Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Санҷиши издивоҷи 5 сол пеши писари Зайд Саидов аз сӯи Оҷонсӣ


Хусрави Зайд

Хусрави Зайд

Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон мегӯяд, яке аз фарзандони соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов дар 5 соли пеш ба духтари ноболиғ издивоҷ кардааст.

Оҷонсии мубориза бо фасод ва назорати молиявии Тоҷикистон рӯзи 27 август ба Радиои Озодӣ гуфт, санҷишаш нишон додааст, ки яке аз фарзандони соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов дар соли 2009 ба духтари 15-сола издивоҷ кардааст.

Исҳоқ Табаров, вакили мудофеъи Зайд Саидов низ дар сӯҳбат бо Озодӣ оғози санҷиши Оҷонсии мубориза бо фасод нисбат ба қудоҳо ва келини Зайд Саидовро тасдиқ кард. Оқои Табаров гуфт, ин боз як кӯшиши айбдорсозии зерҳимояи ӯст, ки танҳо ба хотири сиёҳ кардани Зайд Саидов сурат мегирад.

Бино ба иттилои Исҳоқ Табаров, Оҷонсии зидди фасод қудоҳои Зайд Саидов - Раҳима Соҳибова ва Шаҳобиддин Соҳибовро дар сохтакории ҳуҷҷатҳои духтари ноболиғашон Зебуниссо Соҳибова ва ҳанӯз ба никоҳ норасида ба шавҳар додани ӯ гумонбар медонад. Вале, меафзояд вакили Зайд Саидов, ин санҷиш ҳанӯз идома дорад ва дар ин масъала парвандае боз карда нашудааст.

Дафтари матбуоти Оҷонсии зидди коррупсия ба Радиои Озодӣ гуфт, Зебуннисо Соҳибоваро, ки соли тавалудаш 1994 мебошад, дар таърихи 17 октябри соли 2009, вақтие ки ӯ ҳамагӣ 15 сол дошт, тавассути тақаллуби санадҳо ба Хусрави Зайд, фарзанди сеюми Зайд Саидов, ба шавҳар додаанд. Бино ба ин манбаъ, санҷиши ҳуҷҷатҳо аз тарафи муфаттишони ин ниҳод то кунун нишон додааст, ки қудоҳои Зайд Саидов моддаи 168-ум(«ба шавҳар додани духтари ба синни балоғат нарасида») ва моддаи 340 («тақаллубкории ҳуҷҷатҳо»)-и Кодекси ҷиноиро поймол кардаанд. Ин ду моддаи Кодекси ҷиноӣ ба ҳайси ҷазо то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Хайрулло Саидов

Хайрулло Саидов

Қаблан Оҷонсии зидди коррупсия алайҳи Хайрулло Саидов, писари калонии Зайд Саидовро бар асоси моддаи Кодекси ҷинои 340, қисми 2( «тақаллуби ҳуҷҷатҳо») айбдор карда санҷиш оғоз карда буд. Хайрулло Cаидов ба он гумонбар мешавад, ки дар соли 1994 синну солашро дар ҳуҷҷатҳояш 4 сол калонтар кардааст. Худи Хайрулло Саидов дар шарҳи ин ба Озодӣ гуфта буд, ки ин иштибоҳи замони кӯдакии ӯст ва танҳо ба хотири роҳ ёфтанаш барои таҳсил дар як донишгоҳи Эрон анҷом шуда буд.

Зайд Саидов

Зайд Саидов

Зайд Саидов, соҳибкори маъруф ва вазири собиқи саноати Тоҷикистон, ки дар соли 1999 тибқи саҳмияи 30-фоизаи мухолифин узви ҳукумат шуд ва то соли 2006 раҳбарии риштаи саноатро бар ӯҳда дошт, рӯзи 19 майи соли 2013, ҳамагӣ моҳе баъд аз эълони азмаш ба сохтани ҳизби Тоҷикистони нав, баъди бозгашт аз сафари Фаронса дар фурудгоҳи Душанбе дастгир шуд. Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 25 декабри соли 2013 ӯро бо ҷурмҳои сангине, чун бар асоси чаҳор банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - “таҷовуз ба номус”, “бисёрзанӣ”, “қаллобӣ” ва “ришваситонӣ” - ба 26 соли зиндон маҳкум кард. Ба дунбол, аз моҳи март ба ин тараф дастикам 8 корхонаву ширкати марбут ба Зайд Саидов ва наздикони ӯ ба фоидаи давлат мусодира карда шуд.

Худи Зайд Саидову тарафдоронаш таъқиби ӯро сиёсӣ номида мегӯянд, ки вай танҳо баъди эълони азмаш ба сохтани ҳизби Тоҷикистони нав мавриди таъқиб қарор гирифт. Мунтақидони давлат низ дар ин қазия омили сиёсиву молиро асосӣ мебинанд ва мегӯянд, шояд як ҳадафи дигар даст ёфтан ба дороиҳои ин соҳибкор аст, ки ба гуфтаи худаш, қариб 20 миллион долларашро ба иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст.

Аммо то ҳол талошҳои Зайд Саидов вакилонаш барои дар додгоҳҳои Тоҷикистон собит кардани бегуноҳии вай натиҷа надодаанд. Дар моҳи майи соли ҷорӣ Додгоҳи олӣ зимни баррасии шикояти ӯву вакилонаш ҳукми Зайд Саидовро бетағйир боқӣ гузошт.

Баръакс Фахриддин Зокиров – яке аз 3 вакили мудофеи Зайд Саидов –дар моҳи март бо иттиҳоми барнагардондани қарзи бонк ва Шӯҳрат Қудратов – вакили дигари ӯ – дар моҳи июл бо иттиҳоми қасди додани пора ба як додрас аз тарафи маъмурони Оҷонсии зиддифасод боздошт шуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG