Пайвандҳои дастрасӣ

Тазоҳуроти ахир, ки ба истеъфои сарварони давлат дар Тунис ва Миср, гузашти сиёсӣ аз ҷониби пешвоёни дар дигар мамолики Шарқи Миёна ва бунбасти тунд дар Либия оид шуд, диққати таҳлилгаронро ба сабабҳо ва пайомади ин бӯҳронҳои сиёсӣ ҷалб кард.

Бенавоӣ ва нақзи ҳуқуқи башар аз иллали асосии қиёми мардум шумурда мешаванд. Ахиран, баъзеҳо, бо таваҷҷӯҳ ба омилҳои ҳамсон аз эҳтимоли чунин таҳаввулот дар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ ҳадс мезананд. Аммо инро ҳам бояд гуфт, ки вуҷуди чунин авомил на ҳатману лузуман ба қиёми мардумӣ хоҳад расонд.

Ба назар мерасад, дар рӯйдодҳои Миср, Тунис ва Либия як омили дигар низ нақш доштааст, ки ин ихтилофоти дохилии элитаҳо мебошад.

Вижагии режимҳои авторитарӣ ин аст, ки онҳо аз ҷиноҳҳои гуногуни манфиатталаб (interest based factions) иборатанд, ки дар иртибот ба сиёсати иқтисодии ҳукумат, ба хусус дар тақсими амволи моддию молиявӣ манфиати гурӯҳии худро дар мадди аввал мегузоранд.

Ин ҳолат баъзан боиси ихтилофи назар дар мавриди тақсими сарват мегардад. Агар як даста ҳирси бештар нишон дода, дороии бештарро касб кунад, гурӯҳи дигар аз ҳиссаи худ маҳрум хоҳад шуд ва ин амал муборизаи дохилиро ба бор меорад.

Бӯҳрони сиёсие, ки дар натиҷаи тазоҳурот ба амал меояд, барои чунин гурӯҳҳои озурда, ки ба суди моддии онҳо осеб расидааст, фурсати мусоидро барои гузаштан ба ҷониби мардум фароҳам меорад. Ҳолати духӯра ва фишори мардумӣ ба фиирор ё истеъфои ҳукуматдорон тамом мешавад. Истеъфои Ҳуснӣ Муборак дар Миср, Милошевич дар Сербия, пирӯзии мухолифон дар Укроин, Қирғизистон ва Гурҷистон амалкарди ихилофот миёни сохторҳои қудратӣ буд.

Дар Укроин, Гурҷистон ва Миср артиш ба мудофиаи тазоҳургарон аз ҳамлаи нерӯҳои Вазорати умури дохилии ин кишвар бархост. Чунин қадам ба тазоҳуркунандагон илҳому тавон бахшид, то ба мақсадҳои фаврии сиёсии худ ноил гарданд.

Албатта, вокуниши байнулмилалӣ ба чунин рӯйдодҳо низ нақши муҳим дорад. Дар иртибот ба пайомадҳо одатан аз он нигаронӣ мешавад, ки чӣ режиме ба қудрат хоҳад расид, эҳтимоли ба қудрат расидани нерӯҳои сиёсии тундгаро чӣ қадар аст.

Вале дар ҷараёни тунди рӯйдодҳо ин андешапардозиҳо асосан мабнӣ ба мушоҳидаҳои сатҳӣ мебошанд, манзур ин ки гузоришгарон ба шакли зоҳирии эътирозкунандагон таваҷҷӯҳ мекунанд -- оё аҳзоби исломӣ дар онҳо ширкат доранд ё на, онҳо дар бар либоси исломӣ доранд ё на, оё шиорҳои зидди Исроил ё Ғарб ҷилва медиҳанд ё на.

Раванд ва натиҷаи гузариши сиёсӣ печидатар аст ва пеш аз он ки мо дар хусуси пайомад ҳарф занем, лозим аст ба масъалаи нахуст таваҷҷӯҳ кунем, ки чаро баъзе режимҳои авторитарӣ дар саркӯб кардани эътирозҳои оммавии сулҳомез муваффақ мешаванд, вале дигар режимҳои авторитарӣ дар рӯ ба рӯи он шикаст мехӯранд. Бояд гуфт эҳтимоли пирӯзӣ ё шикасти эътирозҳои мардумӣ ба рафтори сохторҳои қудратӣ низ бастагӣ дорад.

Аз нигоҳи ман, ихтилофи назар миёни нерӯҳои қудратӣ дар истифода аз зӯр ба тасмими ҳукуматдорон дар саркӯб ё гузашт кардан ба эътирози мардумӣ таъсири бузург мерасонад.

Дар ин давлатҳо миёни артиш ва гурӯҳҳои ба сарварони давлат наздик, аз ҷумла кормандони ниҳодҳои қудратӣ ва соири гурӯҳои боманфиат, ки барои ҳифзи манофеъи иқтисодии хеш монополияи иқтисодиашонро барпо ва васеъ намуда, ба манфиати гурӯҳои дигар зарар расондаанд ихтилоф вуҷуд дошт.

Аз ин лиҳоз, тасвири он ки режимҳои авторитарӣ ба як шахс, хоҳ раиси ҷумҳур аст, хоҳ шоҳ, тамаркуз ёфтааст, комил нест. Барои дуруст таҳлил кардани сабабҳо ва натиҷаҳои бӯҳронҳои сиёсӣ зарур аст, ки ба режимҳои авторитарӣ ҳамчун режимҳое, ки аз “гурӯҳои судхоҳ”, ки дар тақсими амволи моддӣ ихтилофи назар доранд, назар кунем.

Он гурӯҳҳое, ки нерӯҳои қудратиро идора мекунанд замоне ба куштори мардум фармон медиҳанд, ки агар ин ба нафъашон бошад. Агар саркӯб кардан ба манфиаташон набошад, мо шоҳиди фирори онҳо ба тарафи мардум мегардем. Ин ҳолат дар Укроин, Қирғизистон Гурҷистон, Тунис ва Миср ба чашм расид.

Мафҳуми “гурӯҳҳои судхоҳ”, на ин ки “гурӯҳҳои ақидатӣ”, ба қавли бархе аз таҳлилгарони тоҷик, ба мо кӯмак мекунад, то дарк намоем, ки чаро баъзе режимҳои авторитарӣ, ба мисли Арманистон, Эрон, Беларус, Озарбойҷон ба саркӯб кардани мардум даст мезананд ва дар ин кор муваффақ ҳам мешаванд. Дар ин кишварҳо артиш ва дигар сохторҳои қудратӣ дар амалиёти иқтисодӣ фаъоланд ва монополияҳои иқтисодии муайянро идора мекунанд.

Аз ин мафҳум барои таҳлили режимҳои Осиёи Маркази низ бояд кор гирифт. Барои намуна, дар Тоҷикистон, бидуни ихтилоф миёни ниҳодҳои қудратӣ дар масъалаи бархӯрд ба тазоҳуроти соли 1992, шикасти режими коммунистиро тасаввур кардан душвор аст. Дар Қирғизистон ҳукумати Оқоев натавонист, артишро ба зидди мардум истифода кунад ва кормандони полис , ки солҳо аз манфиатҳои молӣ маҳрум буданд, ба тарафи мардум гузаштанд.

Эҳтимоли устувории режимҳои авторитарӣ дар Осиёи Марказӣ ду сабаб дорад. Шояд он мабнӣ ба тақсими баробари дороӣ миёни гурӯҳҳои манфиатталаб бошад, ки дар ин сурат ин гурӯҳҳо манфиатдоранд, режимро аз ҳар гуна таҳдиди ҳимоя кунанд.

Шояд он мабнӣ бар адами ҳамкорӣ миёни нерӯҳҳои гуногуни мухолиф ва ё мавҷуд набудани иртибот миёни ин гурӯҳҳо ва гурӯҳҳои фаъоли иқтисодие бошад, ки аз манфиат маҳрум шудаанд. Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва собиқ Шӯравӣ артиш чунин як гурӯҳи аз манфиат маҳрум мебошад. Дар муқоиса бо он вазорати умури дохилӣ аз манфиат бархӯрдор аст.

Барои комёб шудан ҳаракатҳои мардумӣ ҳамеша аз ихтилоф миёни гурӯҳҳои судҷӯ истифода мекунанд. Онҳо бо норозиёну озурдагони ин гурӯҳҳо робита барқарор мекунанд, то дар ҳамбастагӣ ба ҳукуматдорон фишор оваранд. Гурӯҳҳои қудратии берун аз манфиат он замон бо ҳаракати мардуми мепайванданд, ки дар миёни гурӯҳҳои мухолиф иттиҳоди боварибахш мавҷуд бошад.

Наврӯз Некбахтшоев,
аспиранти ришати улуми сиёсӣ дар
Донишгоҳи Индиана, Блумингтон, ИМА
nanekbak@indiana.edu

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG