Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Ҳушдори охирин”-и тазоҳургарон ба Муҳаммад Мурсӣ


Рӯзи сешанбе ҳазорон нафар дар шаҳри Қоҳира - пойтахти Миср, дар назди кохи раиси ҷумҳур Муҳаммад Мурсӣ тазоҳурот карданд.

Дар аввал пулис бо истифода аз гази ашковар хост, тазоҳургаронро пароканда намоянд, вале баъдтар ақибнишинӣ кард ва ба тазоҳургарон иҷоза дод, то ба деворҳои кохи раиси ҷумҳур бирасанд. Тазоҳургарон хостори истеъфои Муҳаммад Мурсӣ ҳастанд, ки бо як амре тамоми қудратро дар даст гирифт ва аз тарҳи қонуни нави асосӣ ҳимоят кард.

Маъмурони пулиси Миср бо гурӯҳе аз тазоҳургарони мухолифи раиси ҷумҳур Муҳаммад Мурсӣ даргир шуданд ва алайҳи онҳо аз гази ашковар истифода бурданд. Бино ба гузоришҳо, тазоҳургарон сафи маъмурони пулисро шикаста ва аз симхорҳои атрофи кохи раиси ҷумҳур низ гузаштаанд. Ба гуфтаи манобеи ҳукуматӣ, Муҳаммад Мурсӣ дар дохили кохи раиси ҷумҳур будааст, аммо баъди бузургтар шудани издиҳоми тазоҳургарон, онҷоро тарк кардааст.

Тазоҳургарони мисрӣ алайҳи тамаркузи қудрат дар дасти раиси раиси ҷумҳур ва тарҳи Қонуни Асосӣ эътироз доранд, ки қарор аст барои қабули он рӯзи 15 декабр раъйпурсии умумӣ баргузор кунанд. Муҳаммад Мурсӣ 15 декабрро рӯзи раъйпурсӣ барои қабули тарҳи Қонуни Асосӣ эълом кард, ки ба гуфтаи мунтақидон камбудии зиёд дорад ва ба ҳуқуқи на ҳама эҳтиром мегузорад. Онҳо ин тазоҳуротро “охирин ҳушдор” гуфтаанд.


Як зане ки дар тазоҳурот дар назди кохи раиси ҷумҳури Миср ширкат дошт мегӯяд, дар сурати қабули тарҳи қонуни Асосӣ, Муҳаммад Мурсӣ ба диктатор табдил хоҳад шуд. Вай мегӯяд, "мо танҳо мехоҳем ба раиси ҷумҳур бигӯем, ки мо инҷо ҳастем ва мепазирем, ки мардум шуморо интихоб кардааст ва шуморо ба ҳайси раиси ҷумҳур қабул дорем. Вале Қонуни Асосиеро, ки шуморо диктатор хоҳад кард, қабул надорем. Мо қонуни асосиеро қабул надорем, ки ба аксари бандаҳои он мувофиқ нестем. Ин ҳаққи мо мардуми Миср аст."

Само ал-Масрӣ, тазоҳургари дигар мегӯяд, аз шеваҳои амалкарди созмони исломгарои Ихвон-ул-муслимин норозӣ аст, ки раиси ҷумҳур Муҳаммад Мурсӣ аз он бархостааст. Ба гуфтаи вай, "сабаби аслии тазоҳурот, фасод дар дохили низом аст. Яъне фасод дар дохили Ихвон-ул-муслимин, ки сабаби аслии ба инҷо омадани мо аст. Идеологияи онҳо аз роҳи зӯр раҳбарӣ кардани мардуми Миср аст, онҳо мехоҳанд ҳама чизро дар даст дошта бошанд. Илова бар ин онҳо ваъдаҳои зиёде доданд, ки ҳар навъ ислоҳотро анҷом хоҳанд дод, вале ҳеҷ коре накардаанд.”

Дар шаҳри Искандария ҳам тақрибан 10 ҳазор нафар алайҳи иқдомоти ахири Муҳаммад Мурсӣ эътироз кардаанд. Дар вилояти Миня мухолифони раиси ҷумҳур бо тарафдорони ӯ дар назди дафтари Ҳизби Озоди ва Адолати Муҳаммад Мурсӣ дастбагиребон шуданд, ки ин ҳизб як шохаи сиёсии Ихвон-ул-муслимин аст. Пулиси Миср, ин издиҳомро бо истифода аз гази ашковар пароканда кардааст.
XS
SM
MD
LG