Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Белмар: Дар Фергюсон 30 тан аз эътирозгарон боздошт шуданд


Эътирозгарон дар шаҳри Фергюсон, воқеъ дар аёлати Миссурии ИМА, сӯи кормандони полис аз силоҳ оташ кушоданд. Дар ин бора рӯзи сешанбе раиси идораи полиси маҳаллӣ Ҷон Белмар хабар дод ва афзуд, ки ба нафаре аз кормадони ҳифзи тартибот осеб нарасидааст.

Бенизомиҳо дар Фергюсон баъди он сар заданд, киҲайати мунсифа корманди полисеро, ки моҳи август навраси сиёҳпӯстро аз зарби тир кушта буд, сафед карданд. Афроди норозӣ аз ҳукм биноҳо ва мошинҳои полисро оташ зада, мағозаҳоро ғорат карданд. Ба иттилои полис, тақрибан 30 тан аз эътирозгарон боздошт шуданд.

Дар канори шаҳри Сент-Луис, ки дар ҳамсоягии Фергюсон ҷойгир аст, садои тирандозӣ ба гӯш расид. Бенизомиҳо дар дигар шаҳрҳо Ню-Йорк ва Лос-Андҷелес ҳам шурӯъ шуданд. Аз ин пеш раисиҷумҳур Барак Обама аз афроди аз ҳукм норозӣ даъват кард, ки аз хушунат парҳез кунанд ва аз кормандони полис хост, ки сабур бошанд.

Ҳалокати навраси сиёҳпӯст Майкл Браун аз тири корманди полис Даррен Уилсон эътирозҳои густурдаеро ба бор овард, ки чанд рӯзи идома карданд. Шоми душанбе додситони шаҳри Фергюсон Роберт МакКалло дар як нишасти хабарӣ изҳор намуд, аъзои ҳайати мунсифа баъд аз омӯзиши мӯшикофоани парванда ба натиҷае расиданд, ки Уилсон ба хотири дифоъ аз худ сӯи ҷавони сиёҳпӯст тир андохтааст.

Корманди полис мегӯяд, ӯ барои он аз силоҳ истифода кард, ки дар рафтори Браун барои ҷони худ таҳдидро эҳсос намуд. Аммо хонаводаи Браун мутмаин аст, ки корманди полис Майклро бидуни далел ҳадафи тир қарор додааст.

XS
SM
MD
LG