Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти муфаттиш дар Кӯлоб ҳангоми ришваситонӣ


Идораи пулиси минтақаи Кӯлоб
Идораи пулиси минтақаи Кӯлоб

Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия муфаттиши шӯъбаи тафтишотии Раёсати корҳои дохилии Кӯлобро ҳангоми ситонидани ришва ба маблағи 1000 доллар боздошт кардааст.

Дафтари матбуоти Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 21-уми август бо тасдиқи ин хабар ба "Озодӣ" гуфт, ки муфаттиши Раёсати корҳои дохилии минтақавии Кӯлоб Миралӣ Мирзоев соати 16:30-и рӯзи сешанбе дар хиёбонии Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб, ҳангоми гирифтани ришва дар ҳаҷми 1000 доллар, боздошт шуд.

Муфаттиши Раёсати минтақавии умури дохилаи Кӯлоб Миралӣ Мирзоев дар ҳоле мавриди шубҳаи кормандони Оҷонсӣ қарор гирифтааст, ки сокини ноҳияи Восеъ Саидмуҳаммад Нуров дар нисбати муфаттиш дар хусуси ин, ки аз вай барои кам кардани гуноҳаш ришва талаб кардааст, ариза пешниҳод намуд.

Дар аризаи сокини ноҳияи Восеъ омадааст, ки Миралӣ Мирзоев -муфаттиши парвандаи вай ва бародараш, ки бо моддаи 237, бо ҷурми авбошии гуруҳӣ айбдор мешаванд, «барои кам кардани гуноҳ" аз онҳо 1000 доллар талаб кардааст.

Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия иттилоъ медиҳад, ки дар ҳоли ҳозир дар нисбати муфаттиш Миралӣ Мирзоев тибқи моддаи 319-и Кодекси ҷиноӣ, яъне бо амали ришватситонӣ, парванда боз шудааст.

Миралӣ Мирзоев, сокини деҳаи «Даҳана»-и ноҳияи Кӯлоб буда, дорои маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ мебошад ва тайи чанд соли ахир ҳамчун муфаттиши Шӯъбаи тафтишотии Раёсати минтақавии умури дохилаи Кӯлоб фаъолият доштааст.
XS
SM
MD
LG