Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муаллифи сенария - Солженитсин, коргардон - Путин


Солженитсин бо Путин. Акс аз соли 2007

Солженитсин бо Путин. Акс аз соли 2007

Суханони Путин дар бораи Қазоқистон ва Украина ва ҳам сиёсати ошкору пинҳони ӯ, куллан дидгоҳи геополитикии ҳукуматаш баъзе аз андешаҳои як эссеи соли 1990-и барандаи Ҷоизаи Нобел Александр Солженитсинро ба ёд меорад.

​Суханони раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин, ки, зоҳиран, қонунӣ будани давлатдории Қазоқистонро зери суол бурд, пажвоки як изҳороти дигари ӯст, ки хеле пеш аз оғози бӯҳрони Украина садо дода буд. Нигоҳи геополитикии ӯ ба “Русияи бузург” баъзе аз андешаҳои як эссеи соли 1990-и барандаи Ҷоизаи Нобел Александр Солженитсинро ба ёд меорад.

Дар як саволу ҷавоби Путин бо ҷавонони Кремлпараст дар урдугоҳи Селигер рӯзи 29-уми август, духтаре аз “афзоиши миллатгароӣ” дар Қазоқистон изҳори нигаронӣ кард. Ин ҷавонзан пурсид, оё сенариои Украина дар Қазоқистон дар ҳоли суқути раисиҷумҳур Нурсултон Назарбоев имконпазир аст ва Кремл он гоҳ чӣ хоҳад кард?

“Имконияти якшавии қонунии [Қазоқистони шимолӣ бо Русия] чӣ қадар аст?” – пурсид ӯ.

Путин ба аҳамияти Қазоқистон ҳамчун ҳампаймони Русия таъкид кард ва бо кушоддастӣ аз Назарбоев ҳамчун раҳбари оқил, ки беҳбуди кишварашро мехоҳад, ситоиш намуд. Вай гуфт, Назарбоев шояд тавонотарини ҳамаи сарварони кишварҳои пасошӯравист.

Аммо бахше аз ин посух дар Қазоқистон мисли бонги хатар садо дод.

“[Назарбоев] як рисoлати комилан беназиреро анҷом дод,” – гуфт Путин. “Вай дар қаламраве давлат сохт, ки пештар ҳеч гуна давлатдорӣ надошт. Қазоқҳо ҳаргиз давлати худро надоштанд. Вай онро сохт. Аз ин лиҳоз, вай дар фазои пасошӯравӣ як шахси беназир аст.”

Путин сипас фалсафаи “идеяи Авруосиёӣ”-ро сутуд. Ба он маънӣ, ки қазоқҳо аз он ҳимоят мекунанд ва “боқӣ мондан дар дохили ҷаҳони бузургтари русӣ”-ро ба фоидаи худ медонанд.”

Ин як нуктаи ҳассосе буд, зеро Қазоқистон як шарики калидии Русия ва узви Иттиҳоди гумрукии зери сарварии Маскав аст. Зиёда аз 20 дарсади аҳолии ин кишварро рустаборон ташкил медиҳанд ва онҳо дар минтақаҳои шимолии Қазоқистон аксарият ё яке аз аксариятҳои асосиянд.

Як шореҳи соҳибназари умури Русия, Мириам Элдер дар шабакаи BuzzFeed навишт, ки посухи Путин ва баёнияҳои дигари ӯ дар бораи Украина дар гузашта бозтоби далелҳоест, ки барандаи Ҷоизаи Нобел Александр Солженитсин дар эссеи худ “Русияро чӣ сон бисозем?” дар соли 1990 ба миён гузошта буд.

Миллатгароии омехта бо дини Солженитсин дар бархӯрдаш бо Русияи бузург, менависад Элдер, “дар вақташ ӯро дар инзиво гузошта буд, аммо акнун ба таври рӯзафзун муди рӯз мешавад”.

Ҳарчанд Солженитсин бештар барои фош кардани низоми Гулаг ё маҳбасҳои шӯравӣ ва мавзеъгирии шадидан зиддикоммунистияш шӯҳрат ёфта буд, дар соли 1999 ба сари қудрат омадани Путинро истиқбол кард ва ӯро ҳидоят намуд, ки шаъни миллии Русияро баланд бардорад.

Соли 2007 Путин аз Солженитсини бемор дар манзилаш аёдат кард ва ба ӯ барои хидматҳои фарҳангияш ҷоиза дод.

Дар матлаби “Русияро чӣ сон бисозем?”, ки Солженитсин дар охирин рӯзҳои СССР ба нашр расонд, вай сиёсати номуназзами марзбандиҳои ҳукумати Шӯравиро танқид карда гуфта буд, ки ин сиёсат “Рус”-и анъанавиро тикаву пора кард. Вай хостори “Иттиҳоди Русия”-е шуд, ки Украина, Беларус, Русия ва бахшҳои рустабори Қазоқистонро фаро гирад.

Ба бовари Солженитсин, иттиҳоди бунёдии беларусҳо, украинҳо ва русҳо – се шохае, ки “истилои муғул ва мустамликадории Лаҳистон” аз ҳам ҷудо кардааст, бояд дубора баҳам ояд. Вай инро ҳам навишта буд, ки Русия аз Киев оғоз гирифта, беларус ва малороссҳо рус буданд ва зидди ишғолгарии лаҳҳову ҳамлаи мазҳаби католикӣ ҷангидаанд. “Бозгардони он заминҳо ба Русия дар вақташ барои ҳама “бозпайванд” дониста мешуд.

Вай иқрор мекунад, ки украинҳо дар давраи шӯравӣ ранҷ кашиданд, аммо мегӯяд, ин сабаб шуда наметавонад, ки Украина аз “бурида шавад”, ба вижа он манотиқи Украина мисли Новороссия ё Қрим ё Донбас ва амалан то Баҳри Каспий.” Айнан мисли пажвоки шиорҳои имрӯза он вақт Солженитсин гуфта буд, ки агар Украина мустақил шудан мехоҳад, бояд ин минтақаҳо ҳаққи “худмуайянкунӣ” дошта бошанд.

Вале ба сурати умум вай ошкоро аз иттиҳоди Русия ва Украина дифоъ мекард: “Ҷудо шудани Украина имрӯз ба маънии буридани пайвандҳо миёни миллионҳо оила ва мардумон аст,” менависад Солженитсин. “Ин қадар аҳолии омехта аст, ки минтақаҳои тамом аксарияти рус доранд. Чӣ қадар инсони чандқавмӣ ин ҷост, чӣ қадар издивоҷҳои чандмилиятӣ, ки то ин вақт дурага шумурда намешуданд. Дар байни аксари аҳолӣ як зарра ҳам носозгорӣ байни украинҳо ва русҳо вуҷуд надорад.” Муаллиф айни чизҳоро ба беларусҳо низ нисбат медиҳад.

Дар айни замон Солженитсин ҷоҳталабии Шӯравиро, ки бартарии русҳоро ба миллатҳои ғайрирус таҳмил мекунад, зери тозиёнаи танқид мегирад ва мегӯяд, ин чиз “ҷавҳари миллии русҳоро вайрон мекунад”.

Вай даъват карда буд, ки Русия бояд фавран ҳамаи равобиташро бо кишварҳои Соҳили Болтик, Молдова, се кишвари Қафқоз ва ҳамаи ҷамоҳири Осиёи Марказӣ, ба истиснои Қазоқистон қатъ кунад, зеро нерӯи кофӣ надорад, ки империяро назорат намояд ва чунин талош “миёни онро зудтар хоҳад шикаст.” Айни ҳаминро ӯ барои кишварҳои эътилофи Шӯравӣ дар Аврупои Марказӣ раво медорад ва мегӯяд, Русия дигар наметавонад, иқтисоди онҳоро ҳимоят кунад. “Мо аз ҳоли кишварҳои Аврупои Шарқӣ шод мешавем, “бигзор онҳо озод ва шукуфо бошанд ва бигзор барои ҳама чизи мо бо нархҳои бозори ҷаҳонӣ пул диҳанд.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG