Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аксари таҳлилгарон аҳамияти тасвиби қарордоди низомии Русия ва Тоҷикистонро аз пайомадҳои манфии он бартар медонанд.

Ба бовари таҳлилгарон, азбаски Тоҷикистон яке аз кишварҳои заъифи низомӣ дар минтақа аст, доштани ҳампаймоне чун Русия барои Тоҷикистон метавонад омили боздорандаи ҳар гуна таҳдид ба амнияти ин кишвари заъиф бошад.

Қосимшоҳ Искандаров-низоъшиноси минтақа ин ақидаро таъйид мекунад:
“Дар шароити имрӯза, ки таҳдидҳое барои Тоҷикистон бешубҳа вуҷуд дорад, ҳам аз Афғонистону Покистон ва ҳам дар минтақа, фикр мекунам, ки ҳузури низомии Русия барои баъзе нируҳое, ки ҷиҳати бесубот сохтани вазъ дар минтақа шояд кадом нақшаҳое дошта бошанд, як омили ҳушдордиҳанда аст.”


Тоҷикистон дар минтақа на танҳо аз ҷониби нируҳои тундгаро аз Афғонистон, балки мумкин аст дар оянда ба таҳдиди ҳар кишвари дигар, яъне кишвари севум дар минтақа низ рӯ ба рӯ шавад.

Сӯҳроб Шарипов - таҳлилгари тоҷик ин нуктаро чунин шарҳ медиҳад: "Дар қарордод зикр шудааст, ки дар сурати таҳдид ба сарзамини Тоҷикистон ва ба истиқлоли Тоҷикистон дар давоми 29 соли мӯҳлати қарордод пойгоҳи низомии 201-и Русия низ барои ҳимоят аз истиқлоли Тоҷикистон ва амнияти он ба ҳолати омодагии низомӣ медарояд.”

Аммо Русия бо доштани нирӯ дар Тоҷикистон метавонад иродаи худро роҷеъ ба масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ ба Тоҷикистон таҳмил кунад. Аксари таҳлилгарон ин нуктаро ошкоро намепазиранд ва мегӯянд, ҳар тасмим ва ҳар масъала бо машварати ҷонибҳо ҳал хоҳад шуд ва дар шароити кунунӣ масъалаҳои амниятӣ дар мадди аввал қарор хоҳад дошт.

Владимир Жарихин

Владимир Жарихин

Владимир Жарихин -муовини раиси Пажӯҳишгоҳи Русия дар умури кишварҳои муштаракулманофеъ бо назардошти таҳдидҳои хориҷӣ ба амнияти Тоҷикистон ин қарордодро муфид медонад: “Дар вазъи кунунии сиёсиву низомии минтақа тасвиби чунин созишнома ба сӯди Тоҷикистон аст ва имкон медиҳад, ки ба амнияти худ дар Осиёи Миёна бештар умедвор бошад.”

Абдумаҷид Достиев - сафири Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, марҳилаи омодагӣ ба имзо ва тасвиби ин қарордод вақти зиёдро дар бар гирифта буд ва ҳамаи меъёрҳои байналмиллалӣ дар ҷараёни таҳияи ин қарордод дар назар гирифта шудааст: “Пойгоҳи низомии яке аз кишварҳои абарқудрат дар Тоҷикистон, албатта, ба манфиати миллату давлат ва умуман устувории амнияти мардуми мост. Кишварҳои дигар ҳам бо якдигар пойгоҳҳои низомӣ доранд ва аз таҷрибаи ҷаҳонӣ медонем, ки қарордоди мо ба меъёрҳои умумибашарӣ мутобиқ аст ва чунин меъёрҳо риоят мешаванд.”

Пойгоҳи низомии Русия ҳамон лашкари 201 аст, ки дар солҳои Иттиҳоди Шӯравӣ моли худи Тоҷикистон буд. Баъд аз хуруҷи нируҳои Шӯравӣ аз Афғонистон як миқдор танку зиреҳпӯш ва техникаи дигари ҳарбӣ низ дар ихтиёри ин лашкар гузошта шуда буд. Баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ ҳамаи кишварҳои Шӯравии пешин воҳидҳои низомии қаламрави худро миллӣ ё моли худ эълон карданд, вале Тоҷикистон ин имконро муҳим надонист ва аз миллӣ кардани он даст кашид. Баҳона ин буд, ки Тоҷикистон барои ҳифзу нигаҳдории ин миқдор низомӣ ва аслиҳаву муҳимот сармоя надорад.

Вале акнун бо гузашти солҳо маҷбур аст онро чун пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави худ “мизбонӣ” кунад ва он ҳам бидуни пардохти ҳаққи иҷора. Сӯҳроб Шарипов тасмими раҳбарияти вақти Тоҷикистонро иштибоҳ мешуморад: “Раҳбарияти он вақтаи Тоҷикистон беиродагӣ нишон дод. Агар аз мероси Шӯравӣ бигирем, он ҳақиқатан моли Тоҷикистон буд. Русия якчанд бор пешниҳод кард, ки ҳамаи он моликияти ҳарбиеро, ки дар давлататон ҳаст бигиред. Афсӯс, раҳбарияти он вақтаи Тоҷикистон натавонист ин масъаларо ба фоидаи давлату миллат ҳал кунад.”

Парлумони Тоҷикистон то ҳол таъкид мекард, ки қарордоди низомӣ бо Русияро дар як баста бо се санади дигар, яъне бо қарордодҳо дар бораи сармоягузории Русия барои муҷаҳҳаз сохтани артиши Тоҷикистон, вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва бидуни боҷи гумрукӣ дар ихтиёри Тоҷикистон гузоштани як миллион тонна маводи сӯхт ба тасвиб хоҳад расонд, агар Русия ин санадҳоро низ мисли қарордоди низомӣ ба тасвиб расонад. Вале ин шартҳои ҷониби Тоҷикистон беарзиш шуд ва тақозоҳои Русия боло гирифт.

Дар мулоқоти моҳи августи Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин - руасои ҷамоҳири Тоҷикистону Русия дар Сочӣ Путин замонат дод, ки ин аснод низ ба зудӣ ба тасвиб хоҳад расид, агар парлумони Тоҷикистон қарордоди низомиро ба тасвиб расонад. Акнун баъд аз тасвиби қарордод маълум нест, ки Тоҷикистон чанд муддат интизори иҷрои ваъдаи раисиҷумҳури Русия хоҳад монд ва ин ваъда дар чӣ шакл иҷро хоҳад шуд?

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG