Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зиндонии сиёсие дар Ӯзбакистон бар асари шиканҷа даргузашт


Т.Ҳоҷиев баъди ҳодисаҳои Андиҷон ба 17 соли зиндон маҳкум шуд

Т.Ҳоҷиев баъди ҳодисаҳои Андиҷон ба 17 соли зиндон маҳкум шуд

Марди 36-солае, ки баъди шӯриши хунини Андиҷон ба 17 соли зиндон маҳкум шуд, дар зиндони шаҳри Навоӣ даргузашт.

Марди 36-солае, ки баъди шӯриши хунини Андиҷон ба 17 соли зиндон маҳкум шуд, дар зиндони шаҳри Навоӣ даргузашт.

Ҷасади Таваккал Ҳоҷиев рӯзи 16 ноябр дар фурсати як соат баъди интиқолаш ба хонаи волидон ва зери назари ходимони амниятӣ ба хок супурда шуд. Ҳоҷиев бар асари шиканҷаи шадид ва мудаввом даргузашт.
Бахши ӯзбакии радиои Озодӣ мегӯяд, ки хабари марги иҷбории Таваккалро аз бародараш Дилшод Ҳоҷиев, ки дар Шветсия зиндагӣ мекунад, гирифтааст. Дилшод Ҳоҷиев, ба фарқ аз бародараш, баъди боздошти муваққат, тавонист озод шуда аз кишвар фирор кунад.

Дар хулосаи расмии масъулини зиндон сабаби марги Таваккал Ҳоҷиев сактаи дил гуфта шудааст. Вале Дилшод Ҳоҷиев мегӯяд, ки тамоми 8,5 соле, ки бародараш дар зиндон буд, дар бораи шиканҷаҳои шадид, лату кӯб ва азият шикоят мекард. Дар бисёр ҳолатҳо сабаби аслии шиканҷа шуданаш тамаъҷӯии зиндонбонҳо, яъне тақозои пул будааст.

  • Ҳанӯз ду моҳ пеш аз бародарам номае гирифтем, ки дар бораи шиканҷаи шадид шикоят дошт, вале мо ин номаро пахш накардем, чунки ҳарос доштем, ки ӯро барои фошкориаш мекушанд. Вай менавишт, ки ҳангоми азияташ, кормандони зиндон таҳдид мекарданд, ки аз дохили зиндон зинда берун намеравад, - мегӯяд Дилшод Ҳоҷиев.

Хабари дар зиндон мурдани Таваккалро ба хешовандонаш дар Андиҷон рӯзи 15 ноябр расонданд ва соати 7 субҳи рӯзи 16 ноябр ҷасадро ба аҳли хонавода супурданд. Баъди ин, дар фурсати хеле кам, тақрибан як соат маросими хоксупорӣ барпо шуд. Тамоми ин муддат ду ходими амниятӣ аз ҷараёни ҷаноза ва мурдашӯӣ, ки бе ҳузури наздикон барпо шуд, мушоҳида мекарданд. Танҳо ба модар иҷоза доданд, ки пеш аз хоксупорӣ чеҳраи фарзандашро бубинаду халос. Қаблан, 70 рӯз пеш волидон ба аёдати фарзандашон ба зиндон рафта буданд ва бори охир бо ӯ мулоқот карданд.


Таҳлилгарони “Новости Узбекистана”, ки бахше аз маҷаллаи “Биржевой лидер” аст, менависанд, ки бо ҳукми додгоҳи олии Ӯзбакистон 14 ноябри соли 2005 - 15 нафар барои ширкат дар ҳодисаҳои Андиҷон ба мӯҳлати аз 14 то 20 соли зиндон маҳкум шуданд. Як нафари онҳо Таваккал Ҳоҷиев буд. Хешовандонаш гуфтанд, ки воқеан ҳам Таваккал дар намоиши эътирозии майдони Бобури Андиҷон ширкат дошт ва баъди фирори муҳоҷирон ба Қирғизистони ҳамсоя, раҳбарии урдугоҳи паноҳандагонро ба дӯш дошт.


Дилшод Ҳоҷиев гуфт, ки яке аз чаҳор фирорие, ки баъдан аз ҷониби Қирғизистон ба Ӯзбакистон супурда шуданд, Таваккал буд. Додгоҳе, ки бо нақзи муқаррарот ва меъёрҳои ҳуқуқи башар баргузор шуд, Таваккал Ҳоҷиевро ба 17 соли зиндон маҳкум кард. Бародарони дигар – Илҳом ва Икром Ҳоҷиевҳо ҳам дар зиндонҳои Олмалиқ ва Қаршӣ нигоҳдорӣ мешаванд ва пайваста зери фишор ва шиканҷа ҳастанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG