Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озмоишгоҳи допинги Қазоқистонро бастанд


Оҷонсии ҷаҳонии зидди допинг(WADA) эътиборномаи озмоишгоҳи допинг дар шаҳри Алма-Атои Қазоқистонро барои 4 моҳ мунҷамид кард. WADA рӯзи 28 июн дар баёнияаш гуфт, ин тасмим ба далели чандин бор вайрон шудани муқаррарот аз сӯи озмоишгоҳи Алма-Ато гирифта шуда, он аз ҳаққи санҷиши допинг дар хуну пешоби варзишгарон маҳрум мешавад.

Ин иқдом дар ҳолест, ки чанд рӯз қабл 4 қаҳрамони сабқати вазнабардории Бозиҳои олимпии соли 2012 аз Қазоқистон ба далели истифодаи допинг аз медалҳояшон маҳрум шуданд.

XS
SM
MD
LG