Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, рӯзҳои 13-14 июл ба минтақаи Осиёи Марказӣ омада, вале танҳо аз Қирғизистон дидан хоҳад кард. Ин нахустин сафари расмии раҳбари сиёсии Олмон ба як кишвари Осиёи Марказист.

Канслери федеролии Олмон бо даъвати Алмосбек Отамбоев роҳии Қирғизистон шудааст ва ду раҳбар дар бораи ҳамкориҳои кишварҳояшон дар масоили сиёсиву иқтисодӣ, вазъи ҷаҳон ва чолишҳои минтақавӣ сӯҳбат мекунанд. Мулоқоти ҷудогонаи Меркел, инчунин, бо раҳбарони мазҳабии ин кишвар дар назар аст. Дар ҷараёни ин музокирот вазъи ақаллиятҳо ва озодиҳои динӣ баррасӣ хоҳад шуд.

Яке аз раҳбарони муҳими сиёсии ҷаҳони Ғарб аз роҳи дур танҳо барои дидани Қирғизистон меояд ва барномаи сафараш дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказиро дар назар намегирад. Ин дар ҳолест, ки маъмулан ҳангоми сафар ба минтақа лидерони сиёсии Ғарб талош мекунанд, ки якбора аз чанд кишвари ба қавлашон ҳамкор дар Осиёи Марказӣ дидан кунанд.

Франк Волтер Штайнмайер, вазири корҳои хориҷии Олмон

Франк Волтер Штайнмайер, вазири корҳои хориҷии Олмон

Сафари охирин ва баландтарин мақоми олмонӣ ба Тоҷикистон моҳи апрели соли ҷорӣ анҷом шуд. Френк Валтер Штейнмайер, ба таъкиди мақомоти расмӣ, он замон дар чаҳорчӯби ду рисолати феълӣ – вазири корҳои хориҷии Олмон ва намояндаи кишвари раҳбари давраии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо аз Тоҷикистон дидан кард. Дар пайи дидору гуфтугӯҳо бо президент Эмомалӣ Раҳмон Штейнмайер гуфт, дар маркази таваҷҷӯҳ чолишҳои амниятии Афғонистони ҳаммарз бо Тоҷикистон қарор дорад.

Айни замон, бо ишора ба вазъи сиёсии Тоҷикистон, Штейнмайер мақомоти тоҷикро он вақт ба ба муколама бо нирӯҳои сиёсии дигарандеш дар кишвар даъват карда буд. Ин замоне буд, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон қазияи 14 узви ҳизби наҳзати исломиро баррасӣ мекард ва интиқод аз нақзи ҳуқуқи онҳо дар боздоштгоҳ, ношаффоф будани худи парванда ва иттиҳомот дар сатҳи созмонҳои мудофеи озодии баён ва ҳам матуботи мустақил матраҳ буд.

Парвиз Муллоҷонов

Парвиз Муллоҷонов

Бархе таҳлилгарон дар дохили Тоҷикистон мегӯянд, набуди исми Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дар барномаи сафари Ангела Меркел метавонад баёнгари мавқеи ӯ нисбат ба режимҳои сиёсии ин кишварҳо бошад. Таҳлилгари сиёсӣ Парвиз Муллоҷонов дар сӯҳбат бо Озодӣ аз шаҳри Душанбе гуфт, эҳтимол сабаби танҳо бо Қирғизистон иктифо кардани раҳбари Олмон ба “масруфияти зиёди” садри аъзам аст. Вале мусаллам аст, интихоб болои кишваре афтодааст, ки, ба қавли Муллоҷонов, низомаш ба низоми демократӣ наздиктар аст.

“Раҳбарияти Қирғизистон дар назари онҳо нисбатан озодтаранд ва ба Ғарб - наздиктар. Худи Меркел ҳоло дар як бӯҳрони шадид қарор дорад. Масъалаи пуштибониаш аз мавҷи муҳоҷирон ӯро дар як ҳолати ногувор қарор дод. Худи Иттиҳоди Аврупо аз барои ҳамин масъала дар бӯҳрон аст ва бо хатари парокандашавӣ қарор дорад,” – гуфт ӯ.

Саймуддин Дӯстов, таҳлилгари масоили сиёсӣ Олмонро як кишвари муҳим ва таъинкунандаи сиёсатҳои Иттиҳодияи Аврупо мешуморад, ки дар Осиёи Марказӣ тавассути ИА, САҲА ва Бюрои ҳуқуқи инсон манфиатҳои худро амалӣ мекунад. Айни замон, ба гуфтаи Дӯстов, як вижагии Олмон дар “муҳофизакории сиёсиаш” аст, ки дар робита бо таҳаввулоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ дар Осиёи Марказӣ “ҳассосият нишон намедиҳад”.

Саймуддин Дӯстов

Саймуддин Дӯстов

Вай мегӯяд, “муттафиқони ғарбии Олмон ин кишварро ҳанӯз аз замони Уинстон Черчилл ба ҳайси муттафиқи ҷаҳони Ислом ва дертар ҳамчун пуштибони муҷоҳидони афғон мешинохт. Вале агар ба таҳлили равобити Тоҷикистону Олмон бипардозем, дар бахши расмиву ғайрирасмии ин муносибот таносуби ҳамкориҳоро 99 бар 1 дарсад мебинем. Сафарҳои расмӣ ва равобити байнипорлумонии кишварҳо бениҳоят ночиз аст. Вале дар баробари ин, дар Тоҷикистон баъди сафоратхонаи Русия муҳимтарин сафоратхона аз Олмон аст. Ин сабабҳои худро дорад. Бо ин ки гардиши савдои миёни Тоҷикистон ва Олмон хеле ночиз аст ва тақрибан 0,1 дар сади савдои хориҷии Тоҷикистонро ташкил медиҳад, нухбагони Тоҷикистон маҳз Олмонро маҳалли асосии муолиҷаву табобати худ қарор додаанд.”

Дар изҳороти расмӣ мақомот Тоҷикистон Олмонро як шарики муҳими ин кишвар дар қораи Аврупо мешиносанд ва мегӯянд, ки Берлин танҳо дар 14 соли охир ба Тоҷикистон ба маблағи қариб 250 миллион евро кумакҳои билоиваз расондааст. Моҳи феврал Олмон бо имзои боз як созишнома ба Тоҷикистон ваъдаи 54 миллион евро ёриҳои фаннии дигар кард.

Аммо дар бахши ҳамкориҳои иқтисодӣ, аз имконоти ин бузургтарин иқтисоди қораи Аврупо зиёд истифода нашудааст. Бино ба омори расмии Олмон, дар соли 2015 содироти ин кишвар ба Тоҷикистон ҳамагӣ 45 миллион евро ва аз Тоҷикистон ба Олмон танҳо 1,8 миллион евроро ташкил додааст.

Вале як таҳлилгари ғарбӣ мегӯяд, бо ин ки Ангела Меркел танҳо аз Қирғизистон дидан мекунад, бо ин сафараш барои дигар гӯшаҳои минтақа паём медиҳад, ки аз ин ҳукуматҳо тағйироти демократиро интизор аст.

Лилит Геворгян

Лилит Геворгян

Лилит Геворгян, таҳлилгари масоили Шӯравии собиқ дар пажӯҳишгоҳи Ihs.com дар Лондон, дар посухи катбӣ ба Озодӣ гуфт, “агар Меркел дар барномаи сафараш дар охирин лаҳза тағйирот ворид накунад ҳам, ба кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ паёми қавие медиҳад, ки Олмон, яке аз кишварҳои калидии Иттиҳодияи Аврупо, мехоҳад, дар ин минтақа шоҳиди гузариш ба низомҳои воқеан демократӣ мебошад. Қирғизистон, ҳарчанд танҳо кишваре дар Осиёи Марказӣ аст, ки ду инқилоби сиёсиро пушти сар кардааст, вале дар ин кишвар ҳам як андоза ақибравӣ аз меъёрҳои демократӣ эҳсос мешавад. Сафари Меркел ба Қирғизистон як даъвате мешавад барои он ки аз рисолатҳои демократиаш дар солҳои 2005 ва 2010 ақибнишинӣ накунад ва барои бунёди сохторҳои демократӣ иқдом кунад”.

Геворгян мутмаин аст, ки аз лиҳози сиёсати хориҷӣ Меркел мехоҳад нишон диҳад, ки на танҳо захираҳои газу нафт дар маркази манфиатҳои стратегии Олмон дар минтақаи Осиёи Марказӣ қарор дорад, балки ин кишвар ба сиёсатҳои дохиливу хориҷӣ ҳам таваҷҷӯҳ нишон медиҳад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG