Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикваи занҳои тоҷик аз "танаффус"-и робитаи маҳрамона


Коршиносони масоили гендерӣ дар пайи муқоисаи омори тарзи ҳаёти солими занон дар 11 кишвари ИДМ (СНГ) ба натиҷае расидаанд, ки ангезаи шаҳвонии занони тоҷик камтар аз занони кишварҳои дигар аст.

Маҳина, як зани 33-солаи тоҷик мегӯяд, баъди 14 соли зиндагии муштарак бо ҳамсараш, самимияти пешина камранг шуда, шавқи ҳамхобагиву ҳамнафасӣ низ аз байн рафтааст. Ӯ мегӯяд, танҳо ба хотири ҳимояти оила ва ҳарфи мардум вонамуд мекунад, ки аз зиндагиаш розист.

Маҳина ки дар остонаи Рӯзи Модар бо Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт: “Бо шавҳарам бо хости волидайн издивоҷ кардем, тӯли ин солҳо ҳарчанд ду фарзанд ба дунё омад, аммо то ба ҳол натавонистем ба дунёи ҳамдигар ворид шавем. Фикру андеша ва завқи мо гуногун аст, аз ин рӯ ҳарду азоб мекашем. Албатта, мушкил аст, вақте бо нафаре зиндагӣ мекунӣ, ки бо ӯ ягон муштаракот надорӣ, вале вақте фарзандон ба дунё меоянд, дигар ба хотири онҳо маҷбурӣ оиларо ҳифз кунӣ."

Маҳина шавҳарашро рӯ ба рӯ бо зане надидааст, аммо ҳадс мезанад, ки эҳтимол бо дигаре робита дорад ва ин аст, ки солҳои ахир ба ҷойгаҳи ӯ аслан наздик намешавад.

Қиссаҳои занона аз робитаи маҳармона бо ҳамсар, ки гоҳ-гоҳ дар матбуот ва гоҳе ҳам дар машшотахона, макони таҷаммӯи занон ҳокӣ аз инанд, ки бо вуҷуди ҷавон будан, бахши умдаи занҳо бо ҳамсарҳои худ равобити маҳрамона надоранд ё камтар доранд. Коршиносони масоили гендерӣ дар пайи муқоисаи омори тарзи ҳаёти солими занон дар 11 кишвари ҳамсуд ба натиҷае расидаанд, ки ангезаи шаҳвонии занони тоҷик камтар аз занҳои кишварҳои дигар аст.

Ин пажӯҳиш шохисеро муайян кардааст, ки бар пояи шаҳодати худи занҳо тартиб ёфтааст. Аксари занҳои тоҷик -- онҳое, ки дар назарсанҷӣ иштирок кардаанд, ба пажӯҳишгарон гуфтанд, танаффуси равобити маҳрамонаи онҳо бо шавҳаронашон на ба ҳафтаҳо, балки ба моҳҳо мекашад.

Бино ба ин феҳрист, дар Тоҷикистон теъдоди чунин занҳо наздики 45 дарсад будаанд ва ин пасттарин нишондод дар байни кишварҳои муштаракулманофеъ аст. Ин вазъият ба гуфтаи пажӯҳишгарони гендерӣ, аксаран сабаби фурӯпошии оила ё ба зани дувум рӯ овардани мардон мешавад.

Носир, як ҷавони 35-солаи тоҷик дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ эътироф кард, ки робитаи ҷинсӣ дар оилаи ӯ масъалаи аввалиндараҷа нест ва бештари вақт аз мадди назари ӯву ҳамсараш дур мемонад: “Чун ҳоло зиндагӣ вазнин аст, ману ҳамсарам рӯзи дароз дар кор ҳастем, хаста аз кор бармегардем, дар ин маврид ҳатто фикр ҳам намекунам. Маълум аст, ки чунин муносибат торафт меҳрро миёни ҳамдигар камтар ва муносибатро сард мекунад ”- мегӯяд Носир.

Заррина Кенҷаева, равоншинос.
Заррина Кенҷаева, равоншинос.

Ҷомеашиносон ва“сексопотолог”-ҳо камаҳамият шудани гуворотарин робитаи инсонҳо дар оиларо ба чанд омил марбут медонанд. Ба гуфтаи онҳо, агар аз як сӯ издивоҷҳои маҷбурӣ ва бидуни ишқу чунин вазъро ба амал орад, аз тарафи дигар мушкилоти беохири иҷтимоиву иқтисодӣ ва муҳоҷират, боис ба паст шудани ангезаи шаҳвонии занон мегардад.

Заррина Кенҷаева, равоншинси тоҷик мегӯяд, “дар бештари маворид, ҳангоми ҷудошавии оилаҳо мо решаи аслии мушкилро ҷустуҷӯ намекунем, дар ҳоле ки яке аз сабабҳои аслияш метавонад ҳамин талаботи пасти шаҳвонӣ бошед. Бубинед, мардони мо чунин сохта шудаанд, ки худ талаботи зиёд доранд, аммо, аз занҳо тақозо мекунанд, ки шикастанафс бошанд. Аз ин хотир, бештари занҳои тоҷик ҳамин майлро дар худ ”хомӯш” мекунанд ва талош мекунанд то фикрашон ба дигар тараф бошад. Аз ҷониби дигар занҳое, ки шавҳаронашон муддатҳои зиёд дар муҳоҷиратанд, ба таври автоматикӣ кӯшиш мекунанад хоҳишҳои худро таҳти назорат нигоҳ доранд. Чун шавҳар барои як муддат бармегардад, ҳиссиётҳоро бедор мекунад ва боз занро гузошта меравад. Чунин рафтор боиси он мешавад, ки зан хаста гашта, нерӯи худмуҳофизаткунияшро аз даст медиҳад. Нисбати худ нобоварияш зиёд шуда, нисбати шавҳар эътимодаш кам мегардад."

Марҳабо Зунунова, ҷомеашиноси тоҷик.
Марҳабо Зунунова, ҷомеашиноси тоҷик.

Хонум Кенҷаева меафзояд, дар чунин ҳолат зиндагии зану мард бо мушкилӣ мегузарад ва ба вижа занон, ки табиатан романтик ё ҳассос ҳастанд, рӯҳан азоб мекашанд, вале аз зоҳир кардани мушкили худ шарм медоранд.

Аммо Марҳабо Зунунова, раҳбари маркази “Издивоҷ ва оила” ба паёмади дигари ин мушкил ишора мекунад ва мегӯяд, “ман намедонам чаро пизишкон то имрӯз ҳеҷ таҳлиле анҷом надодаанд, аммо бардошти ман аз сӯҳбат бо занони муҳоҷирон ва умуман ҳамин насли баъди ҷангӣ ин аст, ки қонеъ нашудани талаботи шаҳвонӣ, роҳро ба бемориҳои мухталиф боз кардааст. Ҳарчанд аз ҷаҳати равонӣ низ ба онҳо ин мушкил таъсири ҷиддӣ расонидааст, аммо бо назардошти тарбияи шарқиёна, ин занон аксаран лаб фурӯ мебаранд.”

Ба иддаои ин ҷомеашинос, ҳамчунин ба назар гирифтани сатҳи иҷтимоӣ ва фарҳангии зану мард ҳангоми издивоҷ бисёр муҳим аст ва ба қавли ӯ, ҳамин нобаробарӣ имрӯз як омили аслии набуди хушбахтӣ дар муносиботи зану шавҳар шудааст.

XS
SM
MD
LG