Пайвандҳои дастрасӣ

Паради низомӣ ба муносибати 70-умин солгарди пирӯзӣ бар фашизм дар Тоҷикистон имсол як рӯз қабл аз таҷлили Рӯзи Ғалаба ва бо ширкати 2 ҳазор нафар аз ҳарбиёни тоҷику рус сурат гирифт.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, баъди иштирок дар маросими бахшида ба 70-солагии Ҷанги Дуввуми Ҷаҳон дар Душанбе, озими Русия шуд, то дар паради низомии Майдони Сурх ширкат кунад.

Ҷаноби Раҳмон қабл аз сафараш ба пойтахти Русия, субҳи ҷумъаи 8 май дар як маросим дар "Боғи ғалаба"-и шаҳри Душанбе, Ҷанги Дуввуми Ҷаҳониро, аз ҷумлаи фоҷиабортарин ҷангҳо хонд ва гуфт, "оқибатҳои даҳшатбори он то ҳанӯз дар ҷисму қалбҳои одамон ва хонадони мардумони гуногуни олам, аз ҷумла халқи тоҷик эҳсос карда мешавад."

Вай афзуд, аҳамияту арзиши ин сана бо гузашти солҳо ва махсусан вобаста ба густариши нооромиву бесуботӣ дар минтақаҳои гуногуни олам дар ҳоли афзоиш аст: "Бахусус дар шароити ноором ва бисёр мураккаби имрӯза, ки таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ рӯз то рӯз вусъат пайдо карда истодаанд, тарғибу ташвиқи сулҳу дӯстӣ ва корнамоиҳои фарзандони далеру шуҷои Ватан барои мубориза бар зидди хатарҳои муосир, аз қабили терроризму ифротгароӣ ва миллатгароиву нажодпарастӣ бо мақсади тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ ва озодихоҳии наслҳо ниҳоят муҳим мебошад."

Ҷаноби Раҳмон, дар идомаи сӯҳбат бо ёдоварӣ аз корнамоиҳои тоҷикон дар Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ афзуд, "ҳоло дар Тоҷикистон кам хонадонеро пайдо кардан мумкин аст, доғи ин ҷанги мудҳишро эҳсос накарда бошад. Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ҷанг Тоҷикистон ҳамаи захираҳову имкониятҳо ва сокинони худро ба майдони набард сафарбар кард. Аз ҷумла, 300 ҳазор нафар тоҷикон дар ин ҷанг ширкат карда, 92 ҳазор нафрашон ба хотири ҳифзи марзу бум дар майдонҳои набард ба ҳалокат расидаанд"- гуфт раиси ҷумҳури Тоҷикистон.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки ҳукумати кишвар ба таври доимӣ ба собиқадорони ин ҷанг кӯмакҳои молӣ мерасонад ва ҳамчунин хотираи онҳоеро, ки осудагии имрӯзаро бо баҳои ҷони худ харидаанд, пос медорад.

Ин ҳам дар ҳоле, ки Қумриддин Табаров, ки ҳоло 91 сол дорад, мегӯяд, дар 16-солагӣ ба сафи қушунҳои ҳарбии Иттиҳоди Шуравӣ пайваст ва аз ҷанг ба ҷанг то Берлин расид. Ӯ мегӯяд, “он даҳшате, ки дар ин муддат аз сар гузаронидем, гуфтан имкон надорад. Ман дар қӯшунҳои хушгигард будам ва дар набардҳои зиёд иштирок кардам. Худоро шукр, ки ҳеҷ ҷароҳат набардоштам, танҳо аз поям каме лат хӯрда будам. Вақте, ки дар Берлин будем, ва эълон карданд, ки мо пирӯз шудем, беҳтарин лаҳзаи умрам фикр мекунам ҳамин буд.”

Қумриддин Табаров гуфт, шояд ҳамин бовари ӯ ба ғалаба буд, ки дар ин ҷанг ҷон ба саломат бурд ва ҳоло дар иҳотаи фарзандон ва наберагонаш ба сар мебарад. Дар ҳамин ҳол Ёқуб, як ҷавони тоҷик дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, зиндагиномаи собиқадорони Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ барои насли ҷавон аз он лиҳоз ибратомӯз аст, ки ба нархи ҷони худ то ба охир зидди душман мубориза бурданд.

Вай гуфт, “сарфи назар аз он, ки душман ба ватани мо ҳуҷум мекунад, ё не, мо бояд алайҳи нерӯи аҳриманӣ бошем. Нерӯе, ки инсониятро ба хоку хун мекашад ва як табақаи инсонҳоро аз инсонҳои дигар боло мегузорад, зарур аст, ки мо бар зидди онҳо иқдом кунем. Ҳоло баҳсҳо сари Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ё Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ ном бурдани ин набард шунида мешавад. Аммо худи ин собиқадорон онро Ҷанги Бузурги Ватанӣ ном мебаранд. Аз он, ки ҳоло шумораи ин ҷанговарон торафт дар кишвар кам мешавад ва вазифаи мо низ ҳамин аст, ки барои онҳо шароите беҳтареро фароҳам кунем. Чун бе ин ҳам онҳо рӯзҳои сахтро пушти сар кардаанд.”

​Зимнан, 70-умин солгарди ҷашни пирӯзӣ ба Олмони нозиро имсол сарварони наздики 30 кишвар аз ҷумла Тоҷикистон дар Майдони Сурхи Маскав ва дар канори Владимир Путин дар таърихи 9 май таҷлил мекунанд.

Ба иттиллои вазорати дифои Тоҷикистон ҳоло як ротаи ин ниҳод иборат аз 100 нафар, таҳти раҳбарии Илҳом Махсумов, афсари Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар Маскав қарор доранд ва дар ин паради низомӣ дар майдони назди Кремли Маскав ширкат хоҳанд кард. Ба гуфтаи Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифоъ, ин рота ҳанӯз дар таърихи 25 апрел ба шаҳри Маскав сафар карда буд ва имрӯзҳо дар машқҳои омодагӣ ба паради низомӣ иштирок доранд.

Зимнан, дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳудуди 300 ҳазор аз Тоҷикистон ба ҷанг сафарбар шуда, чаҳоряки онҳо дар роҳи дифоъ аз Иттиҳоди Шӯравӣ кушта шуданд. 54 шаҳрванди тоҷик ба дарёфти унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ноил шуда, 15 нафари дигар аз Тоҷикистон дар солҳои ҷанг ҳамаи се нишони фохираи "Слава" ё худ "Шӯҳрат"-ро, ки аз пурифтихортарин нишонҳои давраи ҷанг буд, ба даст оварданд.

Аз ҷамъи собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистон феълан ҳудуди 900 нафар ба сар мебаранд, ки дар муқоиса ба даҳ сол пеш теъдоди онҳо ба маротиб камтар шудааст. Ҳукумати Тоҷикистон, шахси раиси ҷумҳур дар остонаи таҷлили ҷашни 70 солагии пирӯзӣ бар фашизм ба ҳар яке аз кӯҳнасарбозони ин ҷанг маблағи пулии 1, 5 ҳазор сомонӣ эҳдо кард. Ҳамин тавр раиси шаҳри Душанбе, раҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба иштирокчиёни ҷанг кӯмакҳои пулӣ расонданд.​

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG