Пайвандҳои дастрасӣ

Як сарбози горди миллии Украина кушта шуд


Як узви Горди миллии Украина дар натиҷаи ҷароҳатҳои бардоштааш аз таркиши норинҷаке дар назди парлумони ин кишвар ба ҳалокат расид.

Як узви Горди миллии Украина дар натиҷаи ҷароҳатҳои бардоштааш аз таркиши норинҷаке дар назди парлумони ин кишвар ба ҳалокат расид. Эътирози гурӯҳҳои миллатгаро аз баррасиҳои тарҳи қонуни десентрализатсияи манотиқи ҷудоихоҳ дар парлумон ба хушунат гаравид. Қонуни нав ба манотиқи рӯ ба Русияи воқеъ дар шарқи Украина мухторияти бештар тақдим мекунад. Вазири умури дохилаи Украина Арсен Аваков гуфт, як узви горди милии ин кишвар аз ҷароҳатҳое, ки дар натиҷаи таркиши норинҷаке дар назди парлумон бардоштааст, ба ҳалокат расид.

Ин ҳодиса рӯзи 31 август дар шаҳри Киев рух дод. Таҳқиқи пешакӣ нишон додааст, ки оҳанпораҳои бар асари таркиши норинҷак паҳншуда ба ин низомӣ асобат карда, боиси кушта шудани ӯ гардид. Таркиш ба ҳангоме рух дод, ки эътирозгарон ва нирӯҳои амниятӣ дар майдон вориди задухӯрде шуданд. Аваков гуфт, ки дар ин таркиш чаҳор низомӣ ҷароҳатҳои сангин бардоштанд. Аз ҷумла, яке аз низомиён аз ду пояш маҳрум шуд ва беш аз 90 низомии дигар ҷароҳатҳои мухталиф бардоштанд. Хабарнигори BBC гуфт, ки ҳозирон таркиши баланди дасти кам се норинҷакро шуниданд. Наворҳои видеоӣ аз ҷои ҳодиса ҳокист, ки даҳҳо нафар, аз ҷумла низомиёне, ки дар майдон буданд, баъди таркиш лангида-лангида роҳ мераванд ва як низомӣ ба замин афтода, ӯро аз ин маҳалл берун мекашанд.

Дар наворҳои видеоии дигар саҳнаи аз майдон берун кашидани ду низомиеро дидан мумкин аст, ки ҳамингуна баъди таркиш ҷароҳат бардошта ба замин афтодаанд. Полиси шаҳри Киев гуфт, марде, ки эҳтимолан ин норинҷакро партоб кардааст, ба ҳабс гирифта шуд ва иловатан, 30 эътирозгари дигар дар ҷараёни задухӯрдҳо боздошт шудааст. Тибқи гузоришҳое, ки аз ин пеш нашр шуданд, нирӯҳои амниятӣ бар зидди эътирозгарон аз калтаку гази ашковар истифода кардаанд. Эътирозгарон ба нишони норизоият аз тарҳи қонуни президент, ки дараҷаи мухторияти манотиқи рӯ ба Русияи шарқи Украинаро боло мебарад, ба хашм омаданд. Дар як овоздиҳии аввалияи парлумон, ки бар пояи созишномаи моҳи феврали Минск эҷод шудааст, аз тарҳи қонун 265 вакил пуштибонӣ кард. Барои ҳақи қонунӣ касб кардани ин тарҳи қонун ризоияти дасти кам 300 вакил кофӣ аст. Овоздиҳӣ бояд дар маҷлиси навбатии парлумон ҷараён гирад.

XS
SM
MD
LG