Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ин рӯзҳо, ки бисёре аз шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон дастнорас шудаанд, Шумо метавонед барои нашри малабҳои худу тамос бо дӯстон аз имконоти "Саҳифаи хонандагон"-и Радиои Озодӣ истифода баред.

Дар ин шабурӯз, ки дар Тоҷикистон бисёре аз шабакаҳои иҷтимоӣ дастнорас шудаанд, Радиои Озодӣ ба хонандагонаш пешниҳод мекунад, то аз имконоти гӯшаи "Саҳифаи хонандагон" барои нашри акс, видео ё хабаре, ки доранд, истифода кунанд. Ҳамин тавр, шумо метавонед аз ин роҳ ба дӯстони худ паём бифиристед.

Фиристодани ҳама гуна мавод ба ин сафҳа хеле осон аст ва ҳамагӣ чанд лаҳза вақти Шуморо мегирад. Барои ин ба Сафҳаи Гузориш биравед ва бо навиштани маълумоти кӯтоҳ маводи худро бифиристед.Аммо ҳатман бо қоидаҳои ирсол ва нашри мавод барои сафҳаи "Хабарнигори мардумӣ" шинос шавед ва онҳоро риоят кунед. Аз Шумо хабарҳои наву ҷолиб, акс ва навоҳои видео аз рӯйдодҳои гуногунро интизорем.

XS
SM
MD
LG