Пайвандҳои дастрасӣ

5 сол дар лагери миллатгароён. Таҳқиқи қатли тоҷик ва доғистонӣ


​Як коргардони исроилӣ баъди панҷ соли буданаш дар миёни миллатгароёни рус мегӯяд, ки аксари кушторҳои муҳоҷирон дар соли 2008 бо дастури мақомоти амниятии Русия сурат гирифтааст.

Як коргардони исроилӣ кушторҳои пурсарусадои муҳоҷирон аз Қафқозу Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро аз сӯи миллатгароҳои рус махсусан дар баҳори соли 2008, дар айни интихоботи президентии Русия, кори дасти мақомоти амниятии он кишвар донистааст. Влади Антоневич дар сӯҳбат бо Радиои Свобода (бахши русии Радиои Озодӣ) гуфтааст, ба ин хулоса баъди 5 соли таҳқиқи чунин кушторҳо ва таҳияи филми ҳуҷҷатии “Иҷозаи муваққатӣ барои қатл” расидааст. Ӯ мегӯяд, миллатгарои маъруфи рус Дмитрий Демушкин низ дар сӯҳбати видеоӣ бо ӯ тасдиқ кардааст, ки дар ин кор мақомот шариканд.

Ин коргардони исроилӣ афзудааст, тӯли панҷ сол дар “ботлоқ”-и миллатгароён қарор дошт ва ҳақиқатро аз дохил фаҳмид ва ба ин шубҳа надорад. Ӯ мегӯяд, асосан барои чунин кор баъд аз тамошои навори “Куштори тоҷик ва доғистонӣ”, ки соли 2007 дар Интернет паҳн ва боис ба баҳсҳои зиёд ҳам шуда буд, машғул шуда ва ин роҳ ӯро то мактаби омодагии ҳарбии миллатгароёни рус бурдааст.

Дар он навори соли 2007 ду нафар бо дастҳои баста ва зери парчами миллатгароҳо дида мешуданд, ки баъдан сари яке аз онҳо бурида шуда ва дигаре бо тири туфангча ба замин меуфтад. Яке аз ин кушташудаҳо Шамил Oдаманов, муҳоҷири доғистонӣ буда, нафари дувум бо гузашти солҳо ҳанӯз шиносоӣ нашудааст. Влади Антоневич ҳам мегӯяд, қотилон низ пайдо нагардидаанд.

Влади Антоневич

Влади Антоневич

Коргардони исроилӣ мегӯяд, ӯ барои таҳқиқи чунин кушторҳо маҷбур шуд, худро намояндаи як созмони миллатгаро муаррифӣ карда, ба мактаби омодагии низомии қавмгароёни рус роҳ ёбад. “Ман мактаби филмбардориро соли 2007 дар Байтулмуқаддас, ҳамон вақте ки навори “Қатли тоҷик ва доғистонӣ” нашр шуд, тамом кардам. Бо вуҷуди он ки Кумитаи тафтишотии Русия онро сохта ва дурӯғин номид, вале он навор маро ба пажӯҳиши ҳодиса ҷалб кард. Дар он ҷо дурӯғе набуд. Он як куштори воқеӣ буд. Ман дарк кардам, ки ин видео ҳақиқист ва аз паи таҳқиқаш шудам. Ҳамин тавр, таҳияи филми ҳуҷҷатии “Иҷозаи муваққатӣ барои куштор” низ ба миён омад.”

Влади Антоневич мегӯяд, таҳияи ин филми ҳуҷҷатиаш панҷ сол давом кард ва дар ин муддат ӯ бо миллатгароёни гурӯҳи "Формат-18" ва “Иттиҳоди славянӣ" низ сӯҳбатҳо дошт. Вай афзуд, ин миллатгароёни рус муҳоҷирони тоҷикро низ ба қатл мерасондаанд, ки ба гуфтаи ӯ, касе паи таҳқиқи ин ҷиноятҳо намешудааст.

Дар идомаи сӯҳбаташ Влади Антонович аз бетафовутии сокинони Русия шадидан нигаронӣ кард. Ӯ гуфт, “дар Маскав аз метро берун омадам. Ҳамон вақт тоҷикеро сар буриданд. Ман надидам, ки кӣ бо ӯ чунин кард. Вақте ба наздаш омадам, ғарқи хун буд. Одамон мегузаштанду мерафтанд. Касе аҳамият надод. Ин аз ҳама даҳшатбор аст. Чунки одамон ба ҷои кӯмак кардан мепурсанд, ки ӯ кӣ аст, ки мо ба ӯ ёрӣ кунем? Ин вазъият маро беш ҳама нигарон мекунад”.

Ҳар сол садҳо тобути муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон оварда мешавад. Ҳомиёни ҳуқуқ дар марги бахше аз ин муҳоҷирон миллатгароҳои русро муқассир медонанд, вале кам андар кам мақомоти Тоҷикистон аз Маскав тақозои қотеонаи таҳқиқи ҳодисаҳои куштори шаҳрвандонашонро кардаанд.

Аммо интиқоли ҷасади Салоҳиддин Азизов, як муҳоҷири тоҷик дар соли 2008 вокунишҳои зиёдеро дар Тоҷикистону Русия ба бор овард. Наздиконаш гуфтанд, афроди қавмгаро сари Азизовро аз танаш ҷудо кардаанд. Никита Тихонов, яке аз раҳбарони БОРН ("Боевая организация русских националистов" ("Созмони ҷангии миллатгароёни рус"), ки алакай бо ҷурми чанд куштор дар заминаи адовати қавмӣ маҳкум ба ҳабси абад шудааст, рӯзи 8 июни соли ҷорӣ дар мурофиаи парвандаи Иля Горячев дар додгоҳи Маскав гуфт, онҳо қатли Салоҳиддин Азизов ва кушторҳои дигарро бо амри Горячев анҷом додаанд ва ӯ аз мақомоти болоии Русия барои анҷоми қатлҳои пурсарусадо дастур мегирифт.

Салоҳиддин Азизови он замон 20-сола, ки дар амбори меваҷоти минтақаи Покровское дар вилояти Маскав ҳаммолӣ мекард, шаби 5 ба 6 декабри соли 2008, ҳамроҳ бо як ҳамватанаш дар роҳи бозгашт аз ҷои кор ба манзили иҷораашон дар як ҷангалзор дар наздикии рустои Жабкино ҳадафи ҳамлаи як гурӯҳи мусаллаҳ бо туфангчаҳои пневматикӣ қарор гирифт. Шарики Салоҳиддин бо вуҷуди тир хӯрдан аз чаккаи сар тавонист фирор кунад ва хабари ҳадафи ҳамла қарор гирифтанашонро ба ҳамватанонаш расонд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG