Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Майк Ҳаммер бо Бек Зуҳуров мулоқот мекунад


Майк Ҳаммер, дастёри вазири умури хориҷии Амрико дар умури равобит бо ҷомеа, ҳафтаи оянда ба Тоҷикистон сафар мекунад.

Вазорати умури хориҷии Амрико бо нашрияи як баёнияи расмӣ гуфт, сафари Майк Ҳаммер рӯзи 7-уми апрел шурӯъ мешавад ва ӯ бо Бек Зуҳуров, раиси Хадамоти Алоқаи Тоҷикистон ва сухангӯи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон доир ба озодии баён ва Интернет, гуфтӯгу хоҳад кард.

Баъд аз ин, дипломати баландпояи амрикоӣ ба Узбакистон рафта ва дар як конфронс доир ба шаффофият дар кори ҳукумат ва озодии матбуот ширкат хоҳад кард. Дар ин ҳамоиш, хабарнигорону, масъуони равобит бо ҷомеа ва вакилони Узбакистон ҳузур хоҳанд дошт. Сафари Майк Ҳаммер то 15 апрел идома мекунад.

Сафари ин масъули амрикоӣ ба Тоҷикистон ва мулоқоти ӯ раҳбари Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар ҳоле дар назар аст, ки дар ду соли ахир торнамоҳои хабарӣ ва шабакаи иҷтимоии Фейсбук чанд бор баста шуданд. Танҳо соли 2012 баъди нашри маводҳои зиёди интиқолӣ дар бораи сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистон, баъзе аз торнамоҳо ва ҳамчунин шабакаи Фейсбукро се маротиба бастанд.

Сомонаи "Звезда.ру"-и Русия моҳи феврали соли 2012 дар матлабе таҳти унвони "Тоҷикистон дар пешорӯи инқилоб" навишта буд, ки ҳукумати Тоҷикистон алайҳи ҲНИТ ва ширкатдорони гирдиҳамоиҳои солҳои 90-ум барномаеро рӯи даст гирифтааст. Ва дар ин сомона ҳуҷҷатҳое аз ҷаласаи махфии ҳукумати Тоҷикистон таҳти унвони Протоколои 32-20 ба чоп расида буд, ки мӯҳтавои матлаби дарҷшуда дар ин сомонаро ташкил медод. Ба дунболи нашри ин хабар дар интернет, ҳукумати Тоҷикистон дастрасӣ ба иддае аз торнамоҳои хориҷиро маҳдуд кард.

Ҳамчунин ба дунболи амалиёти нерӯҳои интизомии Тоҷикистон алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Хоруғ дар тобистони соли гузашта, мақомот бо баҳонаҳое дастрасӣ ба баъзе сомонаҳоро маҳдуд карданд. Аз ҷумла сомонаи “Азия-Плюс” ду бор баста шуд. Дар ин миён дастрасӣ ба чанд расонаи русӣ ва ВВС ҳам муваққатан қатъ шуд.

Ин амалкарди мақомоти тоҷик вокунишҳои созмонҳои ҷаҳониро дар пай дошт Аз ҷумла, Созмони хабарнигори бидуни марз ва ё RWB дар гузориши тозаи худ, ки моҳи марти соли равон нашр шуд, аз сонсури оммавии интернет дар Тоҷикистон интиқод кардааст.

“Хабарнигорони бидуни марз” навишт, ки соли 2012 бархе аз сомонаҳои серхонанда дар Тоҷикистон ҳам ба маҳдудият рӯбарӯ шуданд. Аз ҷумла дар ин гузориш ба баста шудани сомонаҳои Азия Плюс, РИА Новости, Lenta.ru, Fergananews.com, Centrasia.ru, торнамои Би-Би-Си, ва ҳамчунон торнамои Youtube ва шабакаи иҷтимоии Фейсбук ишора шудааст.

Гузориши "Хабарнигорони бидуни марз" мегӯяд, ки дастури Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет дар мавриди баста шудани торнамоҳое, ки дар мавзӯҳои ҳассос менависанд, ба як амри маъмулӣ табдил ёфтааст.
XS
SM
MD
LG