Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

27-уми март Амнести Интернешенал ё Афви Байналмиллал гузориши худро дар бораи эъдомҳои соли 2013 чоп кард. Дар ин гузориш номи Тоҷикистон низ оварда шудааст.

Соли гузашта бидуни дарназардошти Чин, ки шумораи эъдомҳоро махфӣ нигоҳ медорад, 778 нафар дар 22 кишвар ҳукми қатл гирифтаанд ва ин ҳукм иҷро шудааст. Соли 2012 ин шумора 100 нафар камтар буд. Бар асоси гузориш, дар мақоми аввал Чин ва дар мақоми дуввум Эрон ҷой гирифтаанд. Зинаҳои баъдиро Арабистони Саудӣ бо 79 эъдом ва Амрико бо 39 эъдом ё қатл ишғол кардаанд.

Дар Тоҷикистон тибқи қонун ҳукми эъдом вуҷуд дорад, вале дар соли 2004 барои иҷрои ҳукми қатл моратория эълон шуд ва аз он сол то ба ҳол додгоҳҳои Тоҷикистон барои ҷинояткорон ҳукми қатл содир намекунанд ва ҳеҷ кас эъдом ҳам нашудааст. Вале истифодаи ҳабси якумра ё ҳабси абад ҳамчун алтернативаи асосии ҳукми қатл дар Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Ононе, ки ба ҳабси абад маҳкум мешаванд, мавриди афв қарор нагирифтаанд ва қарор ҳам нахоҳанд гирифт.

Моҳи апрели соли гузашта раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонаи худ ба порламон гуфт, ки боз доштани муҷозоти эъдом ё ҳукми қатлро бояд ниҳодҳои зидахли ин кишвар бозбинӣ кунанд.

Баъд аз соли 2004, яъне эълони моратория бори аввал раиси ҷумҳур ба ин мавзӯъ ишора кард.
Ҳар сол моҳи апрел раиси ҷумҳур паёми солонаи худро дар порламон ироа мекунад. Мудофеони ҳуқуқи башар интизоранд, ки имсол низ раиси ҷумҳур дар ин паём дубора ба мавзӯи лағви ҳукми қатл дар Тоҷикистон бар хоҳад гашт. Худи порламони Тоҷикистон ҳам барои омӯзиши афкори ҷомеа роҷеъ ба ҳукми қатл моҳи июни соли гузашта як гурӯҳи корӣ ташкил кард. Маҳмадалӣ Ватанов - раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагон дар ин бора чунин гуфт:

“Дар паёми президент масъала гузошта шуда буд, ки омӯзиши афкори ҷомеа дар бораи дар оянда аз байн бурдани ҷазои қатл гузаронида шавад. Барои ин дар назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳи корӣ ташкил шудааст. Дар порламон ҳам ҳамин гуна гурӯҳ ташкил кардаем. Мо ин масъаларо омӯхта бо мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаем, ки фикри онҳоро доир ба ин масъала муайян кунем. Мақсади ниҳоӣ, албатта, бекор кардани ҳукми қатл аст”.

Бо вуҷуди ин тасмими ниҳоиро дар бораи лағви ҳукми қатл тибқи қонун раиси ҷумҳури Тоҷикистон хоҳад гирифт, вале то он вақт ҳабси абад ҷойгузини ҳукми қатл боқӣ хоҳад монд.

Бино ба маълумоти ахири намояндагии Созмони байнулмилалии Ислоҳоти соҳаи ҷиноӣ ё Penal Reform International (PRI) дар Осиёи Марказӣ, ҳоло дар Тоҷикистон бештар аз 60 нафар дар зиндонҳо мӯҳлати ҳабси абади худро сипарӣ мекунанд.
Вале коршиносон ин нуктаро ёдоварӣ мекунанд, ки Тоҷикистон ба сӯи ҷомеаи демократӣ роҳ мепаймояд ва бояд дар ин самт ба равандҳои байналмиллалӣ барои аз миён бардоштани ҳукми қатл бипайвандад ва қонунҳои худро ба мавозини байналмиллалӣ мутобиқ созад. Сергей Романов-раҳбари Маркази мустақили дифоъ аз ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон мегӯяд:
“Моҳи апрел дар Тоҷикистон роҷеъ ба ин мавзӯъ як конфронси байналмиллалӣ баргузор мешавад. Дар он коршиносони байналмиллалӣ, намояндагони Созмонҳои ғайридавлатии ҳуқуқи башари Тоҷикистон ширкат ва имкони иваз кардани ҳукми қатлро баррасӣ мекунанд”.

Дар ин конфронс ҳамчунин натиҷаҳои фаъолияти гурӯҳи корӣ роҷеъ ба омӯзиши афкори ҷомеа дар ин бора пешниҳод хоҳад шуд.

Омӯзиши афкори ҷомеаро барои он зарур медонанд, ки гаҳ-гоҳе баъзе қатлҳои бераҳмона дар Тоҷикистон мушоҳида мешавад. Масалан, шаби якум ба дуввуми июни соли 2013 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қотилон ба манзили зисти Аҳмадхӯҷа Бобоев, воқеъ дар канори ин шаҳрак ворид шуда, бо истифода аз силоҳи оташзо Бобоев Аҳмадхӯҷа, ҳамсараш Бобоева Ҳаётхон, духтари 16 солаи онҳо Бобоева Рухшона ва писарашон Бобоев Сӯҳроби 15 соларо ба қатл расониданд.

Гузашта аз ин, то ҳол ҷиноятҳои нангину сангине аз қабили таҷовузи ноболиғон дар Тоҷикистон мушоҳида мешавад. Бо назардошти чунин ҷиноятҳо 29 дарсади аҳолии Тоҷикистон соли 2010 дар назрсанҷие хостори барқарор кардани ҳукми қатл шуда буданд ва онро яке аз роҳҳои пешгирӣ аз ҷиноятҳои сангин дар ҷомеа дониста буданд. Дар ин назарсанҷӣ ҳудуди 60 дарсади пурсидашудагон изҳор доштанд, ки ҳукми қатл бояд комилан аз байн бурда шавад. Тақрибан 10 дарсади дигари назардиҳандагон аз изҳори ақида худдорӣ карданд.

Дар гузориши ахири Созмони Афви Байналмиллал ё Амнести Интернешенал дар бораи муҷозоти эъдом ё ҳукми қатл дар кишварҳои мухталиф Эрон баъд аз Чин аз лиҳози шумораи эъдомшудагон дар мақоми дуввум қарор дорад. Дар гузориш гуфта мешавад, ки дар Чин шумораи ононеро, ки ба қатл маҳкум шудаанд ва ҳукми онҳо ба иҷро даромдааст, махфӣ медоранд ва шояд ин шумора ҳар сол ба ҳазорон нафар бирасад. Вале дар Эрон дар давоми соли 2013 369 нафар ҳукми эъдом гирифтаанд ва ин ҳукм иҷро шудааст. Ширин Ибодӣ-раҳбари Маркази дифоъ аз ҳуқуқи башари Эрон ва барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел ба радиои Озодӣ гуфт:

“Бештарин иллати эъдом марбут аст ба маводи мухаддир ва дар байни эъломшудагон 6 нафар ҳам муттаҳами сиёсӣ ҳастанд. Аз ҷумла, аз замоне, ки оқои Рӯҳонӣ раиси ҷумҳур шуданд, то ба имрӯз 4 зиндонии сиёсиро эъдом каранд”.


Хонум Ибодӣ мегӯяд, қонунҳои Эрон барои муттаҳамони сиёсӣ низ ҳукми қатлро пешбинӣ мекунад ва ҳукумати президент Ҳасан Рӯҳонӣ барои аз миён бардоштани он ва ё ҳадди ақал моратория эълон кардани он даст ба иқдоме намезанад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG