Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳпаймоиҳо ба шарафи 35-умин солгарди инқилоби исломии Эрон, ки дар Теҳрон бо суханронии Ҳасани Рӯҳонӣ оғоз шуд, дар шаҳрҳои мухталифи ин кишвар идома доранд.

Тибқи гузоришҳо, дар ин маросим муноқишаи ҳастаии Эрон ва музокира бо Ғарб дар меҳвари шиорҳои раҳпаймоён қарор гирифтааст ва бархе афрод навиштаҷоте бар зидди тавофуқ бо Амрико ва Ғарб дар даст доштанд.

"Созиши мо бо Амрико, маҳол аст, маҳол аст", "Мемирем, мемирем, созиш намепазирем" ва "На созиш, на таслим, набард бо Амрико" аз ҷумлаи навиштаҳои рӯи ин плакатҳост, ки хабаргузории "Меҳр"-и эронӣ ба он ишора кардааст.

Шиорҳои раҳпаймоён дар бораи "интихобҳои рӯи миз" ишора ба изҳороти мақомҳои амрикоӣ аст, ки борҳо гуфтаанд, барои ҳаллу фасли барномаи ҳастаии Эрон тамоми гузинаҳо аз ҷумла иқдоми низомӣ рӯи миз аст.

Пеш аз ин фармондеҳи Сипоҳи посдорон гуфта буд, ки "набарди мустақим бо Амрико" барои "инқилобиҳо" як "рӯъёи қавӣ" аст. Аҳмад Ҷаннатӣ, дабири Шӯрои нигаҳбон ҳам иддао кардааст, ки ҷанги мустақим бо Амрико орзуи оятуллоҳ Хумайнӣ, бунёдгузори Ҷумҳурии исломии Эрон буд.

Ҳамчунин хабаргузориҳои дигар аз ҳузури мақомҳои давлати Ҳасан Рӯҳонӣ монанди вазири умури хориҷӣ ва муовинони ӯ ва ҳамчунин сарони се қуваи ҳокимият ва дигар чеҳраҳои наздик ба ҳукумат дар Эрон дар раҳпаймоии имрӯз хабар медиҳанд.

Ҳанӯз маълум нест, ки дар раҳпаймоиҳои имсолаи солгарди инқилоби исломии Эрон кадом гурӯҳ ва ҷараёнҳо ширкат кардаанд, аммо чеҳраҳои маъруфи ҷараёни ислоҳталаб монанди Муҳаммад Хотамӣ, Маҷмаи рӯҳониёни мубориз ва дигарон даъват шуда буданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG