Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хушунати полис паёми “давраи пасонажодӣ”-и Обамаро беқадр кард


Падидории Обама ҳамчун нахустин президенти сиёҳпӯст, ақидаеро ба миён оварда буд, ки нажодпарастӣ дар Амрико ба поён расидааст. Рӯйдодҳои ахир ин ақидаро бепоя карданд.

Пирӯзии Барак Обама дар интихоботи соли 2008 ва аввалин бор раисиҷумҳури Амрико шудани як сиёҳпӯст натиҷагириеро ба миён оварда буд, ки Иёлоти Муттаҳида давраи нажодпарастиро комилан паси сар кард ва мероси тираи ғуломдориро ба таърих супурд.

Аммо ҳукми ахири ҳайати мунсифаи додгоҳи Амрико, ки гуфт, полиси сафедпӯст ба куштори гумонбаршудаи сиёҳпӯст ба ҷавогарӣ кашида нашавад, ҳазорон нафарро ба хиёбонҳо баровард ва баҳси ҷудоиҳои нажодиро доғ кард.

“Ман ҳамеша гуфтаам, ки ибораи “нажодпарастӣ моли таърих шуд” дуруст нест, баёнаги содалавҳӣ ё дурӯягии гӯяндаҳост,” – навишт шореҳи “The Washington Post”, Южин Робинсон ин ҳафта. “Ҳоло, бадбахтона, худ мебинед, ки чаро.”

Ҳайати мунсифа рӯзи 3-юми декабр қарор кард, ки полиси Ню Йорк дар марги Эрик Гарнер, амрикоии африқоиасл – гумонбаршудаи фурӯши ғайриқонунии сигор – гунаҳкор нест.

Дар навори видеоӣ дида мешавад, ки афсари полис гулӯи Гарнерро хафа мекунад ва ӯ фиғон мекашад, ки “ман нафас кашида наметавонам!” Полис ва пизишкони қонунӣ, ки ба ҷои воқеа расиданд, чанд дақиқа ӯро бетаваҷҷӯҳ дар рӯйи роҳ вогузоштанд ва марди 43-солаи бемори астма дертар фавтид.

Осебшиносони бемористони шаҳр марги ӯро куштор дар натиҷаи хафақон номиданд. Ин усули боздошт аз тарафи Полиси Ню Йорк ду даҳа пеш мамнӯъ эълон шудааст.

“Ман нафас кашида наметавонам!” ба шиори раҳпаймоиҳое табдил ёфт, ки дар шаҳрҳои гуногуни Амрико аз ҳукми ҳайати мунсифа эътироз карданд.

Ин ҳукм ҳамагӣ ҳафтаҳое баъд аз ҳукми додгоҳи дигаре6 эълон шуд, ки полиси сафедпӯстро аз ҷавобгарӣ дар марги як ҷавони 18-солаи африқоиасл дар Фергюсони Миссурӣ озод намуд.

Афсари полис дар ин қазия далел овард, ки барои дифоъ аз худ тир кушод, ҳарчанд шоҳидон дар бораи воқеа, ки видеоӣ нашудааст, баёноти дигар медиҳанд.

Ҳарду воқеа баёнгари муносибати ноодилонава беҷазои мақомоти ҳифзи қонуни Амрико бо мардҳои африқоиасли ин кишвар аст.

Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, ки ҳамеша мегӯяд, Амрико кишвари қонун аст, дар паёме дар Вашингтон аз қазияи Гарнер изҳори дареғ кард: “Низоми ҳифзи ҳуқуқи мо, тавре бадбахтона, рӯзҳои охир мебинем, миёни ормонҳои касбӣ ва амалияи ҳаррӯза хоиилигоҳе дорад.”

ТАЪРИХИ ДАРОЗИ НАЖОДПАРАСТӢ

Журналист ва мутафаккири саршиноси африқоиасли Амрико Та-Неҳисӣ Котс мегӯяд, хушунати полис зидди сиёҳпӯстон дар Иёлоти Муттаҳида набояд ба сари худ, балки дар матои васеътари нажодпарастӣ баррасӣ шавад. “Ин кишвар таърихи тӯлонии нажодпарастӣ дорад ва ниҳодҳои интизомӣ машҳуртарин абзори он будаанд, -- гуфт ӯ дар мусоҳиба бо MSNBC рӯзи 3-юми декабр. – Аммо худи нажодпарастӣ аз ин ниҳодҳо барнамеояд. Полис аз ҷомеа бархостааст ва асосан ончиро мекунад, ки ҷомеа аз он мехоҳад.”

Котс дар ин нуқтаи назар танҳо нест. Назарсанҷиҳо нишон медиҳанд, ки нигоҳи аҳолии африқоиасли Амрико ба муносибатҳои байни нажодҳо ҳарчӣ тиратар мешавад. Он ҳам дар ҳоле ки омор ба афзоиши нобаробарии байни онҳо далолат мекунад.

Бино бар назарсанҷии Маркази Пю ва “USA Today” дар моҳи август, ҳарчанд аксари сиёҳ ва сафедпӯстон ба муносибати байни нажодҳо мусбат менигарад, теъдоди африқоиаслҳое, ки хушназаранд 12 дараҷа – аз 76 дарсади соли 2009 то 64 дарсад поин рафтааст. Соли 2009 Обама корашро ҳамчун раисиҷумҳури Амрико сар карда буд.

Дар ин байн, Дафтари омори ИМА ва шарҳи Bloomberg нишон медиҳанд, ки ҳарчанд шумораи африқоинажодони фақир дар ин кишвар дар 50 соли охир коҳиш ёфтааст, онҳо ҳамоно дар масъалаҳои даромад, маскан, кор, маориф ва тӯли умр бо сафедҳо баробар нашудаанд.

Бино бар маълумоти соли 2011-и Бюрои Федероли Пажӯҳиш ё FBI шумораи сиёҳпӯстон ҳамчун қурбонӣ ё иҷрокунандаи куштор аз таносуб бештар аст. Агарчӣ онҳо камтар аз 13 дарсади аҳолии Амрикоро ташкил медиҳанд, ними қатлҳои он сол дар ин кишвар марбуташон мешавад.

Обама дар паёми 4-уми декабр, ба масъалаи нобаробариҳо дахл кард ва гуфт, “мағзи ормони амрикоӣ, ки мо ҳама дар он ҳамандеш ҳастем, ин аст, ки ба ягон кас кафолати комёбӣ дода нашудааст, аммо ҳама ба имкониятҳои комёбӣ дастрасӣ доранд. Ва мо омодаем, барои он кор кунем, ки на танҳо ояндаи кӯдакони мо ба сӯйи комёбӣ бошад, балки ояндаи кӯдакони ҳама.”

“Ба як маънӣ, ҳама кӯдакони моянд ва мо барои ҳама масъулият дорем,” – гуфт ӯ.

МУШКИЛИ АМРИКОӢ

Дарҳол пас аз ҳалномаи ҳайати мунсифа роҷеъ ба марги Гарнер, Обама эълом дошт, ки барои таъмини баробарии ҳама дар назди қонун ҳама корро хоҳад кард. Вай ба иттиҳоди байни нажодҳо низ таъкид намуд.

“Ин вазифаи ҳамаи мо, амрикоиҳост, ки қатъи назар аз нажод, минтақа ва мазҳаб инро як мушкили умумии Амрико шуморем, на танҳо мушкили сиёҳ ё қаҳваӣ ё бумиёни Амрико,” – гуфт Обама.

Ҷелонӣ Кобб, мудири пажӯҳишҳои африқоӣ дар Донишгоҳи Коннектикут мегӯяд, ҳар дафъа посухи Обама ба ин рӯйдодҳо ҳамсон аст, фақат номи қурбониён тағйир меёбанд.

“Ҳамаи ин саркашӣ аз иттиҳом даъватҳои “дардшикан”-ро ба миён меоранд. Аммо шифо нест. Тарс аст.” – менависад Кобб.

Дар ин миён ҳалномаи марбут ба парвандаи Гарнер яке аз танзнависон ва шореҳони машҳури Амрико – Ҷон Стюартро ба ҷое расонд, ки дар ҷустуҷӯи вожаҳо саргиҷ шавад.

“Рӯшан аст, ки мо дар аҳди пасонажодӣ ба сар намебарем. – Гуфт ӯ дар барномаи “The Daily Show” рӯзи 3-юми декабр ва афзуд, “Ман шарт мебандам, ки бисёриҳо ҳайронанд, аслан ба сар мебарем ё на.”

Вай илова кард: “Ман намедонам чӣ гӯям.”

XS
SM
MD
LG