Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Барқи Тоҷик" қариб 17 миллионро "фурӯ бурдааст"


Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон мегӯяд, масъулони ширкати "Барқи Тоҷик" дар соли гузашта наздики 17 миллион сомонӣ, муодили 3,3 миллион долларро «фурӯ бурдаанд.»

Оҷонсии зиддифасод мегӯяд, изофанависӣ ва ғайримақсаднок масраф кардани пул бештар аз ҳама дар собиқ вазорати энержӣ ва саноат ба маблағи 27,4 миллион сомонӣ ошкор шудааст, ки 60 дарсади хисороти ворида ба ҷайби давлат ба ширкати "Барқи Тоҷик"- ниҳоди зертобеъи ин вазорат - рост меомадааст.

Исроил Гулов, як масъули Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон рӯзи 17 январ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, масъулони «Барқи тоҷик» қисме аз ин маблағҳоро аз они худ карда, қисми дигарашро ғайримақсаднок истифода кардаанд: «Мо ин ҳолатҳоро дар натиҷаи тафтишот ошкор карда, ба мақомоти дигари тафтишотӣ ирсол кардем. Нисбати баъзеҳо дар ин ҷо парванда боз шудааст. Дар соли гузашта дар ҷумҳурӣ 1325 парвандаи ҷиноии хислати коррупсионидошта ошкор шуда, нисбати ҳар маврид парванда боз шудааст. Дар ин миёни ин парвандаҳо онҳое ҳам ки ба «Барқи тоҷик» дахл доранд, ҳаст.»

Изофанависӣ дар "Барқи Тоҷик"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:45 0:00
Линки мустақим


Хабаргузории давлатии «Ховар» рӯзи 17-уми январ дар такя ба Оҷонсии зидди фасод аз вазъи ваҳими молиявии «Барқи тоҷик» иттилоъ дода гуфтааст, ки қарзи ин ширкат танҳо то 1 марти соли 2013 ба 863,9 миллион сомонӣ, муодили тақрибан 175 миллион долларро ташкил медод. Қарзи аҳолӣ аз нирӯи барқ танҳо 355, 5 миллион сомонӣ будааст."Ховар" навиштааст , «омӯзиш ва таҳлили сабабҳои зиёдшавии қарзи аҳолӣ аз истифодабарии қувваи барқ дар ҶСК «Шабакаи барқии Душанбе» муайян намуд, ки дар асл қарзи муштариёни шаҳри Душанбе ба ҳолатҳои 1 январи соли 2012 маблағи 39,4 млн. сомонӣ ва 1 апрели соли 2013 маблағи 62,9 млн. сомониро ташкил медиҳанд, вале ин қарзҳо дар ҳисоботҳои муҳосибӣ беасос 2-3 баробар зиёд нишон дода шуда, мутаносибан ба маблағи 96,8 млн. сомонӣ ва 120,6 млн. сомонӣ сабт карда шудаанд.»

Намояндаи расмии «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ дар посух ба ин иттиҳомот ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти ширкат дар ҳоли омӯзиши парвандаҳоянд ва феълан аз шарҳи он худдорӣ мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз таҳлилгарон ва вакилони парлумон то ба ин ҳад вахим шудани вазъи молиявии ширкати «Барқи тоҷик» ва ҳараҷу мараҷ дар кори онро ба камбуд дар сохтори идориаш бастагӣ медиҳанд.

Исмоил Талбаков
Исмоил Талбаков
Исмоил Талбаков, узви кумитаи молия ва иқтисоди Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мегӯяд, фаъолияти ширкати «Барқи тоҷик» ба як муаммо табдил шудааст, ки чаро ин ширкат бо истифода аз об энергияи аз ҳама арзонтаринро истеҳсол карда мефурӯшад, аммо боз ҳама аз ҳама қарздор аст? Оқои Талбаков афзуд: «Ба назарам, мушкил дар сотори идоракунии ширкат аст. Дар аксар кившарҳои пешрафта ба истеҳсоли барқ як ширкат ва ба фурӯши он ширкати дигар машғул аст. Дар мо низ бояд ҳамин хел шавад вагарна қарзҳои ин ширкат афзоиш ёфтан мегираду вазъаш беҳ намешавад. То ин ширкат реструктуризатсия нашавад вазъаш беҳ намешавад.»

Зимнан дар тобистони соли 2013 бо қарори ҳукумат дар сохтори «Бари Тоҷик» зерсохтори 3 сол пеш барҳамхӯрдаи фурӯши барқро барқарор карданд ва Амонулло Саъдуллоев – додарарӯси президент Эмомалӣ Раҳмон ва бародари раиси «Ориёнбонк» Ҳасани Асадуллоҳзодаро раҳбари ин ниҳод таъйин карданд. Гуфта мешуд, бахши аъзами қарздорони «Барқи Тоҷик» корхонаҳову ширкатҳои марбут ба афроди бонуфузанд ва танҳо як нафари аз онҳо бонуфузтар ва наздиктар ба раҳбари аввали кишвар шояд битавонад қарзҳои «Барқи Тоҷик»-ро аз онҳо биситонад.

Аммо бо гузашти 6 моҳ аз интисоби Амонулло Саъдуллоев чунин ба назар мерасад, ки вазъи молии «Барқи Тоҷик» беҳтар нашудааст. Ин ба осиёби фарзияи гурӯҳи дигаре об мерезад, ки мегуфтанд, гурӯҳҳои манфиатдоре мехоҳанд ин ширкати давлатиро варшикаста ва дар ниҳоят баъди ҷудо шуданаш ба чанд корхонаи алоҳида байни худ тақсим кунанд.

Оҷонсӣ: "Ришваситонии кормандони давлатӣ кам нашудааст"

Масъулони Оҷонсии зидди фасод мегӯянд, соли гузашта беш аз 130 ҷинояти фасоду ришваситонии кормандони мақомоти давлатӣ ошкор шудааст. Дафтари матуботи Оҷонсии зидди корупсия рӯзи 17-уми декабр ба радиои Озодӣ гуфт, зимни гузоришҳои раёсатҳои Оҷонсӣ маълум гардид, ки дар соли гузашта мизони даст задани кормандони мақомоти ҳукуматӣ ба фасод коҳиш наёфта ва хусусан аз ҳама бештар кормандони ниҳодҳои қудратӣ ба ин ҷиноят ру овардаанд.

Тавре дафтари матбуоти Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар медиҳад, дар соли гузашта аз ҷониби кормандони ин ниҳод 1325 ҷиноятҳо марбут ба ришваву фасод ошкор карда шудааст, ки ки ҳаҷми зарар ба беш аз 83 миллион сомонӣ баробар будаст. Аз ин маблағ танҳо наздики 27 миллион сомонӣ ба буҷа баргардонда шудааст.

Ба иттилои Оҷонсии зидди коррупсия дар соли 2013 аз ҷониби 44 нафар корманди вазорати корҳои дохилӣ 57 ҷинояти марбут ба ришваву фасод ба қайд гирифта шуда мавриди таҳқиқ қарор дода шудааст. Ҳамчунин 25 ҷинояти дигар аз тарафи 22 низомии вазорати дифоъ сар задааст. Ҳамчунин 17 нафар кормандони вазорати адлия ва 24 нафар кормандони Кумитаи андоз ба ҷиноятҳои корупсионӣ даст задаанд.

Дар соли гузашта 2 нафар корманди Кумитаи амнияти миллӣ ва 2 корманди Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон бо ҷиноятҳои ришваву фасод боздошт шуда алайҳи онҳо параванда боз карда шудааст.

Гузориши солонаи муассисаи Шаффофияти Байналмилал ё Transparency International, ки авали моҳи декабр нашр шуда буд, фасоди идорӣ дар Тоҷикистонро дар муқоиса ба соли гузашта камтар нишон медод. Дар феҳристи наве, ки кишварҳоро як то 177 раддабандӣ кардааст, Тоҷикистон дар мақоми 154-уми ҷой гирифтааст. Соли гузашта Тоҷикистон дар ин раддабандӣ дар мақоми 157-ум қарор дошт.
XS
SM
MD
LG