Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби Русияро ба Олимпиадаи Рио роҳ доданд


Кумитаи байналмилалии олимпӣ (IOC) тасдиқ намуд, ки мунтахаби Русияро аз ширкат дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия маҳрум намекунад. Дар ин бора дар гузориши матбуотии IOC иттилоъ дода шудааст.

Кумитаи байналмилалии олимпӣ, инчунин тасдиқ кардааст, ки тасмим дар бораи роҳ додани варзишгарони русиягӣ дар Олимпиадаи Рио-2016 аз ҷониби федератсияҳои байналмилалӣ оид ба намудҳои варзиш гирифта мешавад.

Дар гузориши матбуотии IOC зикр шудааст, варзишгарони русиягӣ, ки пештар барои истеъмоли маводи мамнуъ (допинг) муҷозот шудаанд, ба Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро роҳ дода намешаванд.

Дархости Кумитаи олимпии Русия барои ширкат дар Олимпиадаи Рио ҳудуди 400 нафарро ташкил медиҳад, ки 68 нафари онҳоро Федератсияи байналмилалии варзиши сабук (IAAF) аз ҳаққи ширкат дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ зери парчами Русия маҳрум кардааст.

Ҳафтаи гузашта Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, бархе аз мақомҳои кишварашро, ки дар гузориши Оҷонсии ҷаҳонии зиддидопингӣ (WADA) ҳамчун "иҷрогарони мустақим"-и санҷишҳои дурӯғини допингӣ зикр шудаанд, муваққатан аз вазифаҳояшон барканор кард. Путин аз WADA хоста буд, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвараш дар мавриди истифодаи допинг дар варзиши Русия иттилои "бештар ва холисонатар" пешниҳод кунад.

Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл рӯзи 19 июл, гуфт, аммо ин қарори раисиҷумҳури Русия ба вазири варзиш Виталий Мутко дахл надорад. Чун, ба гуфтаи ӯ, "Мутко дар гузориши WADA ҳамчун "иҷрогари мустақим" зикр нашудааст".

Рӯзи 18 июл WADA гузоришеро муаррифӣ кард, ки бар асоси он ташхисгоҳи зиддидопингии Русия барқасдона истифодабарии допингро аз сӯи варзишгарони рус махфӣ нигоҳ доштааст. Дар ҳамин ҳол, Хадамоти амнияти федеролӣ дар ин амал даст доштааст.

WADA даъват карда буд, ки варзишгарони рус аз ҳамаи мусобиқаҳои байналмилалӣ маҳрум карда шаванд. Раисиҷумҳури Русия айбҳои эълонкардаи Оҷонсиро рад накарда буд, вале онҳоро "талоши табдил додани варзиш ба дастгоҳи фишори геополитикӣ" унвон кард.

XS
SM
MD
LG