Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти беҳосили ҳукумат ва эътирозгарон дар Покистон


Гуфтугӯҳо барои поён додани эътирозҳои зидди ҳукуматӣ дар Покистон бенатиҷа мондаанд.

Имронхон, раҳбари Ҷунбиши инсоф ва Тоҳир Ал-Қодирӣ, раҳбари Ҳаракати мардумӣ дар ҳоли ҳозир ба эътирозҳои худ дар Исломобод бо ширкати даҳҳо ҳазор аз ҷонибдоронашон идома медиҳанд. Ҳар ду аз ҷумлаи мухолифони сарсахти нахуствазири Покистон Навоз Шариф ба шумор рафта ва истеъфои ӯро талаб доранд.

Пас аз охирин даври гуфтугӯҳо барои поён додани эътирозҳо, Имронхон ва Қодирӣ мавқифи худро эълон намуда ва гуфтаанд, ки то вақте Навоз Шариф дар қудрат аст, тазоҳурот идома хоҳад ёфт. Бар пояи гузоришҳо, як ҳайати ҳукуматӣ имрӯз бо Тоҳир Ал-Қодирӣ дидор кард, то пешниҳодҳои ин рӯҳонӣ ва тарафдоронашро баррасӣ намояд, аммо Ҷунбиши мардумӣ бо раҳбарии Қодирӣ гуфтааст, ки хостаҳои онҳо бароварда нашудааст.

Роиқ Аббосӣ, як узви ин гурӯҳ гуфтааст, тавре ба назар мерасад, ин музокироти пешрафти ҷиддӣ надоштааст. Пеш аз ин, гуфтугӯҳои рӯзи гузаштаи Ҷунбиши инсоф бо раҳбарии Имронхон ва ҳайати ҳукумат низ бенатиҷа будааст. Аммо Аҳсан Иқбол, вазири ҳукумат ва узви ҳайати музокиракунанда бо мухолифин гуфта буд, ки дар музокирот миёни ҳукумат ва ин ду гурӯҳи мухолиф пешрафтҳое сурат гирифта ва ҷонибҳо ба созиш расидаанд, то гуфтугӯҳоро идома бидиҳанд.

Гуфтугӯҳо миёни мухолифон ва ҳукумати Покистон дар ҳоле ба нокомӣ анҷомид, ки 34 узви Ҷунбиши инсоф дар парлумони он кишвар истеъфо доданд. Аёз Содиқ, раиси парлумони Покистон гуфтааст, ки истеъфои онҳо рӯзи душанбе мавриди баҳс қарор мегирад. Аммо тақозои ин вакилон, ки ҷонибдори Имронхон ҳастанд, баргузории интихоботи дубора дар Покистон мебошад.

Ҳар ду ҳизб иддао доранд, ки дар интихоботи соли 2013 дар Покистон, ки дар натиҷа ҳизби Робитаи мусалмонон бо раҳбарии Навоз Шариф аксарияи курсиҳоро ба даст овард, тақаллуби густурда сурат гирифта аст. Дар ин миён аз нақши артиши Покистон ва ҳимояти он аз эътирозгарон сухан гуфта мешавад. Бар асоси навиштаи расонаҳо, артиш мехоҳад то ҳукумати Навоз Шарифро сарнагун намояд, аммо мақомот ин овозаҳоро рад карда онро беасос мешуморанд.

XS
SM
MD
LG