Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шарҳи расмии Оҷонсӣ: Зайд Саидов 36 миллионро "тасарруф" кардааст


Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар як маълумотномаи расмӣ Зайд Саидовро ба “тасарруф”-и 36 миллион сомонӣ маблағҳои буҷаи шаҳри Душанбе айбдор кард.

Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар як маълумотномаи расмие, ки рӯзи 3 июл бо дархости Радиои Озодӣ парвандаи навбатӣ алайҳи соҳибкори маъруф Зайд Саидовро шарҳ дод.

Дар ин “маълумотнома ба парвандаи ҷиноятии №42946 нисбати Саидов З.Ш. ва дигарон бо моддаҳои 245, қисми 4, банди “б” ва 340, қисми 2, бандҳои “а,б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки муфаттиши аршади парвандаи Зайд Саидов Фирӯз Холмуродов таҳия кардааст, аз ҷумла гуфта мешавад, ки “Саидов Зайд Шерович ҷамъияту ширкатҳоеро, ки воқеан ба худи ӯ тааллуқ дошта, вале онҳоро расман ба номи фарзандон ва хешу таборони худ ба қайд гирифтааст, дар Ассотсиатсияи истеҳсолкунандагон ва соҳибкорон муттаҳид карда, фаъолияти молиявӣ-хоҷагидории ширкатҳои мазкур, аз ҷумла ҶДММ “Тоҷ-Сохтмон Байналмилал”-ро бевосита идора ва раҳбарӣ мекард.”

Маълумотномаи Оҷонсӣ
Маълумотномаи Оҷонсӣ

Оҷонсии зиддифасод бар ин аст, ки Зайд Саидов дар моҳҳои август-октябри соли 2011 аз ҳисоби маблағҳои будҷа, ки барои сохтани “Душанбе-Плаза” – баландтарин бинои пойтахти Тоҷикистон – ба ҳисоби “Тоҷ-Сохтмон Байналмилал” ворид шуда буд, “масолеҳи сохтмонии паркет ва дигар маводҳои лозимаро шахсан худаш таъмин намуда, баъдан бо мақсади ғараз, дар ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ арзиши масолеҳи сохтмонии паркетро, ки аслан 1 170 743,1 сомониро ташкил медод, сохтакорона ба маблағи 6 487 344,8 сомонӣ нишон дод.”

Ба ҳисоби муфаттиши Оҷонсӣ, Зайд Саидов бо ин роҳ 4 миллиону 716 ҳазору 602 сомонии будҷаи давлатиро “азони худ кард ва бо ин кирдорҳои қасдонаи худ ба давлат зарари махсусан калоним оддӣ расонид.”

“Душанбе-Плаза” ё "Дугоникҳо" - баландтарин бинои пойтахти Тоҷикистон
“Душанбе-Плаза” ё "Дугоникҳо" - баландтарин бинои пойтахти Тоҷикистон

Оҷонсии зиддифасод мегӯяд, Зайд Саидов тавассути “Тоҷ-Сохтмон Байналмилал” дар сохтани “Душанбе-Плаза” ва сохтмонҳои дигар аз ҳисоби “изофанависии ҳаҷм ва арпзиши корҳои иҷрошуда, барзиёд нишон додани арзиши молу масолеҳҳои сохтмонӣ ва саркашӣ аз пардохти андозҳо” танҳо аз ҳисоби маблағҳои шаҳрдории Душанбе 36 миллион сомониро “тасарруф” кардааст.

Оҷонсии мубориза бо фасод дар маълумотномааш менависад, “айни замон таъқиби ҷиноятӣ нисбати Саидов З.Ш. бо аломати ҷинояти дар моддаҳои 245, қисми 4, банди “б”.азонихудкунӣ ба миқдори махсусан калон) ва 340, қисми 2(сохтакории ҳуҷҷатҳо) КҶ БТ пешбиникардашуда идома дорад.”

Зайд Саидови 56-сола – вазири собиқи саноат ва аз соҳибкорони муваффақи Тоҷикистон- рӯзи 19 майи соли 2013 баъди бозгашт аз сафари Фаронса дар фурудгоҳи Душанбе дастгир шуд. Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 25 декабри соли 2013 Саидовро бо бо ҷурмҳои сангине, чун “таҷовуз ба номус”, “бисёрзанӣ”, “қаллобӣ” ва “ришваситонӣ” ба 26 соли зиндон бо мусодираи молу мулк маҳкум кард. Ба дунбол, аз моҳи март ба ин тараф дастикам 6 корхонаву ширкати марбут ба Зайд Саидов ва наздикони ӯ ба фоидаи давлат мусодира карда шуд.

Фахриддин Зокиров
Фахриддин Зокиров

Худи Зайд Саидову тарафдоронаш таъқиби ӯро сиёсӣ номида мегӯянд, ки вай танҳо баъди эълони азмаш ба сохтани ҳизби Тоҷикистони нав мавриди таъқиб қарор гирифт. Мунтақидони давлат низ дар ин қазия омили сиёсиву молиро мебинанд ва мегӯянд, шояд як ҳадаф даст ёфтан ба дороиҳои ин соҳибкор аст, ки ба гуфтаи худаш, қариб 20 миллион долларашро ба иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст.

Аммо то ҳол талошҳои Зайд Саидов вакилонаш барои дар додгоҳҳои Тоҷикистон собит кардани бегуноҳии вай натиҷа надодаанд. Дар моҳи майи соли ҷорӣ Додгоҳи олӣ зимни баррасии шикояти ӯву вакилонаш ҳукми Зайд Саидовро бетағйир боқӣ гузошт.

Баракс Фахриддин Зокиров – яке аз 3 вакили мудофеи Зайд Саидов – худаш дар моҳи феврали соли равон, баъди таҳдиди ба додгоҳ кашондани раиси Оҷонсии мубориза бо фасод Абдуфаттоҳи Ғоиб, аз сӯи ин Оҷонсӣ бо иттиҳоми барнагардондани қарзи бонк низ боздошт шуд.

XS
SM
MD
LG