Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Amnesty International: Абдуллоҷоновро ба Тоҷикистон надиҳед


7 феврали соли 2013, додгоҳи шаҳри Борисполи Украина
7 феврали соли 2013, додгоҳи шаҳри Борисполи Украина

Amnesty International ё Созмони афви байналмилал аз мақомоти Украина хостааст, ки Абдумалик Абдуллоҷонов, собиқ сарвазири Тоҷикистонро ба Душанбе истирдод накунад.

Бо пахши як баёния ин созмон аз Киев талаб кардааст, ки Абдуллоҷоновро ба Тоҷикистон таслим накунад ва дар зудтарин фурсат ӯро аз боздоштгоҳ раҳо созад. Ба таъкиди Amnesty International, Абдуллоҷонов дар сурати истирдодаш ба Душанбе мавриди шиканҷа ва ноадолатиҳои додгоҳӣ қарор хоҳад гирифт.

Дар баёния омадааст, ки Абдуллоҷонов аз роҳбарони аршади мухолифини ҳукумати феълии Тоҷикистон маҳсуб меёбад ва аз ҷониби мақомоти тоҷик дар аъмоле чун созмони гурӯҳи ҷиноӣ, кӯшиши ғасби ҳукумат, терроризм, диверсия, дуздии амволи давлатӣ муттаҳам мешавад.

Изҳороти Amnesty International дар ҳоле садо медиҳад, ки ҳафтае пеш Дафтари минтақавии Комиссариати Олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон (UNHCR) гуфта буд, интизор дорад, ки мақомоти Украина дархости истирдоди Абдумалик Абдуллоҷонов, сарвазири собиқи Тоҷикистонро рад мекунанд, зеро ӯ ҳаққи вай паноҳандагӣ дорад.

Дар баёнияи расмии UNHCR, ки аз тариқи почтаи электронӣ ба радиои «Озодӣ» расид, омадааст, дафтари минтақавии Комиссариати Олии Созмони Милал бо муроҷиат ба ҳукумати Украина мехоҳад, то ин фардеро, ки ҳаққи паноҳандагии Амрикоро дорад, таҳти ҳимоят бигирад. Агарчӣ номи Абдумалик Абдуллоҷонов дар ин баёния зикр нашудааст, аммо дар он омадааст, ки ин ниҳоди Созмони Милал мӯътақид аст, ки “Украина дархости истирдоди ин фардро рад карда ва бар асоси тааҳуддоти байналмилалии худ ӯро ҳарчӣ зудтар раҳо мекунад.”

Худи Абдуллоҷонов мегӯяд, ки боздошти ӯ “як иштибоҳ” аст, зеро ӯ ба унвони як паноҳандаи сиёсии ИМА ва шахси таҳти ҳимояи СММ набояд ба Тоҷикистон истирдод шавад.

Абдумалик Абдуллоҷоновро, ки дар Тоҷикистон бо иттиҳоми таъсиси гурӯҳи ҷиноӣ, куштор, талош барои ғасби ҳокимият ва дуздии моликияти давлатӣ муттаҳам мешавад, рӯзи 5 феврал дар фурудгоҳи “Бориспол”-и Киев бо мусоидати пулиси байналмилал Интерпол боздошт карданд. Мақомоти Тоҷикистон аз Украина хостаанд, ки ӯро ба Душанбе истирдод кунад. Бо қарори додгоҳи Украина ва то замони баррасии дархости истирдодаш Абдумалик Абдуллоҷонов барои 45 рӯз дар боздоштгоҳ хоҳад монд.

Абдумалик Абдуллоҷонов дар моҳи ноябри соли 1994 бо охирин талошаш барои касби қудрат ва мақоми аввал дар Тоҷикистон худро дар муқобили Раҳмонов дар интихоботи президентӣ номзад кард. Душанбе таҳти фишори Узбакистону Русия маҷбур шуд, номзадии ӯро сабтином кунад, вале дар ниҳоят Раҳмонов барандаи интихобот эълон шуд. Абдуллоҷонов ин пирӯзиро эътироф накард ва ҳамеша мегуфт, ки интихоботро ӯ бурда буд.

Ӯ дар мусоҳибаи ахираш бо радиои «Озодӣ» ҳам чунин гуфт: "Ман медонам, ки дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ман пирӯз шудам. Ҳамон шаб маро сафирони Амрико ва Русия телефонӣ табрик карданд, аммо рӯзи дигар Раҳмонов худро пирӯз эълон намуд. Русия ва Узбакистон, ки кафили расмии интихобот буданд, ба ман ишора карданд, ки як муддат эътироз накунам. Ба ҳар ҳол, ман шахсе ҳастам, ки аксар мардуми Тоҷикистон ба ман раъй доданд."

Исми ӯ як бори дигар дар соли 1997 дар пайи сӯиқасд ба ҷони Эмомалӣ Раҳмонов дар Хуҷанд дар забонҳо уфтод. Бо ҷурми даст доштан дар ин ҳамла бародари ӯ Абдулазиз Абдуллоҷоновро, ки устоди донишгоҳ буд, ба қатл маҳкум карданд. Ҳамлаи нирӯҳои сарҳанги ошӯбгар Маҳмуд Худойбердиевро ҳам ба Хуҷанд дар моҳи ноябри соли 1998 мақомот ба номи Абдуллоҷонов мебастанд.


Мусоҳибаи охирини ӯ бо матбуот сӯҳбати моҳи ноябраш бо радиои «Озодӣ» буд, ки дар он гуфт, азбаски солҳо дар хориҷ ба сар бурдааст, ҳаққи номзад кардани худ дар интихоботи имсолаи раёсатҷумҳурии Тоҷикистонро надорад.

Радиои Озодӣ
XS
SM
MD
LG