Пайвандҳои дастрасӣ

Тюрина: Агар чунин шароит дар мо мебуд, рекорд мегузоштем (ВИДЕО)


Анастасия Тюрина, узви дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон, дар мусобиқоти шиноварӣ аз рӯи барономаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия ширкат меварзад.

Ӯ дар сабқати шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод иштирок хоҳад кард, ки рӯзи 12 август шуруъ мешавад.

Анастасия Тюрина дар ҳайати тими мунтахаби олимпии Тоҷикистон аз ҳама хурдсол аст. Вай, ки барои аввалин бор дар Бозиҳои олимпӣ иштирок мекунад, 27 сентябр ба синни 15 хоҳад расид. Ӯ хонандаи синфи 8-и мактаби миёнаи рақами 28-и Душанбе мебошад.

Анастасия Тюрина дар суҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ аз ширкати худ дар Олимпиадаи Рио изҳори хушӣ кард ва гуфт, ки дар ин ҷо ҳама чизи зарурӣ барояш муҳайёст.

Вай афзуд, "агар чунин шароитҳо дар мо мебуданд, рекорди ҷаҳонӣ мегузоштем. Росташро гӯям, ман барои медал мубориза бурда наметавонам, зеро ки дар шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод натиҷаи беҳтаринам ҳатто аз варзишгароне, ки меъёри литсензиониро иҷро кардаанд, паст аст. Вале ман мекӯшам, дар Бозиҳои олимпӣ натиҷаамро беҳтар намоям ва рекорди инфиродӣ гузорам."

АНАСТАСИЯ ТЮРИНА

Шиноварӣ, 50 метр бо тарзи озод

27 сентябри соли 2001 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст.

Аз соли 2012-ум ба шиноварӣ машғул аст.

Мураббиаш Катерина Измайлова мебошад.

Номзад ба Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Дар чемпионати ҷаҳон дар Доҳа (Қатар, 2014) ва Қазон (Россия, 2015) иштирок кардааст.

Соли 2015 дар чемпионати Тоҷикистон дар шноварӣ бо тарзи озод ғолиб шудааст.

Хонандаи синфи 8-уми мактаби таҳсилоти умумии рақами 28-и шаҳри Душанбе мебошад.

Тақвими мусобиқоти варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Рио-2016:

11-12 август, шиноварӣ

Олим Қурбонов, бо тарзи озод дар масофаи 50 метр миёни мардон

12-13 август, шиноварӣ

Анастасия Тюрина, бо тарзи озод дар масофаи 50 метр миёни занон

12 август, дзюдо

Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, дар вазни +100 кг

15-17 август, варзиши сабук

Кристина Пронженко, давидан ба масофаи 200 метр миёни занон

17, 19 август, гурзандозӣ

Дилшод Назаров

Нарзуллоҳи Латиф,

Рио-де-Жанейро

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG