Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон нақши Чинро дар бунёди маркази гармидиҳӣ "созанда" хонд


Маркази барқу гармидиҳидии "Душанбе-2" рӯзи 8 декабр ба истифода дода шуд. Дар маросими оғози ин марказ раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат доштааст. Маркази барқу гармидиҳии "Душанбе-2" аз сӯи ширкати чинии ТВЕА бо сармояи муштараки Тоҷикистону Чин бунёд шудааст ва ба гуфтаи мақомоти тоҷик, арзиши умумии ин тарҳ 349 миллион доллари амрикоӣ буда, 17 миллиону 443 ҳазор доллари он саҳми Тоҷикистон мебошад. Сохтмони Маркази барқу гармидиҳии "Душанбе-2" дар моҳи сентябри соли 2014 оғоз шуда буд. Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки такмил шудани ин тарҳ барои таъмини гармӣ дар шаҳри Душанбе ва иқтидори саноатии пойтахт ва ноҳияҳои атроф мусоидат хоҳад кард.

Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ аз Чин ба унвони як "шарики созанда" ёд кард ва гуфт, ин тарҳ бозгӯи "ҳамкории босуръат рушдёбандаи" миёни Тоҷикистону Чин мебошад.

XS
SM
MD
LG