Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амрия Холиқова, сокини 29-солаи Фархор, ки соле пеш дар ҳоли афсурдагӣ қасди худкушӣ дошт, мегӯяд, он тасмимаш хато буд, зеро писарашро дар ин дунё танҳо мегузошт.

Амрия Холиқоваи 29-сола маъюби модарзод аст. Ин зани ҷавон як соли пеш дар ҳоли афсурдагӣ дар бораи тарзи худкушияш меандешид, аммо ҳоло талош дорад, ки зиндагии худро аз нав намуна бисозад. Амрия рӯзи 24 май дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, сабақи зиндагӣ ӯро ба идомаи ҳаёт дилгарм кардааст.

Ҳоло ӯ мехоҳад, дар бозори “Саховат”-и Душанбе як ошхонаи хурд боз карда ва бо ин восита зиндагияшро бичархонад. Амрия мегӯяд, як сол дар ҳоле ноумед шуда буд, ки пас аз таваллуди фарзанди маъюб шавҳараш аз вай рӯ гардонд ва бо писараш танҳо гузошт. Ин зан ҳамагӣ 130 сомонӣ нафақаи бознишастагӣ мегирад ва на сарпаноҳ дорад, на ҷойи кор.

Ӯ гуфт, талошаш барои дарёфти кумак ва сарпаноҳ аз ниҳодҳои дахлдор бенатиҷа монд ва касе ба додаш нарасид. “Фикр кардам, ки ман набояд писарамро танҳо гузорам. Зеро худам ятим ба воя расидам ва медонам, ки ранҷи ятимӣ чист. Албатта, ҳар фарзанд орзу мекунад, ки дар назди падару модар бошад. Мехоҳам писарам дуруст тарбия ёбад ва нафаре шавад, ки оянда ба мисли ман, модарони танҳоро дастгирӣ кунад,” - мегӯяд Амрия.

Амрия Холиқова

Амрия Холиқова

Ҳарчанд Амрия то ҳол маконе барои зистан надорад ва ҷойи кори мувофиқе пайдо накардааст, аммо аз дастгирии чанд нафар изҳори сипос кард. Ӯ мегӯяд, қисмати талхаш бархе аз соҳибкоронро бетараф нагузошт ва пас аз нашри матлаб дар бораи ӯ, раҳбари бозори “Саховат” дар як қисмати ин бозор қитъаеро ҷудо кардааст, то ӯ дар он онҷо кор кунад. Ҳоло ин зани ҷавон барои кушодани ошхона дар ин бозор сармояи кофиро дар даст надорад ва ба афроди хайрхоҳ умед бастааст.

“Барои он ки корро шурӯъ кунам, бояд мизу курсӣ, дег ва яхдон дошта бошем. Чанд моҳ пеш барои харидории ҳамаи ин ашё камтар аз 2 ҳазор сомонӣ лозим буд. Ҳоло нарх дар бозорҳо гарон шудааст намедонам шояд маблағи зиёдтар аз ин сарф шавад,” – гуфт ӯ.

Дар Тоҷикистон ҳамтақдирони Амрия, ки дучори афсурдагӣ шуда ва танҳо роҳи наҷотро дар худкушӣ мебинанд, кам нестанд. Аммо Амрия аз камтарин занонест, ки мехоҳад зиндагии худро дигар кунад ва барои занҳое, ки дар ҳолати афсурдагӣ таҳаммулро аз даст дода ба худкушӣ даст мезананд, намуна бошад.

Ӯ гуфт, “мефаҳмам, занҳо замоне даст ба худкушӣ мезананд, ки касе ба доди онҳо намерасад ва ноумедӣ ба онҳо ғалаба карда роҳи худкуширо пеш мегиранд. Медонед, агар ман маъюб намебудам ва дастҳоям кор мекарданд, ҳеч гоҳ фикри худкуширо дар сар намекардам. Кор мекардам. Фикр мекардам дигар роҳ надорам, вале ин хато буд.”

Амрия Холиқова дар деҳаи Шарафи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон зиндагӣ мекард ва соли 2008 ба шавҳар баромад. Аммо баъди таваллуди фарзанд, вақте иллатҳои ҷисмонии модар дар фарзанд мушоҳида шуданд, шавҳараш ӯро барои ҳамешагӣ танҳо монд ва ба Русия рафт. Баъди ду соли аз шавҳараш ҷудо шудан рӯзи 15 июли соли 2015 Амрия писари чорсолаашро ба холааш супурд ва бо қасди худкушӣ худро ба дарёи Душанбе партофт. Аммо раҳгузарҳо ӯро наҷот доданд ва пулисро аз ҳодиса хабардор карданд.

Амрия мегӯяд, дар пайи зиндагии каме беҳтар дасти кам аз чор идораи давлатӣ - Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, ҳукуматҳои Душанбе ва ноҳияи Фархор ва дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ - кумак хостааст. Аммо то ҳол ҳеч ниҳоде ба дархости ӯ посухи мусбат надодааст. Амрия мегӯяд, танҳо пас аз нашри матлаб дар бораи ӯ аз Кумитаи кор бо занон ва оила ҳазор сомонӣ кумакпулӣ дарёфт карду бас. Ин дар ҳолест, ки мақомоти Кумитаи кор бо занон гуфта буданд, қазияи Амрия Холиқоваро пайгирӣ ва талош мекунанд, ба ӯ дар танзими зиндагиаш кумак кунанд.

Баъди нашри қазияи ин зани ҷавон дар Радиои Озодӣ, Раъно Раҳимзода, раиси ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ҳам гуфта буд, тасмим дорад, барои кумак ба ӯ 8 сотих замин ҷудо кунад. Ваъдае, ки ба гуфтаи Амрия ҳанӯз иҷро нашудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG