Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти Ӯзбакистон дар вокуниш ба видеои латукӯби зане аз ҷониби нозири минтақавӣ таҳқиқи ҳодисаро шурӯъ кардаанд.

Дар як ҳафтаи охир яке аз пурбаҳстарин наворҳои видео дар миёни корбарони ӯзбакистонии шабакаҳои иҷтимоӣ – саҳнаи латукӯби зане аз ҷониби ходими милиса будааст. Навори ба интернет роҳёфта саҳнаи бо по ба рӯи зан задани милисаеро ба намоиш гузоштааст, ки боиси маҳкумияти зиёди тамошобинон ва ҳам баҳсҳои пуршиддат дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуд.

Баъдан ошкор шудааст, ки ин ходими милиса як нозири минтақавӣ ё участковий буда як занеро латукӯб мекард, ки дучори маризии рӯҳӣ будааст. Ахиран маълум шуд, ки ин нозири минтақавӣ аз кор барканор ва ҳам таҳқиқи ҳодиса шурӯъ шуд.

Шореҳи радиои Озодлик – бахши ӯзбакии радиои Озодӣ Сироҷиддини Ислом мегӯяд, дар вокуниши сареи мақомоти Ӯзбакистон ба ин қазия маҳз нақши шабакаҳои иҷтимоӣ муҳим будааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG