Пайвандҳои дастрасӣ

Гунаҳкорони марги ду сарбоз ва маъюбии Шаҳбол афв мешаванд


Ҷазои Усмоналӣ Ғайратов, ки барои латукӯби ҳамхизматаш Шаҳбол Мирзоев ба 9 соли зиндон маҳкум шуда буд, ба 7 солу 9 моҳ кам карда шудааст.

Ҷазои Усмоналӣ Ғайратов, ки барои латукӯби ҳамхизматаш Шаҳбол Мирзоев ба 9 соли зиндон маҳкум шуда буд, ба 7 солу 9 моҳ кам карда шудааст.

Ҳомиёни ҳуқуқ дар Тоҷикистон мегӯянд, бар асоси Қонуни афв яке аз гунаҳкорони маъюбии Шаҳбол Мирзоев, сарбози тоҷик комилан аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод мешавад ва ҳукми гунаҳкори аслӣ дар ҳодиса низ ихтисор мешавад, ки мухолифи ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон аст.

Дилрабо Самадова, намояндаи созмони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар шаҳри Хуҷанд рӯзи 3-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, созмони онҳо се парвандаи бадрафторӣ ва ё марги сарбозон дар артишро дар даст дорад, ки Қонуни афв нисбат ба гунаҳкорони онҳо татбиқ мешавад:

“Қонуни афв нисбати гунаҳкорони ҳамон се шахсе, ки ба онҳо муносибати бераҳмона кардаанд ва 9 сол ё зиёда аз он ҳукм гирифтаанд, татбиқ карда мешавад. Ва мувофиқи қонун дар бораи авф мӯҳлати онҳо ихтисор мешавад. Ин бо санадҳои байналхалқӣ рост намеояд. Кумитаи Созмони Милал бар зидди шиканҷа ва Конвенсияи зидди шиканҷа муқаррар кардааст, шаҳрвандоне, дар амалҳои шиканҷа гунаҳкор дониста шудаанд, вобаста ба кирдорҳояшон ҷазо гиранд ва набояд амнистия шаванд.”

Аз ҷумла ҳукми Усмоналӣ Ғайратов, фелдшери воҳиди низомии нерӯҳои марзбонӣ, ки бо бадрафторӣ нисбат ба Шаҳбол Мирзоев, ӯро маъюби бистарӣ кард, аз 9 то ба 7 солу 9 моҳ кам карда мешавад. Аммо ҷавобгари дигар дар парванда Гулрафтор Ширинова, сардори дорухонаи қисми низомии Шаҳбол Мирзоев, ки ӯро бо барои иҷрои номуматлуби вазифаҳои хидматӣ ва риоят накардани ойиномаи хидматӣ ба 1.5 соли кори иҷборӣ маҳкум шуд, комилан авф мешавад.

Гардани Шаҳбол Мирзоев тобистони имсол дар натиҷаи бадрафтории ҳамхидматаш Усмоналӣ Ғайратов осеб дид ва ӯ то кунун бистарист ва роҳ рафта наметавонад. Шаҳбол, ки рӯзҳои сиёҳеро пушти сар кард, ҳоло дар бемористони шаҳри Хуҷанд аст ва ҳукумат ваъда додааст, ки пули идомаи муолиҷаро худаш мепардозад.

Давлати Тоҷикистон ҳамчунин ҳукми зиндони гунаҳкорони марги Акмал Давлатов, сарбози дигари нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон низ камтар мекунад, ки парвандаи пурсарусадои дигаре дар матбуоти кишвар буд. Мақомоти Тоҷикистон дар аввал гуфта буданд, ки ҳангоми хӯрокхӯрӣ нон дар гулӯи Акмал Давлатов дармонда ва сабаби марги ӯ шудааст.

Аммо баъдан эътироф карданд, ки ҳамхидмати Акмал, Фаррух Давлатов ӯро латукӯб кардааст ва дар натиҷаи ин бадрафторӣ, нон дар ҳалқи Акмал дармонда, сабаби маргаш шудааст. Ҳодисаи мазкур рӯзи 17-уми апрели имсол дар Хуҷанд сурат гирифт. Фаррух Давлатов ҳам барои ин бадрафторӣ ба 9 соли зиндон маҳкум шуд, вале ҳукми ӯ низ, ду солу се моҳ ихтисор мешавад.

Бар асоси Қонуни афв, ҳамчунин чаҳор кӯҳнасарбозони собиқи (дембел) қисми низомии 2758 дар ноҳияи Спитамен дар зиндон камтар мешинанд. Юнусов, Шарифзода, Нуров ва Шеров моҳи январи соли равон яке аз ҳамхидматони худро ба ҳадде латукӯб карданд, ки ӯ бар асари осеб дидани аъзои даруниаш ҳалок шуд. Додгоҳи Хуҷанд, баъди пофишории созмонҳои ғайриҳукуматӣ ин чаҳор сарбзро аз 5 то 7.5 солии зиндон маҳкум кард. Бар асоси қонуни авф аз 4 як ҳиссаи ҷазои ин чаҳор нафар камтар карда мешавад.

Дар умум ба гуфтаи Дилрабо Самадова, Қонуни авф нисбат ба онҳое низ татбиқ мешавад, ки бар тибқи моддаҳои 141 қисми 1 (шиканҷа) ва моддаи 391 (сӯистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ, мансабӣ ва хизматӣ баромадан) ҷазо гирифтаанд. Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид дар гузашта аз Тоҷикистон хостааст, ки онҳоеро, ки барои шиканҷа, рафтори ғайриинсонӣ ва ё амалкардҳои шабеҳ зиндонӣ шудаанд, афв накунад ва парвандаҳое, ки ба шиканҷаву бадрафторӣ иртибот мегиранд, лағв нашавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG