Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоиши зидди муҳоҷирон дар Санкт-Петербург


Маскав, раҳпаймоии гурӯҳҳои миллатгаро дар рӯзи 1 майи соли 2011
Маскав, раҳпаймоии гурӯҳҳои миллатгаро дар рӯзи 1 майи соли 2011

Рӯзи чоршанбе 30 январ дар Санкт-Петербург раҳпаймоии гурӯҳҳои мухолифи муҳоҷирон баргузор мешавад.

Рӯзи чоршанбе дар Санкт-Петербург раҳпаймоии гурӯҳҳои мухолифи муҳоҷирон бо тақозои ҷорӣ намудани низоми раводид бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз доир хоҳад шуд. Ба навиштаи хабаргузории русии Росбалт фаъолони гурӯҳҳои мухолифи муҳоҷирон тасмим гирифтаанд, дар маркази Санкт-Петербург дар хиёбони Невский ва канори метрои "Гостинний Двор" ба раҳгузарон варақаҳои тарғиботии худро тақсим намуда, дар интернет ҷамъи имзо ба хотири дастгирии ташаббуси ҷорӣ намудани режими раводиди сафар ба муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ ва Қафқозро раҳандозӣ кунанд.

Фаъолони ин гурӯҳ таъкид мекунанд, ки вуруди муҳоҷирон гӯё боиси афзоиши ҷинояткории ба истилоҳ этникӣ, ташаннуҷи миёни қавмҳо, қочоқи маводи мухаддир, коҳиши маош ва сирояти бемориҳо шудааст. Ба қавли фаъолони гирдиҳамоӣ ҷорӣ намудани режими виза бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз роҳро барои наздикшавии Русия бо Аврупо боз мекунад. Ҳамин гуна чорабиниҳои мухолифони муҳоҷират дар дигар шаҳрҳои Русия ва аз ҷумла Маскав пешбинӣ шудааст.


Моҳи равон раиси хадамоти федералии муҳоҷрати Русия Константин Ромодановский гуфта буд, ки танҳо 3,4 дарсади ҷиноятҳо дар ин кишварро муҳоҷирони хориҷӣ содир мекунанд ва он ҳам асосан ҷиноёти марбут ба тақаллуби аснод аст. Ҳафтаи гузашта Ромодановский ба хабаргузории Интерфакс гуфта буд, мизони ҷинояткорӣ дар байни муҳоҷирон назар ба 3,5 дарсади як соли пеш ҳатто каме коҳиш ёфтааст.

Ба гуфтаи ин мақом, Узбакистон дар Русия беш аз 2 миллион муҳоҷир, Украина – 1,3 миллион ва Тоҷикистон беш аз 1 миллион муҳоҷир дорад, ки аксар бидуни муҷаввизи кор ё патент кор мекунад. Ба ҳисоби ӯ, танҳо 27 дарсад ё 271 500 муҳоҷири кории тоҷик дар Русия ба таври расмӣ кор мекунанд.

Радио Озодӣ
XS
SM
MD
LG