Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷанг бо Толибон дар наздикиҳои марзи Тоҷикистон


Шаҳри Файзобод, пойтахти Бадахшони Афғонистон

Шаҳри Файзобод, пойтахти Бадахшони Афғонистон

Манобеи амниятии Афғонистон аз гирд омадани толибҳо дар мавзеи Вардучи вилояти Бадахшони Афғонистон хабар додаанд.

Бино ба хабарҳои расида аз шимоли Афғонистон, таи чанд рӯзи ахир дар минтақаи Вардучи вилояти Бадахшони ин кишвар амалиёти нирӯҳои амниятӣ, артиш ва полиси маҳаллии ин вулусволӣ зидди ҷангиёни Толибон идома дорад. Дар ин амалиёт НАТО аз ҳаво ба нирӯҳои афғон кӯмак мекунад. Фармондеҳи полиси маҳаллӣ ба хабарнигорон гуфтааст, ки дар миёни Толибон афроде аз гурӯҳҳои тундрави кишварҳои Осиёи Миёна низ ҳастанд.

Даён Аҳмадӣ, хабарнигори бахши афғонии Радиои Озодӣ аз шаҳри Файзобод - маркази Бадахшони Афғонистон тавонистааст бо хатти муқаддами ҷабҳа бо генерал Имомуддин Мутмаин, фармондеҳи полиси Вардуч тамос бигирад. Вай гуфт, иддао мешавад, ки дар як амалиёти ҷавобии густарда рӯзи 21 март беш аз 40 шӯришии Толибон, ба шумули Мавлавӣ Ҳамза, як фармондеҳи Толибон дар Вардуч кушта шудаанд. Вале толибон ин иддаои мақомоти амниятии Бадахшонро рад мекунанд. Бо пахши изҳороте ҷангиён гуфтанд, ки “ин рақам дуруст нест ва дар ин бомборон теъдоде маҷрӯҳ шудаанд”.

Амалиёт замоне шурӯъ шудааст, ки нирӯҳои Толибон аз теппаҳои атроф нуқотеро дар маркази вулусволӣ ба оташ кашидаанд. Гузашта аз ин Толибон то оғози ин амалиёт чанд рӯзи пеш дар як шабехун аввал 16 сарбоз ва дар шабехуни дигар 20 сарбози нирӯҳои артишро ба қатл расондаанд. Чунин талафот ҷониби давлатро ба амалиёти ҷавобӣ водор сохтааст.

Генерал Мутмаин аз майдони амалиёт гуфтааст, ки то ҳол дар миёни нирӯҳои Толибон 11 нафар тундравони Ӯзбакистону Тоҷикистон ва Чеченистонро ошкор кардаанд. Дар миёни онҳо як зан, эҳтимолан шаҳрванди собиқи Ӯзбакистон низ будааст. Онҳо аз манотиқи ҷанубии Афғонистон ба Вардуч омадаанд, гуфт ӯ. Вардуч яке аз 27 вулусволии вилояти Бадахшони Афғонистон аст. Деҳоти ин вулусволӣ дар дохили дараи Вардуч ҷой гирифтаанд ва шохаҳои ин дара ба Ишкошими Тоҷикистон ва бо Чину Покистон васл мешавад ва аз лиҳози ҷуғрофиёиву стротегӣ минтақаи муҳим ба шумор меравад. Дар ин дара Толибон аз солҳо ба ин сӯ фаъолиятҳои мусаллаҳона доштаанд.

Малик Ситез, пажӯҳишгари умури байналмиллалӣ ва минтақаии афғон мегӯяд, Толибон дар гузаштаҳо бештар дар қисматҳои ҷанубии Афғонистон фаъолият мекарданд, вале ҳоло талош доранд ҳузури худро дар минтақаҳои мухталиф, ба вижа дар шимол афзоиш диҳанд, контроли нуқоти стратегиро дар ихтиёр бигиранд ва аз ҳар тараф ба ҳукумати марказии Кобул фишор оранд.

Аз сӯи дигар, вай таъйид мекунад, ки ҳузури афроди тундрави кишварҳои Осиёи Миёна дар сафи ин нирӯҳо гувоҳӣ медиҳад, ки Толибон дар ин кишварҳо барои худ ҷонибдору муттако меҷӯянд. Малик Ситез гуфт, “Ҳатто агар теъдоди маҳдуде ҳам аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар миёни Толибон бошад, ин як таҳдид ва хатар ба Осиёи Марказӣ ба шумор меояд, зеро онҳо метавонанд бо ҳимояти Толибон дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ нуфуз пайдо кунанд”. Ин манбаъ меафзояд, Толибон тавассути ин афрод бо ҳалқаҳое аз нирӯҳои тундрави Осиёи Миёна ҷӯёи ҳамоҳангӣ мешаванд.

Дар чунин ҳолат суоле пеш меояд, ки шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, чӣ тарз ба суфуфи Толибон роҳ меёбанд ва ба нирӯҳои тундрави минтақа ҳамроҳ мешаванд?

Раҳматулло Абдуллоев, мудири Маркази мутолеоти Афғонистон ва Осиёи Миёна дар шаҳри Душанбе мегӯяд, ҷавононе ҳастанд, ки барои таҳсил ба Покистон мераванд ва онҳоро дар он ҷо ба нирӯҳои Толибон ҷалб мекунанд: “Шоҳиди он ҳастем, ки мардуми зиёд кӯшиш мекунанд барои таҳсил дар мактабҳои динӣ ба хориҷа раванд. Шуморе аз онҳо мумкин аст зери таъсири таблиғоти созмонҳои тундрав қарор бигиранд ва дар амалиёти низомии онҳо иштирок кунанд”.

Таҳлилгарони минтақаӣ мегӯянд, ки дар марҳилаи кунунӣ ҳадафи Толибон ноором кардани вазъ дар кишварҳои Осиёи Миёна нест, балки бо назардошти хуруҷи қарибулвуқуи нирӯҳои эътилофи байналмиллалӣ онҳо мехоҳанд дар Афғонистон нуфузи худро тақвият диҳанд. Бо вуҷуди ин, фаъолияти онҳо дар минтақаҳои марзӣ кишварҳои Осиёи Миёнаро водор мекунад, ки дар бораи амнияти марзҳояшон биандешанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG