Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раъйпурсии баҳсбарангези Озарбойҷон шурӯъ шуд


Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон зимни раъйҳидӣ дар шаҳри Боку.
Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон зимни раъйҳидӣ дар шаҳри Боку.

Дар Озарбойҷон раъйпурсии умумӣ дар бораи тағйиру иловаҳо ба конститутсия оғоз ёфт, ки аз ҷумла тамдиди давраи раёсати ҷумҳурӣ аз 5 то 7 солро дар назар дорад. Қитъаҳои раъйдиҳӣ соати 8 субҳ боз шуданд ва соати 7 шом ба вақти маҳаллӣ баста мешавад. Дар маҷмӯъ 29 тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосӣ пешниҳод шудааст ва раъйдиҳандагон метавонанд, ба тарафдорӣ ва ё мухолифи пешниҳодоти алоҳида раъй диҳанд. Бар иловаи тамдиди мӯҳлати раёсати ҷумҳурӣ, дар тарҳи нави Қонуни асосии Озарбойҷон таъсиси ду мақоми муовини раиси ҷумҳур пешниҳод шудааст, ки ҳардуро президент таъйин ва ё аз мақом барканор мекунад. Дар сурати қабули ислоҳот, раиси ҷумҳури Озарбойҷон ҳақ пайдо мекунад, порлумонро пароканда карда ва интихоботи зудрас эълон кунад. Синни номзад ба раиси ҷумҳур, ки ҳоло 35 сола таъйин шудааст, аз байн бурда мешавад ва ҷавонони 18 сола низ метавонанд, худро ба мақоми номзад ба вакили маҷлис пешбарӣ кунанд. Бар асоси Конститутсияи феълӣ синни номзад ба мақоми вакил набояд поинтар аз 25 сол бошад. Ислоҳоту тағйирот ба Қонуни асосии Озарбойҷонро як талоши дигари ҳукумат барои таҳкими қудрат дар дасти раиси ҷумҳур Илҳом Алиев медонанд. Ҳомиёни ҳуқуқи башар Илҳом Алиевро барои саркӯб кардани дигарандешону матбуот пайваста танқид мекунанд.

XS
SM
MD
LG