Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳавзаи дарёи Ому баъди сохтмони Роғун чӣ ҳол хоҳад дошт?


Маҳалли сохтмони нерӯгоҳи Роғун

Маҳалли сохтмони нерӯгоҳи Роғун

​Донишмандони тоҷик дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Колорадои Амрико таъсири иқлим ва обанборҳои бузург ба мисли Роғун ба ҳавзаи Омударёро таҳқиқ мекунанд, ки шоҳраги Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.

Захираҳои оби ҳавзаи Омударё, ки аз он даҳҳо миллион нафар аз мардуми Осиёи Марказӣ баҳра мебаранд, сол ба сол камтар мешавад ва донишмандон мехоҳанд, муайян кунанд, ки тағйири иқлим ва обанборҳои бузург ба захираҳои оби ҳавзаи мазкур чӣ гуна асар мегузоранд?

Аз ҳамин ҳоло маълум аст, ки вазъи рӯдхонаи асосии ин ҳавза, яъне дарёи Ому хуб нест, чун маҷрои оби он аз соли 1970 то соли 2000-ум 10 баробар камтар шудааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки аҳолии минтақа меафзояду талаботи мардум ба об бештар мешавад. Бино ба пешбиниҳо, то 9 соли дигар аҳолии Осиёи Марказӣ ба 60 миллион нафар мерасад ва айни замон маҷрои об ба далели камтар шудани пиряхҳо дар Тоҷикистон камтар мешавад.

Ином Норматов, профессори тоҷик, аз Пажӯҳишгоҳи масоили об ва гидроэнергетикаи Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Колорадои Амрико се соли оянда таҳқиқ мекунанд, ки вазъ чӣ гуна мешавад ва барои таъмини муносиби мардум бо об дар минтақа чӣ кор бояд кард. “Масъалаи таъминоти об бисёр ҳам актуалӣ шудааст. То кунун 30 фоизи ҳаҷми пиряхҳои мо камтар шудааст ва ҳамаи ин дар ҳавзаи Амударё аст. Барои онки мо хоҷагии халқро ба ҳамин тағйироти иқлим мувофиқ кунем, мо бояд таҳқиқот ва маълумоти саҳеҳ дошта бошем,” – мегӯяд Ином Норматов.

Оҷонси Рушди Байналмилалии Амрико ва ё ЮСАИД ҳафтае пеш бо назардошти аҳамияти масъала барои минтақа тарҳи илмии донишманди тоҷикро ҳамроҳ бо чандин тарҳи дигари донишмандони минтақа дар бораи захираҳои оби Осиёи Марказӣ барои маблағгузорӣ қабул кард.

Як ҷанбаи асосии таҳқиқот ба таъсири обанборҳои азим ба ҳавзаи Амударё бахшида мешавад, ки як масъалаи баҳсбарангез дар минтақа аст. Бахусус тарҳи нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки ба гуфтаи Узбакистон метавонад, сабаби камобӣ дар кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ шавад.Ином Норматов, ки дар гузашта таъсири бунёди обанборҳо ба маҷрои рӯдхонаву тақсими обро таҳқиқ кардааст, мегӯяд, дар шароити тағйири иқлим, сохтани обанборҳо ба мисли Роғун як роҳи ҳалли мушкили камобист.

“Агар дар як дарё, ду-се обанбор бошад, ин ҳолатро беҳтар мекунад, чунки дар шароите, ки об камчин мешавад, обанборҳои якум ва дуюм барои таъмин намудани кишварҳои поёноб ёрдам мекунад. Узбакистон, ки ба бунёди обанборҳо зиддият мекунад, ин кори хато аст, бояд дар ҳавзаҳо нерӯгоҳу обанборҳо сохта шавад,” -- мегӯяд профессори тоҷик. Бино ба пешбиниҳои мутахассисони тоҷик сохтмони сарбанди 335-метрии Роғун имкон фароҳам меорад, ки 13 миллиард мукааб об ҷамъ шавад ва якҷоя бо обанборҳои Норак ва Туюмуюн дар Узбакистон маҷрои Амударёро солиёни дароз ба танзим оварад ва иҷоза медиҳад, ки 320 ҳазор гектар заминҳои нав обёрӣ ва таъмини оби 1 миллион гектарзаминҳои Узбакистону Туркманистон беҳтар шавад.

Вале назари мутахассисони Узбакистон баръакс аст ва онҳо мегӯянд, ки бо бунёди Роғун маҷрои об ба кишварҳои поёноб камтар мешавад. Ба қавли Тошканд, коҳиши маҷрои об, миллионҳо нафарро дар Узбакистону Туркманистону Қазоқистон ташналаб мегузорад ва солона ба иқтисоди онҳо ва бахусус Узбакистон, ки яке бузургтарин истеҳсолкунандагони пахта дар ҷаҳон аст, садҳо миллион доллар хисорот ворид мекунад.

Ином Норматов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, зимни таҳқиқи сесола, донишмандон ҳамчунин таъсири зистмуҳитии обанборҳои бузург ба табиату иқлими минтақаро меомузанд ва тавсияҳо медиҳанд, ки дар оянда кадом навъи зироат барои парвариш дар минтақа мусоидтар аст.

“Вақте дар як ҷо ҳавзи калон аст, албатта, дар онҷо шароити метерологӣ ва ё иқлимӣ тағйир меёбад. Рутубат зиёду кам мешавад. Мо таҳқиқ мекунем, ки кадом растаниҳо ба ин гуна иқлим мувофиқ аст ва ба шахсони муттасаддӣ тавсия медиҳем, ки кадом навъи зироатро барои гирифтани ҳосили беҳтар кишт кунанд,” – мегуяд Ином Норматов. Вале на танҳо донишмандони тоҷик, балки олимони Узбакистон ҳам бар асоси се тарҳи илмӣ роҳҳои кам кардани рақобатҳои хатарнок барои об дар Осиёи Марказӣ, шеваҳои дурусти тақсими об дар ҳавзаи Амударё дар шароити тағйири иқлимро ҳам меомӯзанд, ки тарҳҳои онҳоро ҳам Оҷонси Рушди Байналмилалии Амрико сармоягузорӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG