Пайвандҳои дастрасӣ

Нерӯҳои амрикоӣ имсол ҳам дар Афғонистон мемонанд


Президенти ИМА эълон кард, ки раванди хуруҷи нерӯҳои ин кишвар аз Афғонистонро кундтар месозад ва то поёни соли ҷорӣ 9800 сарбоз боқӣ хоҳанд монд. Бар асоси нақша, то охири соли ҷорӣ бояд 5500 аскари амрикоӣ дар Афғонистон боқӣ мемонд.

Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико пас аз мулоқот бо Муҳаммад Ашрафғанӣ, раиси ҷумҳур ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи Афғонистон дар Қасри Сафед, дар як нишасти хабарии муштарак гуфт, тақозои Ашрафғанӣ дар мавриди боқӣ мондани нерӯҳои бештари амрикоӣ дар Афғонистонро пазируфтааст.

Оқои Обама гуфтааст, ки Афғонистон то ҳанӯз як минтақаи хатарнок ба шумор меравад: "Раиси ҷумҳур Ғанӣ хоста буд, ки дар ҷадвали замонии хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон андаке тағйир ба миён биояд. Ман бо фармондеҳи нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон ва тими амнияти миллии худ машварат карда тасмим гирифтам, то поёни соли ҷорӣ ҳамин теъдоди 9800 сарбози худро ҳифз кунем ва шумораи дақиқи сарбозони амрикоиро, ки дар соли 2016 боқӣ хоҳанд монд, дар поёни имсол мушаххас кунем. Ба ин тартиб, мо метавонем, ки дар поёни соли 2016 шуморе аз сарбозонро барои таъмини амнияти сафорати Амрико дар Кобул нигаҳ дорем."

Раиси ҷумҳури Амрико дар ин нишасти хабарӣ гуфтааст, ки тасмим доранд, ки то поёни соли 2016 раванди хуруҷи пурраи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон анҷом ёбад. Вай ҳамзамон афзудааст, ки дар маъмурияти ҷангии нерӯҳои кишвараш дар Афғонистон, ки дар моҳи декабри соли 2014 ба поён расид, ҳеҷ тағйирот ба миён намеояд.

Муҳаммад Ашрафғанӣ дар ин нишасти хабарӣ аз нерӯҳои низомии Амрико ғайринизомиён ва андозсупорандагони амрикоӣ барои ҳимояташон аз давоми 14 соли ахир ба Афғонистон сипос намуда ва гуфтааст, ки фоҷиаҳо моро бо ҳам наздик кардааст ва ҳоло манофеи мо муштарак аст.

"Дар ҳоли ҳозир маъмурияти нерӯҳои амрикоӣ поён ёфтааст. Аммо маъмурияти омӯзишии нерӯҳоги амниятии афғон, машварат ва ҳимояти онҳо, бахши муҳими манофеъ ва талошҳои муштараки моро ташкил медиҳад."

Раиси ҷумҳури Афғонистон гуфт, бо истифода аз кунд шудани раванди хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон, раванди ислоҳот суръат бахшида мешавад ва боварии комил ба даст меояд, то нерӯҳои афғон амнияти комили кишварашонро ба ӯҳда бигиранд.

Нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ бо раҳбарии Амрико дар тирамоҳи соли 2001 пас аз суқути низоми Толибон вориди Афғонистон шуданд ва ҳудуди 13 дар сол дар ин кишвар ҳузур доштанд. Тӯли ин солҳо дар ҷанг миёни нерӯҳои эътилоф ва мухолифони мусаллаҳи ҳукумати Афғонистон ҳазорон нафар кушта шуданд. Тибқи иттилои мақомоти НАТО дар Афғонистон, садҳо нафар аз сарбозони ин паймон тӯли ин муддат дар Афғонистон кушта шуданд, ки аксари онҳо сарбозони амрикоӣ мебошанд.

XS
SM
MD
LG