Пайвандҳои дастрасӣ

Вакили авфшудаи Зайд Саидов дубора ба кор сар кард


Фахриддин Зокиров

Фахриддин Зокиров

Фахриддин Зокиров -- вакили мудофеи соҳибкори маҳбус Зайд Саидов пас аз авф дубора ба фаъолияти адвокатӣ шурӯъ кард. Вай бо иттиҳоми таъхир дар баргардони қарзи бонкӣ 8 моҳро дар зиндон ба сар бурд.

Фахриддин Зокиров - вакили мудофеъи Зайд Саидов пас аз афв ва раҳоӣ аз боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дубора ба фаъолияти ҳуқуқшиносии худ ҳамчун вакили мудофеъ оғоз намуд. Ин дар ҳолест, ки маҳкум шудани ӯ ҳамчунин ба қатъи фаъолияти ҳуқуқшиносияш сабаб мегашт. Аммо ҳамкори Зокиров -- Бузургмеҳр Ёров рӯзи 4 декабр ба радиои Озодӣ гуфт, ки бино бар қонуни авф доғи судии Зокиров низ бартараф шудааст ва ӯ метавонад кори худро ҳамчун вакили дифоъ идома диҳад: “Фахриддин Зокиров ҳуқуқшиноси шинохта аст, ва ҳоло пурра ба фаъолияти адвокатии худ шурӯъ кардааст.”

Фахриддин Зокиров пас аз 8 моҳи боздошт бо иттиҳоми қаллобӣ рӯзи 3 ноябр тибқи қонуни афв озод шуд. Вай, ки аз Зайд саидов соҳибкори маъруф ба ҳайси вакили мудофеъ пуштибонӣ мекард, дар моҳи марти соли равон аз сӯи маъмурони Оҷонсии мубориза бо фасод дастгир ва тибқи моддаи 247-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (қаллобӣ) айбдор шуда буд.

Ба гуфтаи тафтишот, асли моҷаро 1 миллион доллар қарзест, ки як ширкати марбут ба Фахриддин Зокиров ҳанӯз дар соли 2011 аз “Тоҷиксодиротбонк” гирифтааст. Даъвои мақомот ин аст, ки ширкати Зокиров дар баргардондани тақрибан 30 дарсади боқимонда аз ин маблағ таъхир мекунад.

Аммо вакилони ӯ мегӯянд, ширкати Зокиров дар вақти гирифтани қарз як корхонаи пахтаро ба гарав гузошта буд ва 70 дарсади қарзро алакай пардохтааст.

Наздикони Фахриддин Зокиров мегӯянд, сабаби аслии таъқиби мақомот мавқеи фаъоли ӯ дар роҳи ҳимоят аз соҳибкори маъруф Зайд Саидов аст. Худи ӯ ҳам тавассути вакилонаш гуфтааст, ки аз ӯ бо ин роҳ қасос гирифтаанд.

Зайд Саидов, вазири собиқи саноати Тоҷикистон моҳи майи соли 2013 боздошт ва моҳи декабр ба 26 соли зиндон маҳкум шуд. Фахриддин Зокиров ҳамроҳ бо Исҳоқ Табаров ва Шӯҳрат Қудратов тайи ин ҳама моҳҳо аз ҳуқуқи Зайд Саидов ҳимоят мекарданд. Шӯҳрат Қудратов низ дар тобистони имсол аз сӯи маъмурони Оҷонсии мубориза бо фасод бо иттиҳоми миёнаравӣ дар додани пора дастгир шуд ва то ҳол дар боздошт ва парвандаи ӯ дар Додгоҳи шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ аст.

Боздошти Фахриддин Зокиров ва Шӯҳрат Қудратов, ки ҳарду аз Зайд Сайидов ҳимоят мекарданд, ҷомеаи адвокатии Тоҷикистонро дар бобати ҳифзи ҳуқуқи вакилони дифоъ шадидан нигарон карда буд. Вакили савуми Саидов -- Исҳоқ Табаров низ изҳори ҳарос карда буд, ки мақомот дар пайи боздошти ӯ низ даст ба кор хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG