Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раиси пешини вилояти Хатлон ва яке аз аъзои дар гузашта калидии ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ҳоло раиси Анҷумани бонкҳои Тоҷикистон шудааст.

Амиршо Миралиев, раиси собиқи вилояти Хатлон ва яке аз аъзои дар гузашта калидии ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, раиси Анҷумани бонкҳои Тоҷикистон, шудааст. Миралиев 70 сол дорад ва ба ин мақом баъд аз як соли таъин шуданаш ба вазифаи Шӯрои нозирони "Соҳибкорбонк" расидааст.

Як намояндаи Анҷумани бонкҳои Тоҷикистон рӯзи 25 апрел мақоми нави Амиршо Миралиевро тасдиқ кард ва гуфт, ки "ӯ бо роҳи интихобӣ ба ин вазифа омад. Ин таъинот нест, балки аъзои анҷуман ӯро интихоб кардаанд." Ҳасан Асадуллоҳзода - раиси "Ориёнбонк", Муродалӣ Алимардон - раиси "Агроинвестбонк", Тоҷиддин Пирзода - раиси "Тоҷиксодиротбонк" ва... Руҳуллоҳ Ҳакимзода - раиси "Амонатбонк" узви Анҷумани бонкҳои Тоҷикистон ҳастанд.

Амиршо Миралиев дар мақоми наваш Изатулло Лаълбековро иваз кардааст, ки тайи ҳашт соли охир раҳбарии Анҷумани бонкҳои Тоҷикистонро бар уҳда дошт.

Амиршо Миралиев соли 1946 дар ноҳияи Данғара ба дунё омада, соли 1970 Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистонро бо ихтисоси агроном ва соли 1988 Мактаби олии ҳизби коммунист дар шаҳри Ленинград (ҳоло – Санкт-Петербург)-ро хатм кардааст. Дар давраи Шӯравӣ то ба мақоми котиби якуми ноҳияи Москва (ҳоло – Ҳамадонӣ) расида буд. Аз соли 1994 то 2000 мушовири раисиҷумҳури Тоҷикистон дар масъалаи кадрҳо буд. Дар интихоботҳои солҳои 1990, 1995 ва соли 2000 вакили парлумон интихоб шуд.

Аммо дар соли 2001 раиси ҳукумати вилояти Хатлон таъйин шуд ва 5 сол ин пураҳолитарин вилояти Тоҷикистонро роҳбарӣ кард. Соли 2006 ба Душанбе баргашт ва раиси дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ таъин шуд. Дар интихоботи порлумонии соли 2010 аз тарафи ҳизби ҳокими халқии демократӣ дигарбора вакили парлумон ва дар нахустин иҷлосияи он ҳайъат муовини раиси Маҷлиси намояндагон интихоб шуд.

Дар интихоботи парлумонии соли 2015 Амиршо Миралиев ба далели расидан ба синни бознишастагӣ аз сӯи ҳизби ҳоким пешбарӣ нагардид ва бознишаста шуд. Ва баъди ҳамагӣ ду моҳи бознишастагӣ Миралиев ба ҳайси раиси Шӯрои мудирони “Соҳибкорбонк” баргашт ва ҳоло ба мақоми раиси Анҷумани бонкҳои Тоҷикистон расид.

Дар ҳамин ҳол, бархе дигар аз мансабдорони дар гузашта калидии ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон низ дар пайи бознишаста шудан ё барканорӣ дигарбора соҳиби мансаб шудаанд. Аз ҷумла, Талбак Назаров, вазири собиқи хориҷӣ раисии Бунёдеро бар ӯҳда дорад, ки бояд харҷи пулҳои бадастомада аз ҳисоби ҷаримаи вайронкунандагони қонуни танзими расму ойинро назорат кунад.

Ҳаким Солиев, вазири собиқи иқтисод, раиси Шӯрои мудирони “Ориёнбонк” ва Сафар Сафаров, собиқ муовини якуми Эмомалӣ Раҳмон дар ҳизби ҳоким баъди бознишаста шудан муовини раиси Шӯрои нозирони “Тоҷиксодиротбонк” интихоб шудаанд. Матлубхон Давлатов, муовини собиқи сарвазир низ дар ибтидои соли 2014, баъди ҳамагӣ ду моҳи барканориаш аз мақом ба далели бознишастагӣ баргашт ва референти раисиҷумҳур таъин шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG