Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯдакону занон дар нақби Истиқлол мунтазири раҳоӣ (ВИДЕО)


Поксозии роҳ ҳамчунон идома дорад.
Поксозии роҳ ҳамчунон идома дорад.

Мақомот мегӯянд, се корманди ширкати мутасаддии роҳи Душанбе-Хуҷанд, ки рӯзи гузашта зери тарма монданд, ҳалок шудаанд ва сарнавишти ду мусофири дигар маълум нест. Далер Абдуллоев, сухангӯи ширкати IRS рӯзи 19-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷасади се ҳамкорашонро, ки бо мошини бузургҳаҷми поксозии роҳ зери тарма монда буд, имрӯз пайдо карданд.

Ҳодиса рӯзи 18-уми феврал дар километри 72-уми роҳи Душанбе-Чаноқ ба вуқӯъ пайваста ва дар маҷмӯъ 7 корманди ширкат дар ин маҳал зери тарма монданд. “Шоми дирӯз як нафарашонро наҷот додем, субҳи имрӯз се нафари дигарро озод кардем. Мутаасифона се нафари боқимондаро ҷасадҳояшонро пайдо кардем.” – гуфт, Далер Абдуллоев.

Умеда Юсупова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ба Радиои Озодӣ гуфт, авзоъ бахусус дар самти ноҳияи Айнӣ бад аст ва 80 мусофире, ки аз самти Хуҷанд ба Душанбе меомаданд, дар банди тарма монданд. Ба гуфтаи ӯ, маъмурони наҷот ҳамроҳ бо кормандони ширкати IRS ҳамаи онҳоро аз муҳосираи барфу тарма наҷот дода ва ба самти Айнӣ баргардонданд. Мақомот маҷбур шудаанд, аз ночорӣ даҳҳо мошини боркашро дар дохили нақби Истиқлол нигаҳ доранд.

Мошин дар зери тарма дар роҳи Душанбе-Хуҷанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:17 0:00

“Айни замон 28 мошини боркаш дар дохили нақби Истиқлол ҷой гирифтаанд, чун инҷо ҷойи бехафв аст. Чаҳордаҳ мошини сабукрав дар галереяи дарозтарини роҳ дар ҷойи амн нигаҳ дошта мешаванд.”

Нақби Истиқлол айни замон на фақат ҷойи нигаҳдории мошинҳои боркаш, балки ҷойи нигаҳдории мусофирон, аз ҷумла кӯдаконе шудааст. “Субҳи имрӯз кормандони мо 17 нафарро аз мавзеъҳои хафнок берун оварда ва ба нақби Истиқлол дароварданд ва дар байни онҳо 6 кӯдак низ ҳаст.” –гуфт, Далер Абдуллоев. Ба гуфтаи сухангӯи ширкат, дар дохили нақб ба қадри кофӣ маводи ғизоӣ захира кардаанд, то мусофирони бандмондаро таъмин кунанд.

Бо кӯдаки 8-моҳа омадааст, мепурсем, ки чаро омадед, мегӯяд, ки меҳмонӣ меравам.

Айни замон тарма роҳи Душанбе-Хуҷандро аз чанд қисматаш бастааст ва ҳаракат дар ин роҳи муҳими Тоҷикистон, ки шимолро ба марказ васл мекунад, манъ аст. Умеда Юсупова гуфт, тармаи аз ҳама бузургтар дар 48-умин километри роҳи Душанбе-Чаноқ аст, ки онҷо тармаи азиме роҳро бастааст ва ситоди ҳолатҳои фавқуллода зери раҳбарии мақомоти баландпоя онҷо кор мекунанд. Умеда Юсупова афзуд, ки роҳи дигар ва муҳими кишвар роҳи Душанбе-Хоруғ низ баста аст, чун дар километри 361-ум дар қаламрави ноҳияи Дарвоз як кӯҳпораи азим садди роҳ шудааст.

“Айни замон корҳои таркишӣ ба нақша гирифта шудааст, чун онро бе тарконидан бартараф карда намешавад.”

Умеда Юсупова ба сокинони Тоҷикистон ҳушдор дод, ки дар рӯзҳои оянда аз сафар дар роҳҳои кӯҳӣ ва бахусус Душанбе-Хуҷанд парҳез кунанд. Ӯ гуфт, маҳз нодида гирифтани ҳушдорҳо, сабаби фалокат ва фоҷиа дар роҳи Душанбе-Хуҷанд шудааст. Умеда Юсупова афзуд, бар изофаи онки дар таблои бузурги оғози шоҳроҳ аз хатари тармаш ҳушдор дода шудааст ва ба мардум ҳоло паёмак ҳам мефиристанд, вале теъдоде ин ҳушдорҳоро ба инобат намегиранд.

“Бо кӯдаки 8-моҳа омадааст, мепурсем, ки чаро омадед, мегӯяд, ки меҳмонӣ меравам. Аз ҳамон 80 нафаре, ки ба ҷойи бехафв бурдем, аксарияташон занону кӯдакон буданд.” –гуфт, Умеда Юсупова ва афзуд, дархосташон аз мардум ин аст, ки рӯзҳои оянда аз тариқи ин роҳ сафар накунанд, зеро бо боло рафтани ҳарорат хатари резиши тарма садҳо маротиба зиёдтар шудааст. Роҳи Душанбе-Чаноқ, аз шоҳрагҳои нақлиётии Тоҷикистон ба шумор меравад, чун пойтахти кишварро бо шимоли он мепайвандад. Сар аз 28-уми январ то кунун дар ин роҳ садҳо маротиба тарма рехтааст ва камаш 15 нафар ҷон додаанд.

XS
SM
MD
LG