Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ампаро" ба Шӯрои ҳуқуқи башари СММ шикоят мебарад


Анҷумани ҳуқуқшиносони ҷавон "Ампаро" мегӯяд, ки дар робита ба баста шудани фаъолияти ин ниҳод, ба Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид шикоят хоҳад бурд.

Дар иттилоияе, ки рӯзи 15-уми феврал аз сӯи ин созмон мунташир шуд, гуфта мешавад, ки чун тамоми талошҳояшон дар дохили кишвар бенатиҷа анҷомидааст, ҳамакнун дар робита ба ин масъала ба Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид шикоят хоҳанд бурд.

Зеро ба гуфтаи "Ампаро", шикояти онҳо аз сӯи додгоҳи назоратӣ мавриди баррасӣ қарор нагирифт. Дар ин иттилоия аз ҷумла гуфта мешавад, ки Додгоҳи вилояти Суғд рӯзи 24-уми январ шикояти Анҷумани ҳуқуқшиносони ҷавон «Ампаро»-ро дар мавриди ҳукми ҳукми Додгоҳи шаҳри Хуҷанд дар иртибот ба баста шудани ин созмон дар таърихи 24-уми октябри соли гузашта, баррасӣ накард. Зеро додраси додгоҳи вилоятӣ ҳама ваҷҳҳои пешовардаи "Ампаро" ғайримантиқӣ хонда, ва бинобар ҳамин аз баррасии он худдорӣ кардааст. Ба ҳамин тартиб, Додгоҳи вилояти Суғд шикояти "Ампаро"-ро, ки қазия бояд дар Додгоҳи олӣ бозбинӣ шавад, радд кард.

Қазияи басташвии пурсарусадои созмони ғайроидавлатӣ бар асоси шикояти вазорати адлия дар вилояти Суғд иттифоқ афтода буд. Моҳи октябри соли 2012 додгоҳи шаҳри Хуҷанд аризаи шаҳрвандии Раёсати адлияи вилояти Суғдро муҳокима намуда, ҳукм кард, ки Анҷумани ҳуқуқшиносони ҷавон «Ампаро» баста шавад. Ба гуфтаи Раёсати адлияи вилояти Суғд сабаби шикоят ин буд, ки суроғаи ҳуқуқии ин анҷуман гӯиё бо суроғаи воқеии дар гузоришҳои расмӣ пешниҳодшуда мувофиқат намекард. Ҳомиёни ҳуқуқи инсон мегӯянд сабаби аслии басташавии ин созмон сирф сиёсӣ буда, ба ифшогариҳои ҳодисаҳои нақзи ҳуқуқи инсон дар артиши Тоҷикистон марбут аст. Идаое ки вазорати адлияи Тоҷикистон онро рад кардааст.

Ҳомиёни ҳуқуқи инсон - барномаи муштараки Федератсияи байналмилалии ҳуқуқи башар ва Созмони ҷаҳонии алайҳи шиканҷа бо ирсоли як номаи саркушода ба унвони раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, вазири адлия ва раиси додгоҳи олии кишвар тасмими баста шудани Анҷумани ҳуқуқшиносони ҷавон "Ампаро"-ро маҳкум карданд. Онҳо аз ҳукумат даъват карда буданд, ки қарори худро дар робита ба "Ампаро" бознигарӣ кунанд.

Созмони «Ампаро» бо таҳқиқоти пайдарпаи интиқодиаш дар заминаи поймолшавии ҳуқуқи сарбозон дар артиш, ҳодисаҳои шиканҷаву бадрафторӣ ва даъвати иҷборӣ ба хизмат маъруфият касб кардааст. Мунаққидон мегӯянд, сабаби аслии басташавии ин созмон ҳам маҳз ҳамин ифшогариҳои ҳодисаҳои нақзи ҳуқуқи инсон дар артиши Тоҷикистон мебошад, ки ба обрӯи давлат латма мезанад.

Аммо Рустам Менгалиев, вазири адлияи кишвар гуфта буд, ки қазияи «Ампаро» ангезаи сиёсӣ надорад. Ӯ гуфт, зимни тафтиши фаъолияти ин созмон нақзи қонун ошкор шудааст, «вале масъулини он бо ҷои ислоҳи камбудиҳо садо баланд карданд, ки мавриди фишору таҳқиб қарор доранд». Вай инчунин фармоишӣ будани ҳукми басташавии ин созмонро рад кард.
XS
SM
MD
LG