Пайвандҳои дастрасӣ

Марги мармузи Низомиддин дар шӯъбаи милисаи Вахш


Ҷунайд Ҳомидов дар Маркази дифоъ аз ҳуқуқи башари Тоҷикистон

Ҷунайд Ҳомидов дар Маркази дифоъ аз ҳуқуқи башари Тоҷикистон

Мақомоти Тоҷикистон аз марги Низомиддин Ҳомидов дар шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Вахш изҳори бехабарӣ мекунанд, вале падараш иддао дорад, ки ӯ бар асари шиканҷа ҳалок шудааст.

Маркази дифоъ аз ҳуқуқи башари Тоҷикистон мегӯяд, дар бораи марги мармузи боз як ҷавон дар боздоштгоҳ гузориш гирифтааст. Парвина Наврӯзова, масъули Маркази дифоъ аз ҳуқуқи инсони Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, имрӯз сокини ноҳияи Вахш Ҷунайд Ҳомидов дар робита ба латту кӯбу шиканҷа ва марги фарзанди 27-солааш Низомиддин дар боздошт ба маркази онҳо муроҷиат намуда, навори видеоӣ бо аломатҳои шиканҷа дар бадани фарзандашро низ пешкаш кард.

«Тавре дида мешавад, дар ҷасади Низомиддин дар тахтапуштааш то миён доғҳои хун мушоҳида мешавад, вале то анҷоми ташхис мо наметавонем бигӯем, ки вай бар асари шиканҷа ба марг расидааст ё ба ягон иллати дигар,» меафзояд Парвина Ҳомидова.

Ин созмони ҳуқуқи башар барои таҳқииқи қазия як вакилашро сафарбар кардааст. Парвина Ҳомидова мегӯяд, азбаски падари Низомиддин аз хонаводаи фақир аст, сарфу харҷи вакили мудофеъро маркази дифоъ аз ҳуқуқи башар ба дӯш мегирад.

Ҷунайд Ҳомидов, сокини ҷамоати Рӯдакии ноҳияи Вахш рӯзи 6 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ҳам гуфт, ки фарзанди 27-солаашро пулиси ноҳия ба гумони дуздӣ боздошт карда, пас аз як шаб ҷасади ӯро баргардондаанд. Ба гуфтаи Ҷунайд Ҳомидов, кормандони шӯъбаи корҳои дохилӣ (ШКД)-и ноҳияи Вахш фарзанди ӯ Низомиддинро рӯзи 30 март аз назди як толори бозии билярд дар маркази ноҳия ба гумони дуздӣ боздошт карда, ба шӯъбаи пулис овардаанд, вале рӯзи дигар хабар додаанд, ки ҷасади писарашро бубарад.

Мақомот гуфтаанд, ки писараш дар камера бо майкае ки дар тан дошт, худро овехтааст. Вале Ҷунайд Ҳомидов ба ин фарзияи мақомот бовар надорад ва мегӯяд, ки дар як шаб бачаашро ончунон латту кӯб карданд, ки қабурғаҳояш шикаставу доғҳои сиёҳ дар баданаш рӯшан дида мешуд. Ӯ афзуд, ҷанозаи Низомиддинро алакай ба хок супурдаанд, вале вай навори видеоӣ бо аломатҳои шиканҷа дар бадани фарзандашро ба вазорати корҳои дохилӣ, додситонӣ ва идораҳои дигар бурдааст.

Дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар робита ба ин ҳодиса изҳори бехабарӣ карда, вале бо сабти ному насаби ҷабрдида ваъда дод, ки ба ин масъала расидагӣ хоҳад шуд.

Ҷунайд Ҳомидов дар ҳамин ҳол мегӯяд, «писарам бекор набуд, дар Санэпидемстансияи ноҳия кор мекард ва ҳеҷ вақт дуздӣ намекард. Ман навори латту кӯби фарзандамро дар панҷ нусха сабт кардам ва ба тамоми идораҳо пешкаш мекунам, то ки кормандони милиса ҷазои амали худро бинанд.»

Иддаои нав дар бораи марги боз як нафар бара сари латтукӯб дар боздошт дар ҳолест ки мақомоти интизомии Тоҷикистон дар солҳои охир ба далели вуҷуди шиканҷа мавриди интиқодҳои батакрори созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи башар қарор гирифтаанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар се соли ахир дар Тоҷикистон дастикам 6 нафар, бо шумули Ҳамза Икромзода, Сафаралӣ Сангов, Исмоил Бачаҷонов, Хуршед Бобокалонов, Баҳромиддин Шодиев ва Умедҷон Тоҷиев дар пайи боздошт ваё дар зиндон ва зоҳиран бар асари шиканҷа ба ҳалокат расидаанд. Аз ин миён то имрӯз танҳо пайвандони Исмоил Бачаҷонов тавонистаанд аз идораи зиндонҳои вазорати адлия 30 000 сомонӣ, пайвандони Сафаралӣ Сангов аз вазорати дохила – 46 000 ва модари Баҳромиддин Шодиев – аз пулиси ноҳияи Шоҳмансури Душанбе 14 000 сомонӣ товон рӯёнанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ аммо мегӯянд, шиканҷаву бадрафторӣ як падидаи фарогир дар сохторҳои интизомии Тоҷикистон боқӣ мемонад ва омори расмии мақомот тамоми мавридҳои шиканҷа дар боздоштгоҳҳову зиндонҳои ин кишварро дар бар намегирад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG