Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳҳор Маҳкамов: тарҳи «Роғун»-ро дар солҳои 90 худиҳо нест карданд


Қаҳҳор Маҳкамов, президенти аввалини Тоҷикистон дар як сӯҳбати сарироҳӣ ба хабарнигори «Озодӣ» гуфт, нерӯгоҳи Роғун ва тарҳи оби Сиёмаи Варзоб ду орзуе буд, ки ӯ натавонист амалӣ кунад.

Собиқ раҳбари Тоҷикистон мегӯяд, аввалин чархаи нерӯгоҳи Роғун бояд соли 1991 ба кор медаромад ва ин маънои онро дошт, ки дигар монеае барои анҷоми тарҳ боқӣ намемонад, чун ин чарха бақия чархаҳоро аз паси худ мекашид. Қаҳҳор Маҳкамов мегӯяд, он замон ҳеҷ мухолифате аз сӯи Ӯзбакистон вуҷуд надошт, чун тарҳ дар Тошканд омода шуда ва ба нафъи он буд. Вай бидуни овардани ном афзуд, мухолифони тарҳ дар дохил ва дар худи ҳукумати Тоҷикистон кор мекарданд ва онҳое, ки маълуманд, танҳо сояи ин нафарон буданд, ки бо шикоят роҳи Маскавро охурча карда, дарҳои Кремлро мекӯфтанд.

Ба қавли президенти аввалини Тоҷикистон, барои тарҳи нерӯгоҳи Роғун аз буҷаи давлат 1 миллиарду 340 миллион рубли шӯравӣ ҷудо шуда, то соли 1989 аз ин маблағ 740 миллион рубл (1 доллар = 80 копейка) дар тарҳ истифода шуда буд.

Қаҳҳор Маҳкамов аз соли 1963 раиси Госплани Тоҷикистон, сипас раиси Шӯрои вазирон (1982) ва аз соли 1985 – котиби аввали Кумитаи марказии Ҳизби Коммунист, амалан раҳбари Тоҷикистон буд ва мустақим дар таҳия ва иҷрои тарҳи нерӯгоҳи Роғун, ки тарҳи техникиаш соли 1974 омода ва сохтмонаш аз соли 1980 оғоз шуд, ширкат кардааст. Вай мегӯяд, барои ин тарҳ 40 пажӯҳишгоҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хулосаи худро дода буданд ва барои амалӣ шуданаш ягон шубҳае вуҷуд надошт. Ба қавли ӯ, ин тарҳ хоҳ – нохоҳ рӯзе ба анҷом мерасад, чун ба нафъи тамоми минтақа, пеш аз ҳама мухолифи сарсахташ Ӯзбакистон аст.

Тарҳи дигаре, ки собиқ раҳбари Тоҷикистон бо таассуф ба хотир меорад ва ҳам аз ёдовариаш чашмонаш барқ мезананд, интиқоли оби Сиёма ба Душанбе аст. Сиёма, яке аз ҳафт шохоби дарёи Варзоб дар 40 километрии шимоли Душанбе воқеъ аст. Иҷроиши ин тарҳро Тоҷикистон соли 1987 шурӯъ карда буд. Бояд 40 километр аз Душанбе ба Сиёма лӯлаи об мекашиданд.

Қаҳҳор Маҳкамов мегӯяд, оби Сиёма тозатарин оби минтақа аст ва ду ташхис дар лабораторияҳои Олмон полоиш (филтр)-и онро зарур наҳисобида буд, зеро ин об аз пиряхҳо маншаъ мегирад ва зимистони баҳор софу тоза аст. Вай афзуд, барои интиқоли он «Газпром»-и Шӯравӣ қубурҳои ғафсиашон 12 миллиметра ва диаметрашон 1 метру 200 сантиметраро ҷудо карда буд. Ҷаноби Маҳкамов мегӯяд, тибқи лоиҳа сари ҳар 10 километр бунёди се нерӯгоҳи 30 мегаватаро низ тарҳрезӣ карда буданд. Вай афзуд, 10 километри лӯлаи об аз сӯи Душанбе ба Варзоб то соли 1990 кашида шуд, аммо ба сабаби ноамниҳои баъдӣ ҳама лӯлаҳо ба яғмо рафтанд ва аз тарҳ чизе намонд. Қаҳҳор Маҳкамов мегӯяд, агар Душанбе бо оби Сиёма таъмин мешуд, сиҳатии мардум ҳам хуб ва зоҳиран ҳам хеле зебо ва солим мешуданд.

Бо номи Қаҳҳор Маҳкамов ҳаводиси моҳи феврали соли 1990, аввалин нооромиҳо дар Тоҷикистон, ки гӯё аз норизоиятии мардум алайҳи хона додани ҳукумат ба арманиҳои муҳоҷир ва осебдида аз зилзилаи ҳамон сол дар Боку ба вуқӯъ пайвастанд, вобаста аст. Дар ин ҳаводис 22 нафар аз тири кормандони милиса фавтида буданд. Қаҳҳор Маҳкамов истеъфо пурсид, аммо Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон онро қабул накард. Моҳи апрели соли 1990 ӯ раиси Шӯрои Олии Тоҷикистони Шӯравӣ интихоб шуд ва 30 ноябри ҳамон сол ин ниҳод ӯро президенти Тоҷикистон интихоб кард. Пас аз табадуллоти номуваффақи августи соли 1991 дар Маскав, маъруф ба ГКЧП, Шӯрои Олӣ Қаҳҳор Маҳкамовро, ки нахост Ҳизби коммунистро пароканда кунад ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ба қайд гирад, маҷбур ба истеъфо кард. «Ман мераваму аммо шумо рӯзе пушаймон хоҳед шуд!» - ин гуфтаи маъруфи аввалин президенти Тоҷикистон дар рӯзи истеъфояш буд.

Қаҳҳор Маҳкамов аз суҳбат дар бораи ҳаводиси сиёсӣ худдорӣ кард ва гуфт, китоби хотироташро ҳам нахоҳад навишт, зеро баҳои воқеиро ба фаъолияти як раҳбар ва шахс бояд мардум ва таърих диҳанд.
XS
SM
MD
LG