, яъне бо захираҳои ҳарбие, ки дар ихтиёр доранд, то расидани нерӯҳои асосӣ ба мудофиаи минтақаи худ бармехезанд.

Ҳама он сарбозу афсароне, ки дар комиссариатҳои ҳарбӣ сабти ном шудаанд, ба размоиш ҷалб карда мешаванд”, афзуд вай. Ба гуфтаи вай, дар ин размоиш ҳудуди 30 ҳазор сарбозу афсарони нерӯҳои қудратӣ ва эҳтиётӣ, беш аз 200 техникаи ҷангии зиреҳпӯш, автомобилӣ, тӯпхонаӣ ва ҳавопаймоҳои ҳарбӣ ширкат меварзанд. Дар доираи размоиш ҳамоишҳои мудофиаи ҳудудӣ, машғулиятҳо барои сафарбарии нерӯҳои эҳтиётии низомӣ ва машқҳои амалиётиву тактикӣ баргузор мегардад. Баргузории ин размоиш дар ҳолест, ки сару садоҳо аз таҳдиди гурӯҳҳо ва ҷангиёни мустақар дар Афғонистон ба амнияти минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, аз баҳори имсол рӯз ба рӯз бештар мешавад.

Дар чунин вазъ мақомоти тоҷик бо баргузории размоишҳо нерӯҳои худро ҷиҳати омодагӣ ба ҷанги эҳтимолӣ дар ҳолати омодабош медароранд. Ҳафтаи гузашта президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳам аз нооромиҳо дар Афғонистони ҳамсарҳад изҳори нигаронӣ кард. 14 август дар нишасте бо иштироки масъулини нави сохтори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз “авзои номӯътадили давлати ҳамсояи Афғонистон, задухӯрду муқовимати гурӯҳҳои ифротгаро ва террористӣ бо сохторҳои қудратии ин кишвар дар наздикиҳои сарҳади Тоҷикистон ёдовар шуда, аз ҳар як раҳбари ниҳод бо қотеъият назорати шабонарӯзӣ, таъмини амният ва осоиши мардумро талаб намуд”. Мақомоти марзбонии Тоҷикистон дар изҳороти худ пайваста таъкид мекунанд, ки марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон зери назорат аст. Моҳи марти соли равон вазорати дифои Тоҷикистон бо эълони “Ҷанги эҳтимолӣ” дар навоҳии марзӣ бо Афғонистон ва дар тамоми навоҳии вилояти Хатлон, размоишеро барои омодагии ниҳодҳои қудратӣ ва сокинони осоиштаи минтақа, ки ҷамъан 50 ҳазор нафарро дар бар хоҳад гирифт, дар 5 рӯз баргузор намуда буд. Дар доираи ин размоиш раисони 25 шаҳру навоҳии Хатлон низ тарзу усулҳои зуд роҳандозии мудофиаро дар ҳолати чангӣ тамрин карда буданд. Вилояти Суғди Тоҷикистон, воқеъ дар шимоли кишвар ҳарчанд дур аз Афғонистон аст, вале аз эҳтимоли вуруди ҷангандаҳо аз ин кишвар эмин нест. Дар соли 1999 ҷангандаҳои Ҳаракати исломии Узбакистон таҳти раҳбарии Ҷумъаи Намангонӣ ба қасди ҳамла ба Узбакистон марзи Қирғизистонро рахна зада, баъзе ҷангандаҳои ин гурӯҳ ба ноҳияҳои Ашт ва Исфараи минтақаи шимолии Тоҷикистон низ раҳ ёфта буданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG